Бахшҳо

“Намешавад, ки пули муҳоҷиронро “хуш омадӣ” гӯему мушкилоташонро - “ҳаволаат ба Худо”

Ҳоло ҳудуди 400 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар рӯйхати мамнуъулвуруд ва раддимарзшудаҳои мақомоти Русия қарор дорад. Раддимарзшудаҳо то 5 сол ва мамнуъулвурудшудаҳо аксаран то 3 сол наметавонанд ба Русия раванд. Гуфтанист, ҳар муҳоҷир ба ҳисоби миёна чор нафари дигарро бояд таъмин намояд. Бо таваҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон пурсид: МУҲОҶИРОНИ РАДДИМАРЗШУДА, БОЯД ЧӢ КОР КУНАНД?


Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос

Ин 400 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ қурбони сиёсат шудаанд ва ин вазифаи сиёсатмадорҳо аст, ки онҳоро бо кор таъмин кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати иқтисодии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ такя мекунад ва он уҳдадор аст, ки мушкилоти шаҳрвандонашро, ки дар Ватан ҷои кор наёфтаанду маҷбур шудаанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, ҳал кунад. Охир намешавад, ки мо пули мефиристодаи онҳоро “хуш омадӣ” гӯему мушкилоташонро - “ҳаволаат ба Худо”. Баъдан, агар ин теъдод мардуми бекор дар Тоҷикистон ризқу рӯзиашонро пайдо карда натавонанду дари Русия низ ба рӯяшон баста бошад, боз ҳам метавонад дарди сари ҳукумат шавад: эмиссарҳои ДИИШ ва дигар ҳаракатҳои тундгаро пайт мепоянд, то ана ҳамин гуна шаҳрвандони норозиро ба сафи худашон ҷалб кунанд. Ин муҳоҷирон ҳамчунин қурбони сиёсати Русия шудаанд, ки аз онҳо ба ҳайси як василаи фишор болои ҳукумати Тоҷикистон барои бор кардани сиёсати интегратсионии худ истифода мекунад. Пӯшида нест, ки лоиҳаи “Иттиҳоди гумрукӣ”-и Русия бештар шеваи сиёсӣ дорад ва барои пиёдасозии он Русия аз ҳама роҳу усулҳо истифода карда истодааст, аз ҷумла аз бастани дар ба рӯи муҳоҷирони корӣ. Пас чӣ бояд кард? Ҳукумат бояд барои шаҳрвандонаш ҷойҳои кории нав эҷод кунад. Ё ҳадди ақал, барои сохтани чунин ҷойҳои корӣ ба соҳибкорон монеа эҷод накунад. Сиёсати рушди соҳибкорӣ, ки чандин сол боз аз минбарҳо мегӯемаш, пеш аз ҳама ба “халос кардани соҳибкорон аз чанголи ҳар гуна “тафтишкунандаҳо” равона шавад. Миқдори кормандони давлатиро кам кунем ва пули сарфашударо барои додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон истифода кунем. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон бояд дар муқобили фишорҳои Русия аз фишангҳои худ истифода барад. Чаро мо наметавонем дар муқобили истифодаи ройгони замини мо барои пойгоҳи ҳарбиаш аз Русия барои муҳоҷирони меҳнатиамон имтиёз талаб кунем? Ё чаро мо наметавонем аз Маскав талаб кунем, ки ҳуқуқи шаҳрвандони мо тибқи қонунҳои байналхалқӣ риоя шавад? Чӣ, магар Русия узви ҷомеаи ҷаҳонӣ нест? Метавонем! Танҳо ҳаққи худро талаб кардан даркор.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия

