Бахшҳо
04 июн 2015 09:59Тоҷикистон / Сиёсат

Кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон тадбири муассири пешгирикунанда аз хатарҳо дониста шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқот бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои СААД-ро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, ин мулоқот субҳи имрӯз, 4 июн дар Душанбе сурат гирифта, дар ҷараёни он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси амалкунандаи СААД гуфтааст: “Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Шӯрои вазирони мудофиаи ин созмон ҳамеша мавриди дастгирии сарони давлатҳо қарор дорад ва мо аз сохторҳои дифоӣ кори бештар сайқалёфтаю ҳамоҳангшударо барои таҳкими амнияту суботи кишварҳоямон мунтазирем”.

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терроризму ифротгароии фаромиллӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои муассири муштарак барои пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ба хусус дар самти ҷануби он низ ба баррасӣ гирифта шуд: “Изҳори бовар карда шуд, ки иҷрои пурра ва босифати қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон яке аз тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолӣ хоҳад буд”.

Вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии худ ба Душанбе омадаанд.
Мӯҳр
Бубинед Президенти мо барои оромии ин чомеаи мо чи талошхо дорад. Ба кадри ин хама талошхо бояд расид.

Чаноби Оли, хотирчамъ бошед, мо хам хамрохи Шумо хастем дар мубориза бо душманони миллату давлати точик

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)