Бахшҳо

(ВИДЕО) Рӯбарӯ бо вазир: Табибон маро бенаслу хонавайрон карданд...

Муслиҳиддин Сафаралиев, сокини 32 солаи ноҳияи Ҳисор имрӯз, 13-уми июн дар мулоқоти рӯбарӯ бо вазири тандурустии кишвар аз табибони беморхонаи марказии ноҳияаш шикоят кардааст, ки ба иддаои ӯ бо табобати нодуруст ӯро бенаслу хонавайрон кардаанд.

Сафаралиев, баъди мулоқоташ дар Вазорати тандурустӣ ба дафтари “Озодагон” омада, изҳор дошт, ки табобати нодурусти табибон боиси заъфи нерӯи мардӣ ва бенаслияш шудааст. Ӯ гуфт ду ҳамсари қаблияш ӯро тарк карданд ва феълан бори сеюм хонадор шудаасту то ҳол фарзанд наёфтааст: “Соли 2004-ум буд, бо табларза ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор рафтам. Гуфтанд эпилепсия дорӣ ва дору таъин карданд. Баъди сузандоруҳои фармудаи табибон саломатиам вазнин шуд, ҷигар ва узвҳои мардӣ варам карданд. Духтур гуфт, ки ин аз ҳисоби кори вазнин ё нодуруст хоб кардан шудааст”.

Ӯ мегӯяд, баъди чанд соли табобати бенатиҷа дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор, беҳбудиеро дар саломатиаш наёфта, барои муайян кардани дардаш ба беморхонаи рақами яки шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст: “Дар беморхонаи шаҳрӣ духтурон гуфтанд, чӣ доруеро истифода мебарӣ, ки қувваи мардиатро суст карда, боиси шусташавии витаминҳои магний, калтсий, оҳан ва ғайра аз бадан гаштааст ва он ба безурётӣ оварда мерасонад”.

Сафаралиев афзуд ба беморхонаю пажуҳишгоҳҳои дигар низ муроҷиат кардааст ва муътақид шудааст, ки сабабгори бадбахтиҳояш табобати нодуруст дар беморхонаи марказии ноҳяи Ҳисор аст: “Ба муовини сардухтури ноҳияи Ҳисор ҳама асли воқеаро фаҳмонидам. Ӯ гуфт, ҳамон ампулҳое ки туро укол кардаанд биёр, баъд бовар мекунем. Аммо дар ин миён 11 сол гузашт, ман аз куҷо меёбам он ампулҳоро. Гуфтам минбаъд баъди ҳар бори сӯзандору карданам, ампулҳоро ҷамъоварӣ мекунам, ки даркор мешудаанд...”

Аммо табибе, ки ба гуфтаи Сафаралиев ӯро ба ин ҳол расондааст дар суҳбат бо “Озодагон”, даъвои ин беморро беасос хонда, гуфт доруҳое, ки ӯ таъин кардааст, ба фоидаи ин бемор мебошанд: “Ӯ эпилепсия дорад ва дар қайди беморхонаи мост. Ман ба ӯ витаминҳо, алое ва ғайраро таъин кардам, ки наметавонанд, одамро бенасл кунанд. Баръакс баданро нерӯ мебахшанд”.

Сафаралиев қотеъона таъкид мекунад, ки агар Вазорати тандурустӣ ё Ҷаноби Олӣ хоҳанд, ман пурра исбот мекунам, ки аз пушти ҳамин табибҳои бесавод тӯли 11 сол азоб мекашам: “Мехоҳам Ҷаноби Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти дахлдор кори чунин табибонро зери назорат гиранд, то болои сӯхта намакоб нарезанд. Мардуми бечора осоишта зиндагӣ кунад”.

Ӯ афзуд, ки имрӯз, дар бораи ин мушкили худ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиимоии аҳолӣ суҳбат кардааст: “Бо вазир ҳолатро фаҳмонидам. Гуфт ки муроҷиаттатро дар шакли ариза навис мо дида мебароем”. Ин сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, дигар ба табибони беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор бовар надорад ва аз Вазорати тандурустӣ хоҳиш дорад, ки барояш шароити табобат дар беморхонаи дигарро муҳайё кунад.


Мӯҳр
хакикат талх аст
Дуруст аст! Кисми зиёди духтурони хозира танхо барои пул кор мекунанд на барои саломатии мардум.
Ман шахсан худам соли пеш аз хисоби бисёр дар компютер кор кардан хис мекардам ки каме дасти ростам ба мисли крахт мешуд. Ба беморхона Мед городок рафтам. Духтар муолича карда ба хулосае омад, ки дар пушти гардани ман намак пайдо шудааст ва рагхоро гуё зер карда бошад. Аз хамон руз сар карда гарданам дард мекунад. ин духтурхо одами сихатро касал мекунанд. Кисми зиёди духтурони имруза бо шаркати доруфуруши шартнома баста ба беморон дорухои зиёди нолозимро менависанд ва фикр намекунанд, ки он ба саломатии ин шахс зарар доранд ё не! ана баъд 11сол пас ки шикоят карди баъд аз ту ампулаву сузандору мепурсанду худашонро сафед кардани мешаванд.
ХУДОВАН ин табибони хунхурро ба рохи рост хидоят намояд!!!

