Бахшҳо

Боздошти Шабнами 29-сола, узви “Гуруҳи 24” дар Белорусия

Шабнам Худойдодова, узви 29-солаи созмони “Гуруҳи 24” зимни убури марзи Русия ва Белорусия боздошт шуда, феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Брест қарор дорад.

Дар ин бора Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар блогаш хабар дода, афзудааст, ки Худойдодова, 20-уми декабри соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соҳиби як духтарча мебошад. Ба навиштаи Отаева, Шабнам дар интернет алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад кардааст ва ҷониби Тоҷикистон ӯро аз рӯи моддаи 37-и Кодекси ҷиноӣ, --“ҷавобгарии шарикони ҷиноят” дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст: “Худойдодова 12-уми июн озими Белорусия шудааст, то аз намояндагии СММ оид ба гурезаҳо мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.

Тибқи иттилои раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, Худойдодова баъди он дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифт, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон пайдо шуд: “Шабнам Худойдодова солҳои охир дар Русия иқомат мекард. Моҳи январи соли равон хонаи ӯ дар Тоҷикистон мавриди кофтукоб ва модару дигар наздиконаш бозпурсӣ шудаанд. Ӯ хабар ёфта, ки нақшаи рабудани ӯ аз Русия тарҳрезӣ шудааст ва ба Белорусия рафт, то аз намояндагии СММ мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.

Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” бо зикри қазия хостори ҷилавгирӣ аз истирдоди Худойдодова ба Тоҷикистон шудааст, зеро ба навиштаи ин созмон дар Ватан ба ӯ барои изҳори ошкорои андеша шиканҷа ва ҳабс то 20 сол таҳдид мекунад: “Аз намояндагии СММ дар Белорусия даъват мекунем, ки ҳар чӣ зудтар аз ҳоли Худойдодова хабар гиранд. Ҳукумати Белорусия низ уҳдадориҳои байналмилияшро дар мавриди манъи истирдод ба кишваре, ки ба боздоштшуда шиканҷа таҳдид мекунад, иҷро намояд”.
Мӯҳр
kamilla
Dukhtar yagon gunohe nadorad, in fikri man na odam kusht na zamin furuxt

Кулябец
Ин гурухи 24 хозир хам хаст? 23 шуда буд ку??

Чихел нагз шуд!!! Шаби дароз и шабнам кори дигар надошт факат мукобили Точикистон гап менавист ношукрбанда!!! Туда камашда 20 сол камай! Тура чиву противи президент гап заданат чи бешарм!!!

Ноз,
chi Tojikiston ba nazarat hej kambudi nadora, yo ki Prezidentash nauzubilloh, paighambar shudai, ki boyad dar borash gapi manfi naguem? Har davlatu prezident boyad hatman oppozitsiya doshta boshad, ki az rui kambudohoshon tanqid shavan, faqat gusfando shukr gufta meshinan.

в
Ман бовари дорам, ки уро чавоб хоханд дод. Хайр зидди хукумат гап задааст, ин гунох нест.

Farrukh
Барои пул шида одам ба чй корхое намерафтааст. Шукри худову хаму як фарзандата намекунй? Аз дур истода дар хаки Точикистон бадгуйихо мекунен. Мо итак медонем ки дар точикистон чй гапай. Шукри Худо иншаалох боз хам хубтар мешава. Куввахое хастан ки тинчии Точикистонмона намехохан. Ба фитнаи онхо дода шудан даркор нест. Муттахид шидан даркор! Иншаалох Точикистон ободу зеботар мешава.

Рустам
Гапи хакро зади дар бало мемони. Хама бояд хап шинад, хукуматро танкид накунад. Аз гуруснаги мурем хам бояд хап кунем. Зинда бод демократия дар Точикистон.

Ba ФАрух
ФАрух шумохо шукр карда гардед зеро пуолик алона шумо мегиред мо 700 сомони намедонем чи кор кунем. Дигар ин ки хайр интикод кардааст баъд чи? Президент хам интикод мекунад баъд чи зидии Точикистон гуфта боздошташ кунед? Чомеа дар корупсия гутидааст, хама махалбози.

салому алайкум хохиш дорам коргарони озодагон суханхоро чоп кунед.худованд ба ин модар сабр бидихад ва ба хонаводаву еру дустонащ гуфтаниям азизонам шумо фахр кунед ки ин модар ба гуфтани хак дохили зиндон шуд эмоми аъзам барои хак гуфтан дохил шудан эмом ахмад унвони эмомиро дар дохили зиндон гирифт эмом сарахси дар чох китоби масбут ро навишт валохи касам бо чунин модари хак гуй доштан инсон бояд фахр кунад манам як бародар дуст дорам дохили зинбон вакте катиш сухбат мекунам аз акидат гард у ба ман меегуям у ба ман мегуяд дуст дилат ба ман месузад мегум бале у дар чсвоб мегуяд дустое ту маро кафил шуда метони дуне бароям бе гаму гуса ва абади аст мегум не дустам у мегуяд пас бигзор чанатро барои худ харам дар даруни турма худованд обру руш додаст мегуяд агар тамоми органи точикистон хоханд маро хору зор кунан агар алохи ман нхудам

Чамщед
Дигар гапзаданд зиди хукмат зиди режим хукми катл шидай. Дар телевизрхои мо бошад хар шаб бади хуроки шом ПОРНО нишон мета и чигапай худо ояндаша ба хайр гардона

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)