Бахшҳо

Ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ ва раҳбари “Ихвонулмуслимин” хонда шуд

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира ҳукми ниҳоии худ алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешин ва Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ҳаракати "Бародарони мусулмон" ё “Ихвонулмуслимин”-и Мисрро эълон кардааст.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, раисҷумҳури пешини Миср ва Муҳаммад Бадеъ рӯзи 16 июн аз сӯи додгоҳи Қоҳира дар куштори нигаҳбонони зиндон ва фирор аз маҳбас дар соли 2011 айбдор шуда, ба эъдом маҳкум шудаанд. Инчунин ин ду раҳбари аршади ҳаракати Бародарони мусулмон дар пайи баррасии парвандаи баҳсбарангези “ҷосусӣ” ба ҳукми абад маҳкум гардидаанд.

Додгоҳи ҷиноии Қоҳира се узви фаъоли ҳаракати "Бародарони мусулмон" – Хайрат Шотир, Муҳаммад Балтоҷӣ ва Аҳмад Абдулъотиро низ дар ҷосусӣ ба нафъи кишвари дуюм айбдор хонда, маҳкум ба эъдом кардааст. Бар асоси қарори додгоҳ дар робита ба парвандаи "Ҷосусӣ" раҳбарони аршади Ихвонулмуслимин ба ҳамкорӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳаракати Ҳамоси Фаластину ифшои сирри давлатӣ муттаҳам хонда шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира дар пайи баррасии “куштори нигаҳбонони зиндон ва фирор аз маҳбас дар соли 2011” Муҳаммад Мурсӣ ва беш аз 100 ҷонибдорашро ба эъдом маҳкум карда буд. Вале эълони ҳукми ниҳоӣ, ки қарор буд, баъд аз машварат бо муфтии Миср рӯзи 2 июни соли равон эълон шавад, ба имрӯз - 16 июн ба таъхир афтод.

Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаст, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шуд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканории Мурсӣ, ӯро боздошт ва алайҳаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, ки худи Мурсӣ ва пайравонаш онҳоро туҳмат медонанд.
Мӯҳр
Абдуллрх
худо рахматаш кунад ва интикомашро аз сисии хоин гирад

Мухаммад
Ё Аллох ин чи рузест

Худованд дар фаро расии мохи шарифи рамазон ин бародари
Мусулмонро дар панохаш нигох дорад ва ин балоро ба сари
Кофароне ки ин балоро ба сари у овардаанд ба сари онхо
Берад.омин .ОМИН.

in qaziya na pas az barkanorish boz kardand balke mursi vaqti rais bud in qaziya " qatli nigahbonon va faror az zindon " boz kardand va dar in vaqt rais budanash botil bud!!!!

Саид
Мухиддин Кабири дар кучо боши овозатро барор. Диди дар охир чи шуд такдири рафикат мегуфти хизби Ихвонмуслиминро аз руйхати сиех бароред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)