Дар дунё давлатҳои аз нигоҳи масоҳат кӯчактар аз Точикистон ҳастанд, ки аҳолияшон ба маротиб аз Тоҷикистон зиёдтар аст. Аммо, ҳукуматҳои онҳо дар фикри ба муҳоҷират фиристодани шаҳрвандонашон нестанд. Баръакс, муҷоҷир даъват мекунанд. Масалан, Кореяи Ҷанубӣ, ки баъди ҷанги шаҳрвандияш дар миёнаи асри гузашта, дар муҳлати 15-20 сол давлати пешрафтаи дунё шуд. Ҳоло ин кишвари пешрафтаи ҷаҳон масоҳати аз Тоҷкистон камтар дораду аҳолияш чанд маротиба зиёд. Ё Сингапурро бигиред, ки ҳатто оби нушокиро мехарад. Чунин мисолҳо зиёданд. Чаро Ҳукумати Тоҷикистон фикри ташкили ҷойҳои кор дар Ватан накунаду роҳи дигари ҳиҷрати тоҷиконро ҷӯяд?! Магар тоҷикон яке аз миллатҳои таърихӣ нестанд? Як вожаи илмӣ аст -"сублимация". Чун аз уҳдаи кори асосӣ набаромадӣ, тамоми қувваро ба кори дигар сарф мекунӣ. Бояд дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ сохт.

Зафар ҚУРБОНОВ, ҳуқуқшинос

Пушти ин 400 ҳазор боз мумкин ҳудуди беш аз як миллиони дигар аз хонаводаашон, ки аз ҳисоби кори онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ рӯз мегузарониданд, қарор дошта бошад. Агар ба ҳисоб гирем, ҳар яки ин агар 4 фарзандӣ ё дар оилаашон 4 нонхӯри дигар дошта бошанд, ин бештар аз як миллион мешавад. Аз ҳама беҳтараш бояд ҳукумат ҷойҳои корӣ дар Ватанро барои на танҳо муҳоҷирони депортшуда, балки барои кулли шаҳрвандони кишвар таъмин намояд. Масъалаи мушкилоти муҳочират на танҳо хоси мамлакати мост, балки тамоми дунё ба ин мушкил мувоҷеҳ аст. Дар баробари таъмини ҷойҳои корӣ ҳукумат бояд роҳҳои алтернативии муҳоҷиратро дар дигар кишварҳо биҷӯяд. Маълум аст, ки маблағи ирсолмекардаи муҳоҷирон чандин миллионро ташкил менамояд. Ҳукумат бояд сари ин масъала ҷиддӣ фикр карда, ҷиддӣ чораҷӯ бошад. Яке аз масоили муҳими муҳоҷират, ин таъмини хуқуқҳои муҳоҷирон, бехатарии меҳнат, бехатарии ҳаёт ва саломатии онҳо мебошад, ки сари ин масъала танҳо Ҳукумат метавонад чораандешӣ намояд. Масъалаи асосӣ ин ҳаёт ва саломатии муҳоҷирон аст, зеро маълум аст, ки чи қадар тобутҳои бародарон ва ё хоҳарони мо аз кишвари Русия ба Ватан меояд, ҳамаи онҳо волидайн, зану фарзанд ва хоҳару бародар доранд. Ба фикри ман ҳукумат масъалаи муҳоҷиратро бояд дар сатҳи дигар давлатҳо ба роҳ монад, алалхусус кишварҳои ғарбӣ, кишварҳои Осиёӣ, назири Индонезия, Малайзия ва ғайра.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ

Ҳукумати Тоҷикистон албатта дар ҷустуҷӯи ҳалли ин масъала буд ва ҳаст. Ва албатта аз тамоми роҳҳо истифода хоҳад кард, то зарар ба мардум камтар расад. Аз ҳама муҳимаш гуфтушунидҳо бо сохторҳои дахлдори Русия давом доранд ва албатта роҳҳои беҳтарини ҳалли масъала дарёфт хоҳанд шуд. Ҳоло бо Қазокистон ва Кореяи Ҷанубӣ низ оиди дигар кардани самти муҳоҷират гуфтушунид рафта истодааст. Вале дар маҷмӯъ мо манфиатдори ба дигар кишварҳо кӯч бастани мардуми худ нестем. Аз ин сабаб президенти кишварамон дар назди мақомоти давлатӣ вазифа гузоштаанд, ки бояд ҳар чи бештар ҷойҳои кории шоиста барои мардум ба вуҷуд биёранд.

