Омӯзгори 57-солаи мактаби ронандагиро дар қаллобӣ муттаҳам мекунанд
Раёсати корҳои дохилии Суғд нисбати омӯзгори яке аз макотиби ронандагии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Муҳсинҷон Юсуфов, корманди дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӣ кормандони милисаи ноҳияи Ҷаббор Расулов муайян намудаанд, ки шаҳрванд Ҳ.А.-и 57-сола, бошандаи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, омӯзгори яке аз макотиби ронандагии ҳамин ноҳия 3 июни соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қ.Ҷ., соли таваллудаш 1986, сокини маҳаллаи Ғӯлакандоз даромада, бо баҳонаи дар оянда сохта додани шаҳодтаномаи ронандагии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ӯ 1000 доллар гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст: “Дар натиҷа ин омӯзгор дастгир гардида, алайҳаш тибқи моддаи 247, қ. 2 – “қаллобӣ”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |