Бахшҳо

Муҷаддадӣ: Озодии баён дар Афғонистон ба иродаи раисҷумҳур бастагӣ надорад (ВИДЕО)

Афғонистон 4 даҳа мешавад, ки даргири ҷанг аст. Аммо бо вуҷуд расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар фаъолияти густарда ва озодонае доранд. Имрӯз дар минтақаи мо садои расонаҳои Афғонистон аз мушкилот, ҳаводис ва пайомадҳои ҷанги чанддаҳаинаи Афғонистон ба гӯши ҷомеаи ҷаҳон расонда мешавад. Ва чанде аз расонаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам бинанда, шунаванда ва хонандаи худро доранд. Яке аз масъулони ҷомеаи рӯзноманигории ин кишвар, ки бо як сафари корӣ ба Душанбе омада буд, меҳмони дафтари “Озодагон” шуд. Хабарнигори мо – Иршод Сулаймонӣ аз ин фурсат истифода кард ва Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ, муовини раиси Анҷумани журналистони озоди Афғонистонро барои як баҳси бештар дар масоили фаъолияти расонаҳо дар Афғонистон даъват намуд.


“ЖУРНАЛИСТ ҶУРЪАТ НАМЕКУНАД, БАЪЗЕ МУШКИЛОТРО ИНЪИКОС КУНАД”

Озодагон: Бисёр хуш омадед, оқои Муҷаддадӣ.

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Ташаккур, саломат бошед”.

Озодагон: Дар ибтидо мехостам дар мавриди сафаратон ба Тоҷикистон ва диду боздидҳое, ки доштед, як суҳбати кутоҳ доште бошед.

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Бисёр хуб, хушҳол ҳастам, ки имрӯз худро дар канори журналистони ҷавони кишвари ҳамсоя ва дӯсти Тоҷикистон мебинам. Ҳадаф аз ҳузури мо дар Тоҷикистон диду водид бо расонаҳо, ниҳодҳои расонаӣ ва журналистони Тоҷикистон буда, ки ман дар муддати як ҳафтаи иқомат дар ин кишвар тавонистам бо теъдоди зиёди расонаҳо, ниҳодҳои дифоъ аз расонаҳо ва журналистони азизи ин сарзамин бибинам ва аз вазъияти ҳаммаслакони азизамон огоҳӣ пайдо бикунам”.

Озодагон: Дар қадами нахуст, вақте Шумо вориди Тоҷикистон шудед ва гуфтед, ки диду водидҳое аз расонаҳо, ниҳодҳои расонаи ва рӯзноманигорони кишвари мо доштед, чӣ тафовутҳои чашмгире дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон аз ҷомеаи журналистии Афғонистон мушоҳида мешавад?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Табиист, ки он чи мо дар Афғонистон дорем ва дастоварди бузурге, ки давлати Афғонистон бо омадани неруҳои эътилоф ва аз ҳам пошидани ҳукумати “Толибон” доштанд, озодии баён аст, ки баъди се даҳа ҷанг мардуми Афғонистон шоҳиди як таҳаввули бисёр бузург дар роҳи рушд ва тавсеи расонаҳо дар Афғонистон шуданд. Ин дастовард на танҳо дар Афғонистон, балки ба сатҳи минтақа комилан беназир буда, расонаҳо ба ҳадди кофӣ рушд карданд. Мо даҳҳо телевизюни миллӣ ва маҳаллӣ ва садҳо расонаҳои чопӣ дар сатҳи Афғонистон доштем, ки метавонистанд ин расонаҳо он чи дар Афғонистон мегузашт, яъне воқеиятҳои айнии кишвари худро ба шакли аслиш инъикос бидиҳанд. Ин намешавад зиёд муқоиса шавад бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто кишварҳои минтақа. Магар бо он чи дар Тоҷикистон дидем, бархе шабоҳатҳое вуҷуд дорад бо ниҳодҳои расонаии Афғонистон ва баъзе маҳдудиятҳое дар Тоҷикистон ҳам дидем, ки монеи рушд ва инкишофи расонаҳо дар Тоҷикистон бошад”.

