Бахшҳо

Эълони нархи сафари ҳаҷ ва қабули маблағ тавассути "Ориёнбонк"

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон расман нархи сафари имсолаи ҳаҷро эълон кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти кумита, нархи сафари ҳаҷ имсол барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар шудааст.

Кумитаи дин мегӯяд, ин нишондод дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян шудааст. Ин дар ҳолест, ки иштирок дар маросими Ҳаҷ-2014 барои сокинони Тоҷикистон 18 ҳазору 164 сомонӣ хароҷот дошт.

Дафтари матбуоти Кумитаи дин афзудааст, ки имсол қабули маблағ аз зоирини Хонаи Худо аз тариқи нуқтаҳои “Ориёнбонк”, ки раҳбарии онро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, сурат хоҳад гирифт.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Мӯҳр
Нуриддин Якубов
Кумитаи дин- инсони ба балогатрасида аз сини чанд сола метавонад ба ХАЧ равад ?

Нагз агар ба доллар баргардонем аз порсола 70 долар арзонтар ку

О журналистхо нархи долларро хам ба инобат гиред

салим
салом
ин нархгузориҳо барои ҷайби худашон аст наход ки ин қадар гарон хароҷот дошта бошад?!
шиъорашон инаст! гур сузаду лаъл ба даст ояд!!

точик
Хама пулрези ба хисоби хешутабор

Ассалому алейкум бародарони азиз. Ин кумитаи Дин аз Аллох наметарсида боша?Бовар кунен хуни хами хочихои бечорара мемакан ин кадар беинсофи бадам неда.Мардум уча хачкуни мерава на дам гири у мехмонхонахои вохиматон ба хеч кас даркор нест.Ин кадар нарха боло бурден.Як бор мурдантонам фикр кунед.Да уча бечори Хочи на духтура мебинан на дигаша чиба дуруг меген ма хайрон.Хонаи Худоро хам чои бизнес табдил доден.Монед Арабистони Сауъди худуш биёя бара Хочихора.Чиба рози нестен?Сиротон мебуроя барои хаму.Ё Аллох хидоят кун кумитаи Дина ва Муфтии моро

Омузгор
То хач рафта худмона реклама кардана як гушпи ватана обод кардан даркор ба камбагалон ва дармондагон ёри додан даркор аст

Ин тасаввурнопазир аст, ки чи қадар маблағ аз як Тоҷикистони "камбизоат" хориҷ шуда, ба кисаи шайхони миллиардери саудӣ ворид мешавад! Оё ин маблағ наметавонад дар ватан дар роҳи савоб истифода шавад? Оё мардум медонанд, ки бандитҳои ДИИШро маҳз шайхони саудӣ аз ҷумла аз пулҳои ҳоҷиён маблағгузорӣ мекунанд?

Шариф
Чаро нарх боло рафт? Чаро барои ба Макка бурдани хочиёни точик самолётхои Арабистони Сауди ки мебоист имсол муваззаф мешуданд, намеоянд? Дар дигар кишвархо нарх поин шудан дорад дар мо боло рафтан. Масалан дар Россия, Киргизистон, Казокистон ва гайра. Ки гунахкор ??????????????????????

Хочишаванда
Ба хисоби доллари амрикои чи кадар аст? Илтимос хаминро оред.

Дар ислом ХАЧ _5 рукн бошад, Намоз -2 рукн аст чаро то 16 ба масчид рафтаннамемонед ё дар корхонахо намоз гузориданро ман кардед, тоба тоба

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)