Фархори
Хакикат талх аст !!!! на хамаи табибон чунин мебошанд ва на хамаи онхо барои сум кор мекунанд. Як донишчу барои табиб шудан 15000доллар масраф мекунанд. Ду. он маоше ки духтур мегирад барои як мохаи як донишчу намерасад. Шумо чи хаёл мекнен простак шмора табобат мекнан не , х,ар шахса ба кадри киссааш яъне агар ин шахс доруи аз 1000сомон болон нависанд ин шахс доруи 1000сумаро не доруи дубликати 200 сомона мехара бад мега ки духтур табобати хато кард. Ягонтаи шумо ТАБИБОНРО НАХОНОНДАЕД ВА НАХУРОНДАЕД

Абдулло
Рости хозир табибон ба фирмахо хамкори доранд. Фарк надорад мемури бенасл мемони мефармоян фалон доруро гир. Барои он ки чанд %и пул ба инхо мегузарад.

99
Ин нишонаи бесаводии на фақат мардуми оддӣ, балки камсаводӣ ва бемасъулиятии баъзе табибон ва журналистон аст, ки чунин маводи беасосу бемаъниро насанҷидаю нафаҳмида нашр мекунанд.
Бинед, ки ин бечора худаш намедонад, ки чӣ мегӯяд ва чӣ мақсад дорад. Бо ин суханони беасосу подарҳаво касеро гунаҳгор кардан лозим нест. Агар табиби хуб мебуд ба ин бесавод дардашро хуб мефаҳмонд, то ки ҳарза нагӯяд. Ба болои ин, табибони мо душмани ҳамдигаранд ва агар беморе табобати мушкил дорад, табиби дигарро гунаҳгор мекунанд, ки ин нишонаи нодонии худи онҳост. Агар ин одам худаш каме тасаввуроте дар бораи дарди худаш медошт, ин қадар омиёна шикояти беҷо намекард. Сомонаи "Озодагон" ҳам, бо чунин маводи пуч обрӯ намегирад.

.................
Ба фикрам ин шахс пура дуруг мегуяд.Зеро илми тиб то хаде боло рафта аст ки эхтиеч ба тухмати ин шахс нест.Хохиш менамоям ки хунашро барои исботи ин гуфтахояш бисанчед.

Бузург мехр
Як бародара мешносм дар зрон духтри кор мена ва мехона бади тамом кардан ба точикистон барои кор меравад бади як соли кори ай караболо суруш мекнан сабш босавод буданащ аст барои босаводрн дар чт коорнеееест холо ин бародар дар эрон кор ва фаолият дорад

хеч чои пушида нест ки имруз 50 .60 фоизи чавонон даст ба чиноятхо махсусан вазнин мезанан хамаи ин сабаби нодурусти истифодаи сузандорухо мебошад

як хел ба ном духтурои бесавод, ки аз нохияхо омада дипломро харида гирифтан, дар замони карахти, дар хакикат одами сокро, ба хар гуна фиребу найранг аз будагиаш бадтар мекунанд.
беморхонаву аптека, акаву додар шудагиан

ман дуруг намегуям илми тиб боло рафтагия леки мутасифона табибое ки ман мегуям бесаводан ман хамаи ин ро ба мовини сардурхтури нохия фахмондам ки бади табобати ин ман ба чигуна бемори гирифтор шудам 1. вакте пешоб мекунам месузад 2. Чигарам варам карда аст 3. Узвхои мардинам варам кардраст 4. Харакати спермаграма суст шуда аст 5.вакте харакат мекунам ташна мемонам 6 .вакте манро укол мекард 2 е 3 дакика пешобамро дошта наметавонистам ба хочатхона мерафтам ранги пешобам сафед буд ба табиб мегуфтам у мегуфт ки аз бадани ту микробхоро тоза мекуна мовини сардухтури нохияи хисор баман гуфтки хамон ампулахоро биер бад мо бовар мекунем вакте илм боло рафта аст барои чи намегуяд ки ту рафта дар фалончо анализ спор мо бинем ки чист хайфи халатхои сафед ки хами табибо ана хамихел одамо монеа мешан ки давлати мо пешрави намемонан

муслихиддин
ман ягона максад дорам ки хамин табиборо аз кор озод намоянд зеро мардум зиндаги осоишта кунад то ягон табиби босавод бияд дар ди мардум даво шавад 2 журналистон савод доран барои онки маро пурсидан ман баонхо ташхиси тибиро нишон додам ки кучои ман бемор аст ба муовини табииби беморхонаи маркази нохия хам ба духтури терапевт нишон додам терапевт баман доруи вазбуждител дод худатон фикр кунед ки вакте ки крайник махкам бошад об чигуна мерезад вой дод аз дасти бесаводо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)