Бахшҳо

Даргузашти Сорбони маъюб, ки барои ҷарроҳӣ кумак мехост (ВИДЕО)

Сорбон Саидзода, сокинони 14-солаи шаҳри Норак, ки барои ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳояш аз ҳамватанони худ кӯмак хоста буд, дар беморхона аз олам даргузаштааст.

Алӣ Саидзода, падари Сорбон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш тахминан соати 4-и субҳи 8 июн дар бемерхонаи “Шаҳраки тиббӣ”-и шаҳри Душанбе ҷон додааст. Ба гуфтаи Саидзода, ҷанозаи Сорбони 14-сола дирӯз дар зодгоҳаш шаҳри Норак ба хок супорида шуд.

Падари Сорбон мегӯяд, азбаски хонаводаи онҳо бо мушкили молию шароити пасти иқтисодӣ рӯбарӯ буд, натавонистанд, сари вақт ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳои писарашро анҷом диҳанд.

Ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳои Сорбонро табибон ҳудуди 48820 сомонӣ гуфта будаанд. Саидзода Алӣ охирҳои моҳи май ба “Озодагон” муроҷиат кард ва аз мардуми саховатманд хост, барои наҷоти фарзандаш кӯмак намоянд. Он вақт ӯ гуфт, соҳиби 5 фарзанд буда, зиндагиаш ниҳоят вазнин аст: “Тӯли солҳои зиёд дар Русия кор мекардам, аммо номам ба рӯйхати афроди мамнуъулвуруд афтидааст, то соли 2016 аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрумам. Ҳоло дар ҳар куҷо мардикорӣ мекунам, ҳатто хона надорам, иҷора мешинам”.

Табибон гуфтаанд, бо гузаронидани ҷарроҳии пайвандсозии гурдаҳо писараш ҳатман шифо меёбад: “Бинобар ҳамин аз кулли шаҳрвандони тавонманду саховатманд ва ташкилоту муассисаҳои хайрхоҳ барои муолиҷаи писарам кӯмак мехоҳам. Дигар зӯрам барои табобат намерасад, ҳама дороиамро сарф кардам, дигар илоҷ надорам. Кӯмакам кунед!”.

ВИДЕОи кумакхоҳии падари Сорбон


Мӯҳр
Салом.... sad Чоят чаннат бошад Сорбончон. Барои падару модар аз даст додани фарзанд бисер азоби сахту дарднок аст. Ба падару модари Сорбончон сабри чамилро хохонам.

Инна лиллахи ва инна илайхи рочиун!!! Ба номи худо, чигари инсон барои ин кудак месузад. Равонат шод бод, додаракам! Ба падару модари мархум сабри чамил хохонам. Худовандо, фарзандони ин миллатро дар панохат нигах бидор!!! Хеле сахт аст...., хеле...

Хаким
Чигаром сухт аз гама. Эх худои бузург, барои чи ин кадар конунхои "ноадолатона" дорй? Яке бо автомобилхою хонахои дакаданг парвои дунё надораду як камбагала чизи аз хама мукаддас: ФАРЗАНДаша мегирй....барои чй ????? барои чй?....(((((((

posuh ba hakim
HAKIMJON TU SUHANE ZADI KI AZ ON HUDAT BEHABAR HASTI PARVARDIGORI BUZURG YAGON QONUNE NADORAD GAYRI ODILONA BOSHAD BALKI HAMAI AMALHOVU HODISAHOEKI DAR KAVN RUH MEDIHAD BO HIKMAT VA ADLI U TAOLO MEBOSHAD, BOYAD HAR OKIL PESH AZ SUHAN ZADAN ANDESHA KUNAD KI CHI MEGUYAD, VA IN FAVTI KUDAK DASTGIRI PADARU MODARI HESH MESHAVAD, DAR IN HOLAT MASULON BOYAD HUDRO BO TANQISI HIS KUNAND KI, DASTI MADAD BA IN KUDAK NAKARDAAND

Хаким, инно ли лохи ва инно илайхи рочиун худованд рахмату магфираташ кунад ва ба наздиконаш сабри чамил ато кумад.
Э Хакими бемоя оё бори аввал шуниди ки фарзанди одам мемирад ё хаёл карди ки марг аз чавонию пири вобастаги дорад ё фикр мекуни ки касе сарвату дороию мошин дорад марг ба у намерасад , ох хо .. Холо надидай Баъзе холатхо ба сангинтарин мусибадтарин фочеаи дахшатбор марг онхоро гофилгир мекунад ки хеч касу хеч чиз коре карда наметавонад. Як бор хуб андеша кун. О ин як имтихони илохист бар сари хама меоя инсон бояд дар хар холате омода бошад сабру шукрона дошта бошад. Ту мегюй ки чигарм сухт аз гама, о ту аз кучо медони ки фардо рузи киёмат бо сабаби ин мусибат ачри азими хурсанд кунанд барои волидайнаш бошад. "Аммо дар мавриди эътирози ту " Аввал он ки иблис ба хотири этирозаш ки оташро бехтар аз хок медонист, ва одамро аз худ бехтар донистани худоро як навъ беадолати хисоб мекард ва аз ин лихоз аз фармони худо бо нишони этироз аз сачдаи одам сарпечи кард ва ба лаънати илохи гирифтор шуду аз макомаш ронда шуд ва унвони рачимро гирифт. Бидон ки дар баробари хукми худованд норозигию эътироз куфрасту инсон аз дин хорич мешавад, сайъ кун аз ин чумла набоши ва ба худ номи рачимро касп накуни! Дувум он ки истигфор кун ва аз худо пузиш бипурс ! Худованд гаффуру рахимааст туро мебахшад ва ба ин васила шояд хидояту начот ёби ва ило пушаймо нашуди барнагашти ба суй худо аз руй хамун адолатуш ба ту рафтор кунад медони бо ин маъсияту гунохе ки дори подоши хаминихора тахамул надори, чикад сахтаст вакто ки худованд рахматашро бардорад бо ту аз руй аъмолат муомила кунад он вакт халок (дар хеч коре мувафак нахохи шуд аз дунё бо хорию зори бе дин мерави ) хохи шуд ки сарнавишти бади аст худованд дергирасту аммо хеле сахгир.