Озодагон: Яъне кадом маҳдудиятҳо?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Масъалан, яке аз мушоҳидаҳое, ки ман дар Тоҷикистон доштам, тилвизюнҳо ё расонаҳои тасвирие, ки битавонад озод кор кунад ва он чи мушкилоту олому ниёзмандиҳои мардумро инъикос бикунад, ин тур як тилвизюн дар сатҳи миллӣ дида нашуд. Дар ҳоле ки даҳҳо аз ин тилвизюнҳоро мо дорем, ки кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам бинанда ин тилвизюнҳо ҳастанд ва ба шакли комилан озод ва бидуни ин ки аз тарафи давлат таҳти таъсир қарор бигиранд ва ё сонсуре сурат бигирад, воқеъоти Афғонистонро мунъакис мекунанд. Дар зимн баъзе худсонсуриҳое дар Тоҷикистон дидам, ки гарчи дӯстони расонаии мо, журналистони Тоҷикистон зоҳиран худро аз вазъияти мавҷуд бисёр розӣ медонанд. Магар тавре ман дидам ва расонаҳои Тоҷикистонро таъқиб кардам, худсонсуриҳое вуҷуд дорад, ки аслан журналист ҷуръат намекунад, ки баъзе мушкилоте, ки дар ин кишвар вуҷуд дорад, онҳоро инъикос кунад. Аз вазъияти зоҳирӣ маълум мешавад, ки агар ин мушкилотро инъикос бидиҳанд, агар мавриди фишори мустақими ҳукумат қарор нагиранд, мавриди фишорҳои ғайримустақиме қарор мегиранд, ки ин фазои худсонсуриро ба вуҷуд оварда. Агар муқоиса кунем бо кишвари мо дар Афғонистон ҳам ҳамчунин маворид вуҷуд дорад. Дастрасии зиёд ба маълумот мавҷуд нест, баъзе аз афроди зӯрманд вуҷуд доранд, ки мехоҳанд болои журналистон фишор ворид кунанд, магар бо тафовути ин ки дар он ҷо ин фишорашон коро нест. Яке аз далоиле, ки ин фишорҳо муассир воқеъ намешавад як ҳамоҳангии бисёр ҷиддӣ миёни журналистон ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ (шаҳрвандӣ) дар Афғонистон аст. Ҳарчанд инро мо дар Тоҷикистон ҳам дидем, магар бо он паймонае, ки дар Афғонистон ин ҳамоҳангӣ ниҳодина шуда ва журналистон бо ҷомеаи маданӣ дар канори ҳам будаву аз якдигар дифоъ мекунанд. Ва агар мушкиле пеш меояд бисёр ҷиддӣ ва ҳамоҳанг амал мекунанд, ки ин боиси ҷуръати журналистон дар Афғонистон шуда, ки ба ҳеч ваҷҳе таҳти таъсир қарор намегиранд”.

ВИДЕОИ СУҲБАТ БО МУҶАДДАДӢ (ҚИСМИ 1)



Озодагон: Албата ҳамон тавре, ки Шумо мушоҳида кардед дар заминаи фазои ҳоким бар расонаҳо, баъзе аз монеагузориҳо дар рушди озодии баён вуҷуд дорад, аммо агар баргардем ба фазои расонаи Афғонистон баъзе гуфтумонҳоеро шоҳид мешавем. Бархе аз соҳибназарон ва коршиносон мегӯянд, гӯиё озодии баёне, ки дар Афғонистон вуҷуд дорад, натиҷаи талоши ҳукумати Афғонистон не, балки бархоста аз фазое ҳаст, ки то ҳол ҳукумат дар Афғонистон қудрат наёфта ва ё ин тавоноиро надорад, ки бар расонаҳо контрол дошта бошад.

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Ҳарчанд ин баҳсҳо вуҷуд дорад, магар инро то ҳадде баъид аз ҳақиқат намедонем. Вале агар мо баргардем ба замони Ҳомид Карзай, ки дар авоили роҳбарияш ҳукумат комилан болои авзоъ ҳоким буд, ҳеч навъ мушкиле надошт. Як ҳукумати фарогир ва ҳоким бар тамоми авзои Афғонистон буд. Магар ҳавсаламандие, ки Ҳомид Карзай дар қиболи расонаҳо доштанд, бо ин ки ҳамеша мавриди интиқоди расонаҳо қарор гирифтанд, мо то охири ҳукуматашон шоҳиди ин набудем, ки кадом замоне ба кадом журналист фишоре ворид шавад, ки мавридеро дар бораи раисҷумҳур гуфта бошанд. Дар раддаҳои поин ин маворид вуҷуд дошта, масалан дар вилоёт, баъзе волиҳо кӯшиш карданд, маҳдудият вазъа кунанд. Мақомоти поинрутбаи аз волии пойин, амнияти миллӣ ё қумандонҳои амнияти миллӣ инҳо ба хотири бақои қудрати худ, ки инъикоси навоқиси онҳо ба ҳукумати марказӣ мерасад, дар ин росто маҳдудият эҷод карданд. Аммо дар маҷмӯъ, давлати Афғонистон, хосатан шахси аввали давлат ирода барои сонсур ва маҳдудият болои расонаҳо надоштанд. Дар баъзе маворид маҳдудиятҳо вуҷуд дошта, ки пештар ҳам гуфтам, ки дастрасӣ ба маълумот кам буда, вале ба фаъолияти расонаҳо монеъ шуда натавонистанд”.