Абдуазим АБДУВАҲҲОБ, рӯзноманигор:

Агар ман ҳам ба ҷои яке аз муҳоҷирони корие, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд мебудам, ростӣ намедонистам, чи кор кунам. Коре карда баргашта ба Русия мерафтам. Мумкин шиносномаам, ному насабамро иваз мекардам. Зеро дақиқ аст, ки Ҳукумат муҳоҷиронро бо ҷои кори сазовор дар дохил таъмин карда наметавонад. Инчунин, ҳеч талоше ҳам надорад, ки барои муҳоҷирон, ки бори аслии иқтисод ба дӯши онҳост, бозори навро ёбад. Мисли қазоқҳо дари Кореяи ҷанубиро кӯбад ё ба кишварҳои дигар равад. Ҳамчун як шаҳрванд аз Сумангул Тағойзода, ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мебошад, дар ин самт ҳеч интизорие надорам. Он кас бо Константин Ромодановский, сарвари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия забон ёфта наметавонанд, асло бо дигар кишварҳо ҳам забон нахоҳанд ёфт.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос

Маслиҳат додан кори саҳл аст, вале касе метавонад маслиҳати муфид диҳад, ки худро дар пӯсти он бечораҳо боре эҳсос карда бошад. Афсонаҳои ташкили чандин ҳазор ҷойи кор дар Тоҷикистонро канор гузорем. Чанд нафар маслиҳат дода буданд, ки ба коркарди замин дар Тоҷикистон машғул шаванд ё ба кишварҳои аврупоӣ бираванд. Аммо он муҳоҷири бечора барои коркарди замин маблағро аз куҷо пайдо кунад? Дар мо ки ақалан мисли ҳамон Русия барномаи дастгирии кишоварз нест ё субсидия намедиҳанд. Баъдан барои коркарди замин дар Тоҷикистон маблағи зиёд лозим аст, ки муҳоҷир барои иваз кардани шуғли мардикорӣ ба кишоварзӣ дар Тоҷикистон бояд ҳадди ақал ду сол дар Русия пул ҷамъ кунад. Ё рафтан ба кишварҳои Аврупо. Бе кумаки давлат (ки умеде нест) дар муддати наздик ин кор ғайриимкон аст. Чун аввал бояд забон донӣ. Баъдан ҳадди ақал барои визаю чиптаву чанд рӯз истиқомат 1500 доллар дошта бошӣ. 1500 доллар 80000 рубл мешавад, ки ҳадди миёнаи маблағест, ки як муҳоҷир бо худ меорад. Рости гап, аз маслиҳат додан хиҷолат мекашам, чун боре ҳам муҳоҷири меҳнатӣ набудаам. Ба Ҳукумат маслиҳат додан осонтар аст, ки бо муҳоҷирони ихроҷшуда бояд чӣ кор кунад. Аммо умеди фоидае нест. Ба назари банда сабуктарин роҳ барои ин 400000 (ҳарчанд ба гумонам ин рақам каме муболиға аст) рафтан ба кишваре мисли Туркия аст. Чун виза лозим нест, наздиктар аст, ҳамдинанд ва аксари тоҷикон, ки забони ӯзбакиро балад ҳастанд, туркиро зуд ёд мегиранд. Баъдан бояд ҳарчӣ зудтар ба омӯзиши забони англисӣ оғоз кунанд. Аз таҷрубаи имрӯзаи худам мегӯям, ки ҳарчӣ сареътар бояд забон омӯзанд. Аз ҷиҳати дигар, ҳарчанд имрӯз мушкил аст, аммо дар оянда ин мушкилот чанд фоида меорад. Аввал мардум маҷбур мешавад, дар кишварҳои дигар ҷои по пайдо кунад ва мо аз вобастагӣ ба пулу иқтисоди русӣ озодтар мешавем. Дуввум, бо зиёдшавии сатҳи ҷинояткорӣ ва норизоӣ давлат маҷбур мешавад, барои ҷои кор пайдо кардан ба ин гурӯҳи бузург муборизаро бо фасод қавитар кунад. Саввум, худи мардум маҷбур мешавад, роҳҳои дигари даромадро ҷуз ғуломи русҳо будан пайдо кунад.

