Бахшҳо

Дар 16 сол тоҷикон дар Қирғизистон 7538 нафар зиёд шудаанд

Бино ба гузориши ахири Кумитаи омори Қирғизистон нуфуси тоҷикон дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Ин ниҳод гуфтааст, соли равон аз охирин нуфусшуморӣ дар ин кишвар 16 сол сипарӣ шуд ва дар ин давом теъдоди тоҷикон аз 42 ҳазору 636 ба 50 ҳазору 174 нафар расидаанд.

Ба иттилои Кумитаи омор дар ин давом шумораи узбакҳо, дунганҳо, уйғурҳо, туркҳо, озарбойҷонҳо ва туркманҳо низ афзоиш ёфтааст: “Шумораи узбакҳо аз 664 ҳазору 950 нафари соли 1999 ба 836 ҳазору 65 нафар расид. Дунганҳо аз 51 ҳазору 766 ба 64 ҳазору 565 нафар ва уйғурҳо аз 46 ҳазору 944 нафар то 52 ҳазору 456 нафар расидаанд”.

Тибқи омор, дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон намояндагони 29 миллат ва 40 ҳазору 545 шаҳрванди дигар қавмиятҳо зиндагӣ мекунанд. Манбаъ мегӯяд, дар ин 16 сол ҷамъяити кишвар як миллион бештар шудааст. Ба ҳисоби ин ниҳод, соли 2014 шумораи аҳолии Қирғизистон ба 5 миллтону 776 ҳазор расидааст. Шумораи миллати бартар, яъне қирғизҳо, дар тӯли 16 сол аз 3 миллиону 128 ҳазору 147 нафар ба 4 миллиону 193 ҳазору 850 нафар зиёд шудааст. Бо вуҷуди ин шумораи русҳо, украиниҳо, олмонниҳо, қазоқҳо, арманҳо, чеченҳо, татарҳо ва дигар миллатҳо кам шудааст. Шумораи русҳо, ки дар соли 1999-ум 603 ҳазору 201 нафар будааст, соли 2014-ум ба 939 нафар поин омадааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)