Бахшҳо

АКС: Муттаҳам дар "бачабозӣ"-ро 50 000 ҷарима ва "депортатсия" карданд

Додгоҳи ноҳиявии Санкт Петербург афсари боздоштшуда бо иттиҳоми “бачабозӣ”-ро 50 ҳазор рубл ҷарима ва барои 5 сол аз қаламрави Русия ихроҷ кардааст.

Ба иттилои сомонаи расмии пулиси нақлиёти ҳавзаи шимолу ғарби Русия боздоштшудаи 31-сола, барои таблиғи муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ миёни ноболиғон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Гарчанде дар иттилоияи расмӣ афсари кадом кишвар будани боздоштшуда зикр нашудааст, расонаҳои Русия охири ҳафтаи гузашта бо такя ба манобеяшон гуфтанд, дастгиршуда як подполковники 32-солаи тоҷик мебошад.

Расонаҳои Санкт Петербург аз қавли манобеяшон иттилоъ додаанд, ки боздошти подполковник шоми 11-уми июн дар истгоҳи роҳи оҳани "Маскав" сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, афсари калони артиши Тоҷикистон дар Санкт Петербург барои такмили ихтиссос қарор дошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ талош кардааст, як писари ноболиғро ба муносибатҳои номашруҳ моил кунад.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, мақомот аз мукотиботи афсари тоҷик бо писари ноболиғ огоҳ буданд ва шоми 11-уми июн вақте афсар бо писари ноболиғ дар истгоҳи "Маскав" мулоқот таъин кардааст, ӯро боздошт намудаанд.


АКС: Муттаҳам дар "бачабозӣ"-ро 50 000 ҷарима ва "депортатсия" карданд

АКС: Муттаҳам дар "бачабозӣ"-ро 50 000 ҷарима ва "депортатсия" карданд

АКС: Муттаҳам дар "бачабозӣ"-ро 50 000 ҷарима ва "депортатсия" карданд

АКС: Муттаҳам дар "бачабозӣ"-ро 50 000 ҷарима ва "депортатсия" карданд
Мӯҳр
Мухочир
боз як поводи дигар барои беобру кардани мардуми точик

ИН ЧИ ГАП ХУДАШ?? АЗ ПИТЕРУ ДИГАР КИШВАРХО ЧАМЪОВАРИ КАРДЕСАН.

афсар аз казарма
ки раис шуд дигар чиро бояд интизор шуд.

Дар синни 32-солагиаш рудбаи подплковник гирифт,ва дар Академяи низомии Россия барои такмили ихтиссос карор дорад... Хайратовар...? "крышаш" ки бошад ин "Хурусаки"-подполковникро. ?

Афсари катори
Худо панох дихад, мумкин ин хели полковнико бисёр бошанд, лекин дар Точикистон факат муллохоро нишон медиханд аз коркунони давлати бехабар ана дар Руссия дар даст меафтанд. Маколи точики аст дари яктора зади дари шуморо дигар кас мезанад.

Кулябец
27 сола генерал шавад, 32 сола подполковник мешавад . Ин - хо атолаи афсариро ночашида полковник мешаванд!!

Варзоби
Дурбинхои назоратии макомоти точик танхо "амалхои ғайриахлоки" (аксар бо занхои никохии худ)-и 5-6 диндорро ба навор мегиранду амалхои фахши милисахо, кормандони давлат, вазирону раисонро не. Вале макомоти Русия ба тамоми чахон исбот кард, ки дар Точикистон хастанд "педофилхо"-е, ки сари курсии мансаб нишастаанд.

Муллохоро бо наворхои сохтаатон ба намоиш гузештед , акнун аз худатон аслиаш баромад ,
хар касе айбчуии дигаре бошад айбхои худаш хатман ошкор мешавад

..............
Худованд мо мардуми точикро аз ин хел тухматхо нигах бидор.Бовар кунед шояд тухмат бошад.Зеро точикро мехоханд обу руяшро дар харчо бирезонанд.Худое милати моро нигах бидор

шарманда аз Европа гузашт Тjk.

Dangali Hudo sado nadorad, Vaqte ki zanad davo nadorad... Ore chi bayti pur mazmun chi qadar dusthoi Ollhro bihosted sharmanda kuned karded. vale imruz yak korgari bolomaqom sharmanda shud. chi sharmandagie dar sarosari jahon. az yak jihat hub ast ki ibrate meshavad baroi nafarone ki dustoni Allohri sharmanda kardand vale az tarafi digar baroi badbinii muhojiron kori nohube shud...

Як писари голубоя дошта мачбуран аз холу кору бораш пурсон шудем. Вай накл кард ки аз хурди инро касб кардааст ва уро асосан милисахои шахри Душанбе райони(бад менависем), истифодаи алокаи чинси мекунанд. Уро супорш медиханд ки дигаронро аз рох бароварда ва ба онхо хабар дихад ва ин пулисхои худ бачабоз аз чунин ашхос пули калон меруёндаанд. Мо тасмим гирифтем ки чунин пулисонро фош кунем ва бо ин шахс паймон кардем, ки дар фурсати муносиб бо видеосёмка онхоро фош кунем. Интизор бошед.

патриот,
Парвардигор, и бе киблахора шармандаи ду дуне каагиян. боз ба холи мардуми он тарафи Амударе гап мезанан.

Салмон
Бадбахтии мо дар он аст , ки х,ар чиро хондем , шунидем ва дидем , дарх,ол бовар мекунем. Чунин амали мо куллан нодуруст аст. Инсони бедор х,ама вак,т бояд тах,лил кунад, ки ахбор то кадом дарач,а рост аст ? дуруг аст ? йо тух,мат аст ? Бадбахтона 99,9 фисади мардуми точ,ик чунин тах,лилро надоранд , х,атто аксари зийоийон !

саид
Чаро ин бачабоз бе ному насабаст агар ягон муло мебуд е нахзати шунидаро филм карда дар чор шабакаи тч нишон медоданд. Шармандаги Шармандаги Шармандаги. Дига падполковник нашен реска полковник бшен бо бачабоз нашен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)