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия

Аслан ин мушкил танҳо барномаҳои амалӣ мехоҳад ва боварӣ дорам, ки мақомоти Тоҷикистон, ки бозингари асосии ин падида ҳастанд, аз “дар ҳолати муҳосира” будани Тоҷикистон бохабаранд ва ин гуна барнома доранд. Ва ин ҷо пеш аз ҳама мақомот агар ҳолати фавқулодда эълон ҳам накунанд, бояд ҳолати буҳрониро, ки мардум солҳо боз зиндагӣ доранд, эътироф кунанд ва аз паси шиорҳо ва идеологияҳои обшуста берун шуда бевосита воқеиятро дар якҷояги бо мардум рӯ ба рӯ шаванд. Имрӯз давлат бояд аз он амалдорон, ки ҳамчун зархарид барои миллат кор мекунанд, худро озод карда тавонад. Яъне, фазоеро ташкил карда тавонанд, ки он ҷо имон ба қонун ва ба ҳақиқати ин миллат ва ин чунин боварӣ ба якдигар вуҷуд дошта бошад, ки имон ва боварӣ устухонҳои ҷомеаи солиманд. Фикр мекунам, агар мақомот ҷавобагриро воқеан ба гардан гирифта, амал кунанд дар ин фурсат бо мардум забон ёфтан ва ин мушкилотро пушти сар кардан мумкин аст. Забон ёфтан, яъне то чи қадар имкон, ки бошад аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ кардани қишрҳои заифтарини ҷомеа ва барқарор кардани бехатарии иҷтимоӣ ва бехатарии вуҷудии мардум аст.
Мӯҳр
mehmonsho
.... аз паси шиорҳо ва идеологияҳои обшуста берун шуда бевосита воқеиятро бо мардум рӯ ба рӯ кунанд.
Хонда шавад!)))
... аз паси шиорҳо ва идеологияҳои обшуста берун шуда бевосита воқеиятро дар якҷояги бо мардум рӯ ба рӯ шаванд.

ман як шахрванди оди пат пати бехудаи ин коршиносонро нахондам вале медонам чи мегуянд кадомаш
сер парвои гушна дорад
маколи халки

Хади акал мурдахояшонро
Арзонтар баред ба Ватан.
То кай Изат Амон фаред
занад .

Muhojir
Sayfulo Safarov... nazdi mardum bo inguna drugho jawob xohed guft az on jumla markazi tadqiqoti strategi ki mahz fazifai shumost ki rohi halro paydo kuned wale shumo to imruz nakarded wa naxohed kard...

Модоме Русия ҳамвора аз муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун фишанги сиёсӣ зидди Тоҷикистон истифода мебарад, пас, ба кӣ даркор ин хел "ҳамкори стратегӣ"? Мо бояд қартаи худро кушоем. сараввал аз тадриси забони русӣ ақаллан дар баъзе макотиб даст кашида, ин соатҳоро барои мустаҳакам кардани забони англисӣ истифода кунем. Магар ба талабагон ҷабр нест, ки ду забони хориҷӣ меомӯзанд? Мо хоҳем, нахоҳем, русӣ ҳам забони хориҷӣ ҳисоб мешавад, боз забони хеле душвори хориқӣ. Системаи ҷинсу падежи мушкил дорад. Чаро бояд ба ин забон имтиёз дода шавад, вақтеки соҳибони он нисбати тоҷикон ва Тоҷикистон беҳурматиҳои зиёд мекунанд. Агар тоҷикон умдатан англисӣ ва арабиро хуб балад мебуданд, бемалол дар Аморат ё дигар кишварҳои англисзабон кор пайдо мекарданд. Вале бадбахтӣ дар он аст, ки аксари мардуми мо ба илму донишандӯзӣ майл надоранд. Мактаби миёнаро аксар шогирдон бо баҳои наздик ба 3 хатм карда, барои аробакашӣ роҳи Русияро мегиранд. Оё тоҷикон медонанд, ки иморатҳои осмонхароши Дубайро миллати ҳинду, бангладешӣ ва покистониҳо месозанд? Чаро? Зеро англисиро медонанд. Онҷо касе онҳоро на таъна мезанаду на таъқиб мекунад. Дар Дубай аз миллати бумӣ дида хориҷиён зиёданд, аксариятро ташкил мекунанд. Магар тоҷикон наметавонанд онҷо ҷойи худро пайдо кунанд? Метавонанд, агар кӯшиш кунанд. Мо кай дарк мекунем, ки забони англисӣ кайҳо забони тамоми дунё гаштааст? Гарчи дер ҳам шуда бошад, бояд дар ин самти омӯзиши забони англисӣ дар макотиби миёна ва олӣ ҳарчи зудтар тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад, ин кор танҳо ба манфиати миллати тоҷик хоҳад буд.
Вале шаҳрвандони хешро дар Ватан, назди зану бачаҳояшон, бо кор таъмин кардан вазифаи муқаддаси ҳукумат аст, наинки онҳоро иҷборӣ ба хориҷ тела дода, "рав мардикорӣ бикун" ё "ному насабатро тоҷикӣ мекунӣ? Пас ба Русия рафта наметонӣ, аз айрапорт мегардонанут!"(ОВИР) бигӯем. Бояд фаромӯш накунем, ки "ҲАР КАС ДАР ВАТАНИ ХУД ШОҲ АСТ!" Сад сол дар хориҷ гардӣ, боз ҳамон хориҷӣ ҳисоб мешавӣ. Мо бояд Ватани худро обод кунем, на ватани дигаронро. Дар ин бора коршиносон дар боло хеле суханони хуб гуфтаанд.

