Бахшҳо

Гуфтушуниди ҳукуматҳо: Аз раводид то рафтуомади автобусу тайёра...

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон, ки даҳаи сеюми моҳи июн дар назар аст, масоили роҳандозии рафтуомади автобусҳо, парвози тайёраҳо ва соддасозии низоми гирифтани раводид миёни ду кишвар дар назар аст.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳайати кишвари моро дар ин гуфтушунидҳо муовини аввали сарвазир, Давлаталӣ Саид роҳбарӣ мекунад: “Ба ҳайати Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари хадамоти гумрук, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технология, Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва дигар шахсони воломақоми кишвар ворид шудаанд”.

Дар назар аст, ки ҳайати Узбакистонро дар ин гуфтушунидҳо Рустам Азимов, ноиби аввали сарвазири ин кишвар роҳбарӣ кунад. “Обшавии яхҳо” дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоле ба назар мерасад, ки парвозҳои мустақим миёни ду кишвар дар соли 1992 қатъ шуда буд. Пас аз 8 сол, аз соли 2000, бо ташаббуси Тошканд байни ду кишвар раводид ҷорӣ гардид. Соли 2001, ҷониби Узбакистон бо баҳонаи муҳофизати қаламрави худ аз Ҳаракати исломии Узбакистон минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро минагузорӣ намуда буд. Аммо ахиран хабарҳо аз ҳар ду кишвар барои беҳтар сохтани муносибатҳои ҳамсоягӣ зиёдтар шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон расонаҳои Узбакистон иттилоъ доданд, ки ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йуллари” сар аз марти соли равон бо ҳавопаймои Airbus A-320 ба парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд оғоз хоҳад кард, аммо амалӣ нашуд. Омадурафти ҳавоӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст.
Мӯҳр
Кабир
Сабаби катъи омда рафти авопаймо чанги дохилии Точикистон набуд, балки ташаббуси худи Узбако буд, чаро инро худи мо точикхо бо чунин тобиш гарх медихем?? Маълум ки идеалогияи узбакхо хамеша асар мекунад ва мо аз лихози манфиати милли хеле аз онхо акибмондаем. набояд ба сиёсати русия ва убакистон бовар кард.

Чумхурият
Ин ташаббусхо бефоидаанд вакте, ки мо аз бахри рогун гузарем шояд бад ташаббусхо амали гарданд! Мо аз рогун асло даст намекашем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)