Бахшҳо
11 июн 2015 12:10Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Дасти ташкилотҳои ҷамъиятиро барои дарёфти “грант” кутоҳ мекунанд?

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Маҷлиси намояндагон тарҳи тағйиру иловаҳо ба “Қонун дар бораи иттиҳодияи ҷамъиятӣ”-ро ба тасвиб расонд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тасвиб расидани лоиҳаи мазкурро ба зарари ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва зери фишор қарор гирифтани ҷомеаи маданӣ маънидод мекунанд.

Назари коршиносон ҳам дар ин маврид мусбат нест ва онҳо мегӯянд, ҳадаф аз ислоҳи қонун зери назорати шадид гирифтани ҷомеаи шаҳвандӣ мебошад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, моҳияти тағйирот дар қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар он аст, ки давлат мехоҳад ташкилотҳои ғайриҳукуматиро таҳти назорати худ бигирад.

Ба гуфтаи ӯ, ин таҷриба дар Русия ва бархе кишварҳои пешини ҷамоҳири Шӯравӣ амалӣ шуд ва Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз шариконаш мехоҳад муқарроти сахтгиронае барои ташкилотҳои ғайридавлатӣ вазъ кунад: “Созмонҳои ғайриҳукуматӣ новобаста аз ислоҳи қонуни мазкур, қаблан ба мақомоти андоз ва Вазорати адлия дар замони таъйиншуда ҳисобот медоданд. Аммо ин ислоҳот шарт муайян мекунад, ки минбаъд бидуни мувофиқа грант нагиранд. Эҳтимолан, барномаҳое аст, ки иҷрои он манфиати идораҳои давлатиро халалдор мекунад. Аз ин рӯ, масъулин кӯшиш мекунанд, то барои амали шуданӣ чунин барномаҳо монеаи сунъӣ эҷод кунанд. Бо ин роҳ назорати ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба таъмини шаффофияти волоияти қонун, мубориза бо фасод, дастрасӣ ба иттилоот ва аз байн бурдани шиканҷа халалдор намоянд”.

Рустам Гулов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, ин баҳс бо Вазорати адлия ба роҳи ҳал расида ва меъёре, ки дар қонун ворид шуд, бояд танҳо характери огоҳиномавӣ дошта бошад. Ба иддаои оқои Гулов, барои гирифтани грант сабт ва иҷозат шарт нест, фақат бояд ба Вазорати адлия хабар расонд: “Ин амал такрори ҳисоботҳо ба мақомоти андоз аст ва ба Вазорати адлия шарт нест, ки онро аз ташкилотҳои чамъиятӣ талаб намояд. Ин як роҳи зиёд кардани бюрократия ва дар коғазбозӣ ғутонидани ташкилотхо аст. Ба исботи ин сухан инчунин он ҳолат далел аст, ки Вазорати адлия на мутахассиси соҳаи молия дорад, на ваколат дар ин соҳа, пас ин маълумотро чӣ кор мекунад?! Дар ҳоли надоштани мутахассис, албатта, хулосаҳои нодуруст мебарорад ва таҳлили сифатноки соҳаро низ карда наметавонад”.

Ӯ дар идома гуфт, дар Тоҷикистон на фақат ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз созмонҳои хориҷӣ грант мегиранд, балки худи ниҳодҳои ҳукумат низ грант дастрас мекунанд. Бо ин далел аввал шаффоият дар кори худи ин ниҳодҳо оғоз шавад, чун ҷомеаи шарвандӣ дар пайи таъмини шаффофияти кори худ аст.

Дар ҳамин ҳол, Низом Ишанкулов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ислоҳи қонун асбоби нави фишор алайҳи ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад: “Ман боварӣ дорам, ки на ба ҳама ташкилотҳо иҷозати дарёфти грант дода мешавад, ҳатто ягон хатар набошад ҳам. Яъне, ин як асбоби нави фишор ба зидди ташкилотҳои ҷамиятӣ мешавад. Дар минтақаҳо ин гуна ташкилотҳо ба мардум назар ба низоми маорифи давлатӣ зиёдтар дониш медиҳанд. Мутассифона, дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле заъиф аст. Сол ба сол мавқеи ташкилотҳо бад шуда ва дар ҳама проблемаҳои кишвар айбдор мешаванд, дар ҳоле ки худи буҷаи давлатӣ ношаффоф аст”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)