Танхо ЯК нафар -ПРЕЗИДЕНТ наметонад хамаи проблемахоро хал намояд, агар дар гирду атрофуш Сайфулло Сафаровхою Сумангул Тагоевахои зиёд бошанду ба УМЕДИ ЧАНОБИ ОЛИ шинанд , Точикистон боз 25 соли дигар дар як чо(гил) мемонаду пеш намеравад...
Худовандо! мухочири бечораро аз хамаи МУШКИЛХО эмин нигох дор, ОМИН, омин, ооомммиииннн!!!!!

хайфи миллати хори точикам!!!! миллати моро хор карданд......

орипов
15-16 сол шудааст падарам дар мулки бегонае аст аз барои оне ки нони хурдан ёбем!!!кани он цойи коре ки омада кор кунаду маблаги хубе гирад охир вай хам меденистут хондаги врач трапея мебошад лекин аз ноилоч то индам дар маскав аст...сад хайфи хаминхел сарзамини зебое ки давлатдоронаш фахмише аз дарди милати хору дарбадараш надоранд... Хурдану хоб кардан ин одати хамешагии инхост--худоё панох талаб мекунем-ояндаи ман чи мешида бошад манки холо 1-курс политехники мехонам

15-16 сол шудааст падарам дар мулки бегонае аст аз барои оне ки нони хурдан ёбем!!!кани он цойи коре ки омада кор кунаду маблаги хубе гирад охир вай хам меденистут хондаги врач трапея мебошад лекин аз ноилоч то индам дар маскав аст...сад хайфи хаминхел сарзамини зебое ки давлатдоронаш фахмише аз дарди милати хору дарбадараш надоранд... Хурдану хоб кардан ин одати хамешагии инхост--худоё панох талаб мекунем-ояндаи ман чи мешида бошад манки холо 1-курс политехники мехонам

Сайфулло САФАРОВ, пешниход кунед, лоакал бочи гумрукиро барои ворид намудани тачхизоти корхонахо аз байн бардоред. Сохибкор аз бонк карз мегирад, аз хорича дар 400 хазор доллар станок меорад, ки дар ватан корхона созад, пратсентхо рафта истодаанд, ин вакт дар гумрук боз аз вай 90 хазор доллар боч талаб карда мегиранд. Ки станок даровардан мехохад дар чунин шароит? Факат онхое, ки парлумон бе боч даровардани махсулотро ичозаашон медихад.

Мастон
Аввалин бор мебинам, ки бо кадре камам хам бошад матрахкунандагони ин мавзу, сиёсатро як тараф партофта ба халли масълаи мазкур дар доираи фахмиш, тасавуроти хеш барои халли раванди идораи дурусту самараноки мухочирати мехнати тавсияхо додан кушиш карданд. Агар мо дар вакти тахлили масълахои дар чаъмият буда холисона , бо дилу нияти нек, дар заминаи шуури касбии сохави бахо дихем, тараккиёти давлати мо аз Кореяи Чануби, Сингапур мегузарад. Вакте буд мо нигини чахон будем. Сарфарозии мо он вакт аз шуури созандаамон бармеомад.

