Бахшҳо

Ҷаласаи Шӯрои уламо барои муайян кардани моҳи Рамазон

Аъзои Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягонаи ниҳоди расмии содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон барои муайян кардани фарорасии нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар кишвар гирдиҳам меоянд.

Тавре аз Маркази исломии Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар доданд, ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо рӯзи панҷшанбеи 11 июн дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, қарор аст, дар ин ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ фарорасии нахустин рӯзи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ва миқдори садақаи фитр муайян шавад.

Ба қавли масъулини шӯро, дар назди Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои муайян кардани моҳи Рамазон ва рӯзҳои ид дар кишвар комиссияе таъсис ёфтааст: “Роҳбарии комиссияи мазкурро муовини аввали раиси Маркази исломӣ Саидов Абдулбасир бар дӯш дошта, ба ҳайъати он уламои маъруф, мутахассисони варзида шомиланд. Комиссия дар муайянсозии вақтҳои дақиқ бо олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд”.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
ХНИТ боз норозигиашро сар мекунад. Хар сол хамин, дигар кор надорад.

Антиараб
Ман аминам, ки дар фасли гармо рост омадани мохи рамазон 90%-и "мусулмон"-хоро ба ташвиш овардааст. Онхо аз шарми хамсояхо, дустон, наздикон ва мардуми гуё "мусулмон" руза медоранду дар дил арабхоро ба ин балои ба мардуми точик зуран бор кардаашон нафрат мехонанд. 10% онхоеянд, ки дар хакикат худотарсанд.

Sultanich
Антиараб,
Цитата: Антиараб
Ман аминам, ки дар фасли гармо рост омадани мохи рамазон 90%-и "мусулмон"-хоро ба ташвиш овардааст. Онхо аз шарми хамсояхо, дустон, наздикон ва мардуми гуё "мусулмон" руза медоранду дар дил арабхоро ба ин балои ба мардуми точик зуран бор кардаашон нафрат мехонанд. 10% онхоеянд, ки дар хакикат худотарсанд.

Ту вз кучо медони дили мардумро? Ба гуфти русхо "по себе людей не судят!". Рузадори барои мусалмонхо аст, на барои арабхо ё дигар миллат. Ки ба сари точик зуран бор кард? Намехохи, рузадори накн, дар пешгои Худо чавоб метиш!

Сафарбой
Муфтиети Россия алакай эълон дошта , ки 18 июл рузи аввали мохи рамазон аст ..фитрро хам табакабанди карданд..
дар мо то 11 гуфта мешинанд..хар сол як руз кафо мемонем ..

Антиараб
Ба Султанич!
Ман ба 10 нафар савол кардам, ки чаро руза мегиред? 9 нафарашон гуфтанд, ки агар руза надорем айб аст. аз хамкорон, хамсояхо, ахли оила, наздикон ва гайра. Танхо 1 нафар гуфт, ки ин яке аз фарзхои дини ислом аст.
Бовар надори ин саволро ту хам такрор намо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)