Озодагон: Дар мавриди ин ки гуфта мешавад расонаҳои Афғонистон бо ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ сари по истодаанд ва агар имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ даст аз ҳимояти онҳо бардорад, боз имкон дорад, ба варшикастагӣ мувоҷеҳ шаванд ва қисме аз онҳо фаъолияти худро қатъ кунанд, чӣ назар доред? То куҷо дар кишвари Шумо расонаҳо аз нигоҳи мудирият, аз нигоҳи сохторӣ ниҳодина шудаанд ва тавоноӣ пайдо кардаанд, ки битавонанд бидуни ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ фаъолият дошта бошанд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Дақиқан, рушди расонаҳоро аз лиҳози иқтисодӣ, мо мадюни кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ медонем. Афғонистон тавоноии эҷоди ба теъдоди расонаҳоро надошт ва надорад. Агар баргардем бар гузашта, мо замоне ки ҳимояти бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар қисмати иттилоърасонӣ ва пуштибонӣ аз расонаҳо доштем, ҳудуди 200 родю ва тилвизиюни милливу маҳаллӣ доштем. Бо кам шудани кумакҳои ҷаҳонӣ ва камтаваҷҷуҳии ниҳодҳои ҳимоят аз расонаҳо ин теъдод бисёр маҳдуд шудааст. Дар қисмати расонаҳои чопӣ ҳам, теъдоди зиёди ин расонаҳоро, ки дар авоили ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ доштем, имрӯз надорем. Ин як чизи табиист ва ин ҳатман таъсири худро болои расонаҳои Афғонистон дорад. Ба истиснои маҳдуд расонаҳое, ки бо мудирияти коро тавонистанд, заминаҳои бозорёбиро мусоид бисозанд, ки аксаран худкифо шудаанд. Агар кумакҳои ҷаҳонӣ ҳам набошад, боз ҳам метавонанд фаъолият бикунанд. Аммо теъдоди онҳо бисёр маҳдуд аст”.

Озодагон: Қисме аз расонаҳои Афғонистон, аз қабили тилвизюнҳои “Тулӯъ”, “Тулӯънюз”, рӯзномаи “8 субҳ”-и Кобул дар Тоҷикистон бинанда ва хонандаи каме ҳам надоранд. Аммо аз нигоҳи амниятӣ, аз нигоҳи субот барои фаъолияти расонаҳо чӣ таҳдидҳо ва чӣ хатароте имрӯз вуҷуд дорад. Ва шояд кадом оморе пеши Шумо бошад, ки дар як сол ва ё дар чанд соли охир чӣ теъдоде аз журналистони Афғонистон Худой нахоста кушта шуданд ва ё мавриди интиҳору ин қабил корҳо қарор гирифтанд?

Муҷаддадӣ: Озодии баён дар Афғонистон ба иродаи раисҷумҳур бастагӣ надорад (ВИДЕО)Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Бале, назар ба вазъияти душворе, ки Афғонистон дорад ва вазъияти буҳроние, ки ҳаст табиист, ки бештарин осебро дар ин роҳ журналистон мебинанд. Мо аз оғози соли 2011 то кунун 35 журналисти аздастрафта дорем, ки 15 тан аз инҳо хориҷиҳо ва боқӣ афғон ҳастанд, ки имрӯз мо онҳоро дар канори худ надорем. Дар зимн, тавре пештар ҳам ёдоварӣ кардам баъзе афроде вуҷуд доранд, ки монеи инъикоси баъзе аз воқеот дар Афғонистон мешаванд. Таҳдидоти зиёде аз ин ноҳия вуҷуд дорад. Шумо аз рӯзномаи “8-и субҳ” ёдоварӣ кардед ва ин аз ҷумлаи расонаҳоест, ки гузоришоти таҳқиқро дунбол мекунад. Чизе ки дар Афғонистон кам воқеъ аст, гузоришоти таҳқиқӣ аст. Табъан дар мавриди масоиле, ки баҳс мешавад ва хуб медонем, ки пушти масъалаҳои калон мардумони зӯрманд вуҷуд доранд. Вақте ба нуқтаи охире мерасанд, ки гузоришро тамом кунанд, дар охири қазия як каси зӯрманд воқеъ аст, гузориш нотакмил мемонад ва омодаи нашр намешавад. Ин мушкилотро дар маҷмӯъ дорем, хусусан ин моҳе, ки мегузарад моҳи бисёр баде барои журналистон ва расонаҳои Афғонистон аст. Мо чандин фишору таҳдиду маҷруҳият аз журналистҳоро доштем, ки ду ҳафта қабл мудири тилвизюни маҳалии Кундуз мавриди ҳамлаи бомби дастӣ қарор гирифт ва маҷруҳ шуд. Баъд аз он Шермуҳаммади Ҷаҳиш, як журналисти бисёр фаъоли Бағлон мавриди таҳдиди яке аз вукалои порлумон қарор гирифт ва ӯ ба Кобул интиқол дода шуд ва зери ҳимояти ниҳодҳои расонаӣ қарор дорад. Як родёи маҳаллӣ бо номи “Дунёи навин” дар Чоркор мавриди инфиҷор қарор гирифт. Чанд рӯз қабл дафтари хабаргузории “Пажвок” дар Нангарҳор ҳам мавриди ҳамлаи бамӣ (бомб) қарор гирифт. Ин маворидест, ки моро зиёд нигарон месозад ва табиист, ки болои вазъияти расонаҳо ва журналистон таъсири ногувор дорад”.

