Бахшҳо
02 июн 2015 17:12Тоҷикистон / Тема дня

Кори беистироҳати Э.Раҳмон дар 8 сол ва ду рухсатии Отамбоев дар 6 моҳ

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ба рухсатии кӯтоҳмуддат рафтааст.

Шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, рухсатии Отамбоев 5-рӯза буда, ӯ ин рӯзҳоро бо аҳли хонаводааш дар Туркия мегузаронад.

Ин бори дувум дар соли 2015 аст, ки Алмосбек Отамбоев ба рухсатӣ меравад. Бори аввал дар моҳи феврал ӯ ба як рухсатии кӯтоҳмуддат рафта буд. Бархе аз расонаҳои русӣ навиштаанд, ки президенти Қирғизистон ин рухсатиро барои табобат гирифтааст.

Рухсатии дуюми Отамбоев дар ним соли охир дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон тайи 7-8 соли охир ба рухсатӣ нарафтааст. “Озодагон” моҳи августи соли гузашта, зимни як назарпурсӣ аз Абдуфаттоҳ Шарифзода пурсид, ки рухсатии меҳнатияшро чӣ гуна ва дар куҷо гузарондааст? Шарифзода посух дод, ба далели он ки Эмомалӣ Раҳмон тайи бештар аз ҳашт соли охир ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст, онҳо низ истироҳат надоранд: “Ёд надорам, ки тӯли 7-8 соли охир ба истироҳат баромада бошам. Зеро чун салоҳияти мо таъмини фаъолияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии раиси ҷумҳури Тоҷикистон асту Ҷаноби олӣ ба рухсатии меҳнатӣ ва истироҳат намераванд, мо ҳам чунин имконро надорем”.
Мӯҳр
Rahim
Oqoi Rahmon niyoz ba istirohat nadorad, zero har ruzi korii u xud yak istirohat ast.

Сафол
Бале, бисёр гизала кор карда истодаед. Умуман худро эхтиёт намекунед. Натичаи коратон баръало маълум аст.... Худи персонажи фильми Иван Васильевич барин: "Все в трудах, в трудах... Вам молоко полагается за вредность...." Акнун, хама якчоя дар гиредам мешуд, чанобон.

Tojik
bechora janob saxt kor mekna))

шахр
хахахаха мардуми мо хичвакт даволни нест. мора мардуми нидаволни меган))), ами отпуска мавзуе хастки шумо бо талху киёна кунен ????

Баъзе ин мансабдорони мо хатто дар мачлисхои хукумати хангоми баромади президент дар телевизор мебини хоб карда истирохат доранд. Дар мачлиси раиси Чумхур ки чунин истирохат кунанд.......
Х,ар руз истирох,ат аст.
Х,ар хафта истирохат аст.
Х,ар мох истирохат аст.
Х,ар сол истирохат аст.
Дилхунам аз чунин мансабдорон.
Мох,и паси абрем.
Мо косаи сабрем.
Ин коса лабризе.

шахрванд
О Чаноби мо хеч ниёз ба рафтани мамолики хорич бараи истирохатро надорад. Дар дохил кишвари азизамон аз бустон сарохои душанбе то дачахои бе мислу монанди дараи варзоб дар ихтиёраш аст. Чи хочат ба як давлати дигар сафар кардан.

малик
миллати киргиз зиндагии шоиста дорад, истехсолот ба по хест, узви паймони бонуфузи хамкорихои иктисодии блоки Руссия, Белорус, Казокистон, Арманистон шуда минтакаи озоди иктисоди, гаштугузори мухочирин дар Руссияву Казикистон бошарафона ва бо иззатона ба рох монда шудааст, Отамбоев пайваста ва босаводона дар шабакахои руси кишварашро сарбаландона муаррифи карда ба суолхои васеии хабарнигорони хоричи ба мисли Путин посух дода метавонад ва рухсатиаш ош шавад. Мо бошем аксариятамон бекорем, адолат нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)