Бахшҳо

HRW хостори баррасии қазияи Шуҳрат Қудратову Зайд Саидов аз Пан Ги Мун шуд

Human Rights Watch ё Созмони дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, сафари дабири кулли СММ -- Пан Ги Мун ба Осиёи Марказӣ фурсати калидии нигаронӣ аз масъалаи ҳуқуқи башар дар тамоми ин қаламрав аст.

Ин созмон мегӯяд, қабл аз сафари Пан Ги Мун ба Осиёи Миёна тафоҳумномаеро таслими ӯ кардааст, ки дар он ба ҳавзаҳои мавриди нигаронӣ ишора мешавад. Аз дабири кулли СММ хоста шуда, нигарониҳоро бо давлатмардони кишварҳои Осиёи Миёна дар миён гузорад.

Таъқиби сиёсӣ ва зиндонӣ кардани фаъолони ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ, маҳдудият дар ростои фаъолияти гуруҳҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо ва беҷазо мондан барои шиканҷа аз масоили мавриди нигаронии Созмони дидбони ҳуқуқи башар будааст. Вероника Сзенте Голдстон, мудири мудофеи Созмони дидбони ҳуқуқи башар дар умури Осиёи Миёна бо ишора ба саркӯб шудани фаъолони ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ дар минтақа, гуфтааст, масъалаи ҳуқуқи башар бояд дар ҷойгоҳи барҷастаи дастури дабири кулли СММ бошад.

“Пан Ги Мун бояд барои поён додани нақзи ҳуқуқи башар ба монанди иштибоҳан пушти панҷараи зиндон бурдани одамон, иҷоза додан ба кори гуруҳҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон ва поён додан ба беҷазоӣ барои шиканҷа қадамҳои мушаххас гузорад”,- гуфтааст Вероника Сзенте Голдстон.

Хонум Голдстон дар идома гуфта, дабири кулл бояд ба қазияҳои Владимир Козлов, раҳбари мухолифон дар Қазоқистон, Азимҷон Аскаров, мудофеи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон, Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва Зайд Саидов, соҳибкор дар Тоҷикистон, Гулгелдӣ Аннаниёзов, мухолифи сиёсӣ дар Туркманистон ва Азам Фармонов, вакили мудофеъ дар Узбакистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кунад: “Пан Ги Мун бояд масъалаи ҳуқуқи ҳамҷинсгароён, одамони дорои хусусияти ҷинси нару мода ва транссексуалҳоро дар Осиёи Миёна бардорад, ки он ҷо барои тарғиботи амалӣ кардани қонунгузориҳои тавҳин ва таъбизомез алайҳи ҳамҷинсгароён талош мешавад”.

Пан Ги Мун шоми 8 ба 9 июн вориди Душанбе шуд ва гуфта мешавад дар чанд рӯзи оянда аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам дидан мекунад.
Мӯҳр
Абдуллох
Инчо аврупо нест! Хонаи очатонхаи нест ки зидди хоставу фарханги мардум хамчинсгароиро таргиб куни

Исфара
Инчо хонаи боботон нест, ки хамчинсгароиро ба миён гузоред мо кавми лут нестем! хамчинсгарои газаби худоро дар пай хохад дошт!

хакикат талх аст
аввал инки бехтарин пешниходро кардааст барои пуштибони аз рузноманигорон ва Шухрат Кудратову Зайд Саидов. Бояд Пан Ги Мун аз хукумати точикистон дархост намояд то озодии ин шахсонро таъмин ва кунад ва ин чунин хуб мешуд ки доир баро аз байн бардоштани конунхои нави зидди исломи ки зидди озодихои дини ва мазхаби мебошанд хукумати точикистонро водор намояд.
Дуввум ин ки гуфти бародар Абдуллох ин кишвархо чои хамчинсгарохо нест.

ахтар
Аз ин бечора чи мехохед .Гапи уро занаш намегирад .хайхоти хукуматхо . Танхо аз худо талаб намоем ки бародарон Зайд ва Шухратро барояшон озодии комил насиб гардонида шавад.Хамчинсгарои ин моли мардуми Гарб мебошад насибашон шавад

БА "хакикат талх аст" ВА У БАРИНХО!!!!!!
ХОЙ БАРОДАРОН, БАС БУДАГИСТ ХАМИН РАФТОРХОЮ НАВИШТАНХОИ БЕСАВОДОНА! КАДОМ "КОНУНХОИ ЗИДДИ ДИНИ". О ЯГОН ХЕЛ КОНУНХОИ ЗИДДИ ДИНИ НЕСТ ВА КАБУЛ ХАМ НАМЕШАВАНД. О БАС БУДАГИСТ АЗ ПАШША ФИЛ СОХТАН. ЯК ХАТОГИИ БЕСАВОДОНАИ КИМ КАДОМ МИЛИСАИ БЕСАВОДИ "БА ЧОИ САЛЛА КАЛЛА ОВАРДА"-РО ИН КАДАР БА ЧАХОНИЁН "РЕКЛАМА" КАРДАН, ТОЧИКИСТОН-ХОНААМОНРО СИЁХ КАРДАН!!! БА ХУДО КАСАМ ИН РАФТОРХО АЗ РУИ ФАРОСАТ НЕСТ.

карам
бовар дорам хукумат барои таъмини хукуки хамчинсгарои рози мешавад, аммо барои халли казияи саидов, кудратов ва дигарон хеч гох

Марвачон
Вой. Бар холамон худое милати моро нигох бидор бовар кун ба худо агар хамин конун чори шавад Окибатмон чи бошад худо медонад

хакикат талх аст
Ба "хакикат". Бародар ту холи намедони ки дар кучо чи гап аст! Агар милиса аз пеши худ риши чанд касро кококок тарошад, ин конуншикани нест? Ва агар конуншикани бошад барои чи чазои сазовор нагирифт? То 35 сола ба хач рафтан магар маьн нашудааст, рафтни чавонони аз 18 сола поен ба масчид маьн нашудааст? Агар ту мусулмон боши росташро бояд гуи!
Иншоаллох бовари дорем ки хамаш ба хуби анчом меебад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)