Бахшҳо
18 июн 2015 11:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Суғд: Шаш ҳодисаи ғарқшавии одамон дар панҷ рӯз

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз ҳалокати ду нафар дар пайи ғарқшавӣ хабар медиҳад.

Акбар Шарифов - масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар Суғд, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, рӯзи 16 июни соли равон дар ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, толибаи синфи 10 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Баракат” ба кӯли чуқуриаш 7-метр афтода, ғарқ шудааст. Ба иттилои ӯ, ҳодисаи дигар дар ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан рух додааст: “Як марди 59-сола гӯсфандонашро барои обхӯрӣ назди обанбор мебарад. Ногаҳон пояш лағжида ба об меафтад”.

Манбаъ мегӯяд, ҳам наврас ва ҳам марди 59-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ин аввалин ҳодисаи ғарқшавии одамон дар моҳи равон дар шимоли Тоҷикистон нест. Қаблан, Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз ҳалокати чор нафар хабар дода буд. Манбаъ гуфт, рӯзи 12 июн, тахмин соатҳои 19:10, бошандаи 38-солаи шаҳри Қайроққум ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри тоҷик” аз уҳдаи шиноварӣ набаромада, ғарқ шудааст: “Нимарӯзи 14 июн бошад, тахминан соатҳои 12:00 ду духтарчаи соли таваллудаш 2006 ва як писарбачаи соли таваллудаш 2007 аз болои дарахти тут ба ҳавзи хоҷагии деҳқонии бригадаи №43-и ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров афтода, ғарқ шудаанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)