Бахшҳо
09 июн 2015 13:43Тоҷикистон / Сиёсат

Пан Ги Мун раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Ню-Йорк даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015, бо Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Пан Ги Мун дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ва бо мудирияти мусоид ба роҳ мондани конфронси мазкур арзи сипосу қадрдонӣ намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ Пан Ги Мун аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла аз тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд: “Ҳарду ҷониб бо назардошти таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ва натиҷаҳои судманди ҳосилшуда, омодагии устувори худро ба густариши робитаҳои самарабахш дар оянда таъкид доштанд”.

Дар ин мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ изҳори қаноат карда шудааст. Гуфта шудааст, ки давоми солҳои 2010-2014 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳои СММ бо маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ тақрибан 100 лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ шудааст.
Мӯҳр
хакикат талх аст
Бехтарин Президент -Эмомали Рахмаон - бо ташаббуси 10сола Точикистонро дар арсаи байналмилали шинос намуд. Танхо камбудие, ки дар ин хукумат аст, баровардани конунхои зидди исломи аст. агар хаминхел конунхоро набарорад ягон кас ба сурияву ирок равона намешавад ва бовари дорам кулли мардум дусташ медоранд!!!

Худованд Рохбари давлати моро хамеша сарабалнду саломат нигах дорад. Ин хама захматхои хамешагии бахри пешрафти ватани Точикистони азизи мост. Мухтарам Эмомали Рахмон Ту хастиву хама чахон хабиби мост

Мр бояд шукр кунем, ки давлатамон обод шудаистодааст.

Элохо сарвари давлатамон доимо саломат бошаду дар сари мардуми точик соябон бошад.

Бехтарин Конфронс!
Ба мо нависандаи вокеъьину хушсалика лозим, ки тавонад корнамоихои ин марди шучоъу навофарин ва хеле закиро руйи когаз оварад ва офаридахояш китоби руйимизии хар точикистони бошад. Афсус, дар хакки Президенти кишвар хануз китобе руйи даст наомадааст, ки барои хонандаи закки идеал бошад. Асарро чун Айни, Икроми ва Улугзодаю Мухаммадиев, Чингиз, Гамзатов бояд офарид, то хонанда онро аз даст нагузорад. Хол он ки корнамоихои Э.Рахмон шоистаи даххо китобхои хонданибобанд, то барои насли миёнсолу чавон хидояткунандаи дусти, инсонпарасти, ватанпарасти, эхтироми арзишхои милли ва г.х. бошанд.

diplomat
УСТОД ЭМОМАЛИ РАХМОН ШУМО ФАРИШТАИ ИЛОХИЕ БУДЕД, КИ БА САРИ МИЛЛАТИ БУЗУРГИ ТОЧИК НИШАСТЕД ХУДО НИГАХБОНИ ШУМО

вали
ээ мардум ин кад сода нашавед бо мебини хами оби Точикистона медузонанд дар базе минтакахои шахри душанбе то хол об соат кати аст Зиёд тариф накунед Пмриздента вазифашай ки кор кна морам минадор

99
Дар соҳаи об баҳои "5" дод!?
О, дар соҳаи об барои мо чӣ карданд? Аз ҳамон оби нушиданиамон ҳам мондем! Роғуна насохтанд, барқ нест, сел ҳама ҷоро шуст, Арал хушк шуд... Узбако ба як пул намегиранд! Барои кадом кор баҳои баланд доданд?

Укумат
Аз вазире, ки дар аввали сурат хаст болотар ки шиштааст? У низ аъзои хукумат аст?

Аз Хукумат
Ба Укумат!
Э содда, у тарчумон хаст, вай хам лозим аст.

Укумат
Аз Хукумат,
Э мардак, у барои ки тарчума мекунад? Барои президент ё Э.Рахматулло? Наход аз вазир кадри у боло бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)