Озодагон: Дар ҳоле ки ҳукумати Ваҳдати миллӣ иқтидори инро надорад, ки ҳатто амнияти ниҳодҳои ҳукуматиро таъмин кунад, амнияти дафтарҳои расонаҳо чӣ гуна таъмин мешавад?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Ончи расонаҳо ва журналистони Афғонистон бар он бовар доранд, пойбандӣ ба меъёрҳои журнализм аст, ки то ҳадде амнияти журналистонро таъмин менамояд. Яъне, усулу асосоти журнализм ҳам озодӣ ва таъодул дар хабар аст, инро дар назар гирифтанд. Ва ин боиси он шуда, ки мавриди ҳамлаи кадом гуруҳе қарор нагиранд. Чун он чи вуҷуд дорад, мавзӯи собит сохтани бетарафии расонаҳост. Ҳар бор расонаҳо барои ҳама инро собит месозанд, ки мо ба ҷиҳате тааллуқ надорем, озодона кор мекунем ва он чи воқеоте, ки дар кишвар рух медиҳад, онро инъикос мекунем. Замоне ки воқеият ба ин шакл инъикос меёбад, табиист гуруҳҳое, ки дар садади аз байн бурдану инфиҷору эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд, расонаҳоро бо ниҳодҳи давлатӣ тафкик мекунад. То ҳол ба ҷуз ҳамин яке ду мавриде, ки тоза аст инфиҷор дар ниҳодҳои расонаӣ, дар идороти родю ва тилвизюнро надоштем”.

Озодагон: Дар собиқ ин ҳодисаҳо набуд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Мо зиёд шоҳиди ин тур маворид дар бахши расонаии Афғонистон набудем ва дар ин рӯзҳо, ки зиёд аст, боиси нигаронии ҷомеаи расонаии Афғонистон мебошад”.

“РАИСҶУМҲУР МУСТАҚИМАН БА ХУДИ ЖУРНАЛИСТОН ТАМОС ГИРИФТ”

Озодагон: Ҳарферо, ки расонаҳо мегӯянд, интиқодотеро, ки журналистон мекунанд аз ҳукумат, аз ниҳодҳои дигар ва аз мушкилу навоқиси ҷомеа ба он чӣ гуна расидагӣ мешавад аз ҷониби ҳукумат? Бисёр таъсиргузор аст ё хеле кам?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Бисёр хуб аст. Баъд аз ҳукумати Ваҳдати миллӣ чанд мавридеро пеш омад, агар чи мавориди бисёр истисноист. Журналистон дар саҳфаи Фейсбуки худ навиштанд ва гузоришотеро ки нашр карданд, раисҷумҳур мустақиман ба худи журналистон тамос гирифтанд. Ин бисёр истисноист, ки мо се моҳ қабл шоҳидаш будем. Он чи имрӯз дар Афғонистон таъсиргузор аст ва то андозае метавонад ислоҳот биоварад ҳамин расонаҳост, ки қазоёро такмил гузориш мекунанд ва ҳукуматро қонеъ месозанд, ки воқеан навоқисе вуҷуд дорад. Дар ин росто аз тарафи худи ҳукумат ҳам баррасиҳо сурат мегирад ва то ҳадде таъсиргузор ҳаст”.