Инно лиЛЛОҲ ва инно ъилайҳи роҷиун. Албатта Аллоҳ барои ин бандааш ҳаминқадар умр насиб дидааст. Аз қазои Илоҳӣ гурез нест!!! Вале эй сарватмандоне ки бо роҳи чапу рост соҳиби сарват шудед оё ҳамин маблағ барои Шумо миёншикан буд!!?? Оё бовар надоред ки рузе Шуморо дар пеш ҳаст ки соҳиби олами ҳастӣ Аллоҳ аз ҳар сумми доштаатон мепурсад, аз куҷо пайдош кардеду ба куҷо сарф кардед??? Барои худнамои ва барои корҳое ки ҳеҷ манфиате на ба худатон дорад ва на ба халқуллоҳ чи маблағҳоеро сарф намекунед, оё аз Аллоҳ шарм намедоред. Эй касоне ки бо маблағҳои ҳангуфт дар дарраҳо бӯстонсароҳо сохтед, оё наметавонистед ба чунин шахсони воқеъан ҳам мӯҳтоҷ кумак кунед??? Битарсед аз Аллоҳ ки тамоми амали мову Шумо назди ҳукумати Ӯ пинҳон нест!!!!! Шарм доред ки дар Ватан мӯҳтоҷоне бошанд, чашмашон барои чор танга чор аст вале Шумо бехирадон имрӯзҳо чи маблағҳоеро обу хок мекунед. Ҳатман назди Аллоҳ меравед ва Ӯ аз ин амалатон Шуморо суол мекунад ва онрӯз ҷавобе надоред ҷуз шармандагӣ!!!!!!!!!
Аллоҳ тамоми муҳтоҷонро худаш кумак кунад.

Марвачон
Валохи чигари кас месузад.Хайронам кучост он касоне ки дар иду арафа дар пеши Чаноби Оли ва телевизор худро нишон медиханд ки ба ину ончо ердам менамоянд.Марди ин буд ки дасти ин мардро мегирифтед.Худованд ба Шумо бародар сабр дихад ва Сорбончонро рахмат намояд Омин

Хаким бародар тавба кун зеро мо имон ба такдири неки ва бади овардаем.Хар чизе бар сарамон меояд аз тарафи парвардигор аст .пас мо шукр гузор бошем.хамаи мо миранда хастем

Ино Лиллохи Ва но Илайхи Рочиуън,Аллох рахмату магфират кунад ин додарчона ин чигарбанди падару модара,Худованд сабр тияд бар ин бародар,дар ин мусибати вазнине ки болошон омадаст,хар як тамон фаромуш накунем ки Худованд метонист ин мусибата болои мо биёрад, Аллохро шукр гузор бошед бо ин кадар неъматхое ки ба мо арзони кардаст,ва ба кадри имкон дастгири кунед бечораву камбагалона,як хикмати закот хам хамин аст ки мардум камбагал худшона ночор хич накунан ва барои дорандагон фарз гардонит закотро ,иншоаллох ризки одамизот азалист аз чониби Парвардигор ва ин закотхам як санчиши Илохист ,хар як тамон хамавакт дар ед дошта бошем ки Худованд метонист и мусибати вазнини болои мо биёрад,хамавакт дастгири якдигар бошед Муъмин бародари Муъмин аст...Иншоллох Бародари азиз туи арусиша хамрохи модаруш дар чаннат мекуни,..... Иншоаллох Сорбончон рузи киёмат дари чанната мегираду ба Парвардигор мегад ки ма чаннат намедаром то падару модари мана чаннат надарори дар дунё ки мана аз уно чудо карди ин чо моро якчо кун.Фарзанди хурдсол иншоаллох шафоаткунандаи падару модаршай дар чаннат

е Аллох худат окили мо хечем дар пеши ту!!!

Точик
Муслих,
ин кадар афсонаи дараз навишти худро гам дода! Хаким рост мегуяд, наход худо гайр аз тамошо кардани гаму кулфати мазлумон дигар коре надошта бошад! Магар у чунин берахм аст? Афсонахониро бас куну аклатро кор бифармо! Холо асри 6 нест, мардумро чашмаш кушода шуда истодааст. Дигар ба афсонахои шумо камтар бовар мекунад

Yaman,
э неки гузарондида! Мо хеч гуфта гарди ба кучое намераси! Гарб имруз пагох инсони сунъи месозад ману ту холо хам ба афсонахои муллову араб гуш дода гаштаем. Хайфм миллат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)