Набояд фаромӯш кард, ки куҷое ҷойи холӣ монд, онро фавран касе мегирад. Қонунҳои иҷтимоӣ ҳам ҳамин хел аст. Модоме ҷавонон бесару сомон ва бесавод монданд, касе ё тудае онҳоро ба тарафи худ ҷалб мекунад. Бекорӣ ва бесаводӣ, бухусус дарбадарӣ, барои гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноӣ (бандитҳо, рэкет) ба мисли як хазина аст, "медароянду зару зеварро бардошта мераванд". Чаро замони Шӯравӣ ҷавонон ба дин ба дараҷаи фанатизм майл надоштанд? Зеро ҳама машғули кор ва омӯзиш буданд. Ҳеҷ кас бекор намегашт. Он вақт ҳам касе мехост, намоз мехонд, рӯза мегирифт, расму русуми исломиро баҷо меовард. Одамон покиза ва бе ришвадиҳи ва ришвагирӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳоло бубинед, оё ришва надода, ягон корро буд кардан мумкин аст? Ҳатто дар поликлиника ду варақ қоғазро бо ному насабатон пур мекунанду, 3 сомонӣ те, мегӯянд. Магар ин камбудӣ нест? Камбудии ҷиддӣ аст. Рӯҳониён аз ҳамин қабил камбудиҳо дар таблиғоти хеш моҳирона истифода мебаранд. Ба мисли, "агар давлати исломӣ мебуд, фалону фалон корҳо намебуданд." Онҳо намегуянд, ки дар давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрико ришвахӯрӣ ҷинояти бузург ҳисоб мешавад ва коратро бе ришва ва шиносбозӣ бемалол анҷом медиҳӣ. Ин хел мисолҳо бисёранд. Аз ин хотир, агар мо хоҳем, ки ҷавонон бо кори дунё машғул шаванд, арзишҳои дунёро эҳтиром кунанд, ба ҳар тараф накалаванд, бояд ба онҳо шароити кор, маоши муносиб, фароғати муносиб муҳайё кунем. Он вақт касе барои ДИИШ барон гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноӣ ҷони ширини хешро қурбон нахоҳад кард.

Cабаби асли як аст! Дур шудани чомеа аз Курону Сунат.

Салмон
Аксар нисбати ин масъала суханх,ои хуб гуфтанд , хусусан дустам Юсуф. Ман бадбахтиро аз далеру шуч,о набудани худи мух,оч,ирони точ,ик мебинам. Ман худ зиеда аз 20 сол ба мух,оч,ират рафту омад дорам. Аксари мух,оч,ирони точ,ик аз дидани Полиси рус "ч,,он аз дасту пояшон мебарояд..." Дар яке аз фурудгох,и Русия х,одисаеро дидам , ки кормандони Полис точ,иконро ( зиеда аз 50 нафар ) мисли " гусфанд " дар кунч,и зали калон нигох, дошта , аз онх,о талаб доштанд , ки барои рах,ои ефтан ва ба самолети самти Точ,икистон нишастан , бояд 1000 рубли пардохт кунанд. Албатта ман барои х,имояи х,ук,ук,х,ои онх,о дахолат кардам ва х,атто Сардори фурудгох, ва навбатдори он бо талаб ва даъвои ман х,озир шуданд ва хуллас ман х,амаи мух,оч,ирони точ,икро бе ягон маблаг рах,о кардам. Баъд аз ин , х,ам дар Фурудгох, ва х,ам дар Самолет , ки самти Точ,икистон парвоз мекард , хох,иш кардам , ки ба номи ман нисбати рафтори кормандони Полис аризаи шикояти нависанд то , ки аз бозгашт ба Русия ман кормандони Полисро тарик,и Суд ба ч,авобгари кашам. Бадбахтона ягон мух,оч,ир ч,уръат накард , ки аризаи шикояти нависад. Бо чунин мух,оч,ирони точ,ики нотифок,у тарсончак чи кор мекунем ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)