Озодагон: Бале, як мавриди дигарашро мо ҳам шоҳидем. Баъди қатли бисёр ваҳшатангези Фархунда дар Кобул, як муовинхонуми вазири фарҳанги Афғонистон бо исми Симин, ки аз қотилон дифоъ карда буд, баъдаш бо интиқодоти шадиди расонаҳо аз вазифа барканор шуд.
Дар вилоёти дурдаст расонаҳо чи вазъ доранд, журналистҳо чӣ ҳолеро паси сар мекунанд? Масалан доред вилоят ё вулусволиву қарияҷотеро, ки онҷо аз журналистон рангу бӯйе набошад?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Баъзе вилоёти Афғонистон нуқоти сабъулубур ҳам доранд ва расонаҳои маҳаллӣ ҳам аз лиҳози будъи нашарот тобеи муҳит ҳастанд. Ҳар гоҳе, ки муҳит барои онҳо омода намебошад, побанд ҳастанд. Мо ин тур радиоҳои маҳаллӣ зиёд ҳам надорем, ки аз тамоми воқеаҳои Афғонистон огоҳӣ пайдо кунанд ва паёме барои ҳама бидиҳанд. Дар қисмати рӯзномахонӣ ҳам ин бисёр мушкили ҷиддии мардуми Афғонистон аст, ки ин фарҳанг ба он ҳадде, ки эъҷоб мекунанд, ниҳодина нашуда. Ва дастрасӣ ба маълумот дар минтақаҳои хеле дурдаст мумкин нест. Дар шаҳрҳо ва марокизи вилоёту вулусволиҳо ин вазъият фарқ мекунад”.

Озодагон: Дар баробари Анҷумани Шумо боз чӣ теъдод ниҳодҳои дигар вуҷуд доранд, ки аз ҳуқуқи журналистон дифоъ мекунанд ва чӣ нақше дар ин баробар мегузоранд? То куҷо ҳарф ва мавқеъҳое, ки инҳо мегиранд, таъсиргузор аст ва то чӣ ҳад расонаҳо метавонанд ба қудрат ва ҳайсияти онҳо эътимод кунанд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Анҷумани журналистони озоди Афғонистон, ки тамоми ниҳодҳои журналистик ва тамоми ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Афғонистонро мутаҳҳид кардааст, ба ҳамин асос аз тарафи федератсиюни байналмилалии журналистон дар соли 2003 эътироф шудааст. Магар боз бо далоили гуногуне хеле аз ниҳодҳои ворид дар Анҷумани мо ҳар кадоме корҳои худро ба шакли мустақилона оғоз карданд, ки ҳама барои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон мебошанд. Анҷумани мо ҳимояти Федератсиюни байналмилалии журналистон ва Гузоришгарони бидуни марзро дорад. Мо дар қазияҳое, ки ба вуҷуд меоянд, бисёр ҷиддӣ амал мекунем. Мавориде, ки боиси тазъифи озодии баён дар Афғонистон мешавад, онҳоро ёддошт ва ба раёсатҷумҳурӣ месупорем. Мо бо ҳамоҳангӣ бо дигар ниҳодҳо раисҷумҳурро қонеъ намудем, ки навоқисеро, ки дар қонуни расонаҳо ва қонуни ҳаққи дастрасӣ ба маълумот вуҷуд дорад, ба он таҷдиди назар кунанд ва раисҷумҳур ваъда супурданд, ки барои рафъи навоқисе, ки қонун дорад, расидагӣ мешавад”.

ВИДЕОИ СУҲБАТ БО МУҶАДДАДӢ (ҚИСМИ 2)



Озодагон: Ҳамин озодии баёне, ки Шумо аз вуҷудаш дар Афғонистон ситоиш кардед ва мекунед бар иродаи раисҷумҳур ва ҳукумати Ваҳдати миллӣ бастагӣ дорад ё бар қавонин? Чун дар суҳбати мо мушоҳида мешавад, ки Шумо зиёд таъкид мекунед бар мавзеъгириҳои раисҷумҳур.

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Табиист, ки бештар мутаккӣ бар қонун аст ва агар раисҷумҳур ҳам барои озодии баён арҷ мегузорад, баргирифта аз қонунҳои Афғонистон аст”.

Озодагон: Агар иродаи раисҷумҳур дар баробари расонаҳо ва озодии баёне, ки вуҷуд дорад, тағйир кунад, мешавад гуфт, ки фазои ҳокиме, ки вуҷуд дорад мувоҷеҳ ба мушкил шавад ва ё тағйир кунад ба тарафи манфӣ?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Баъзе навоқисе, ки дар қонунҳои ёдшуда аст ва агар ниҳодҳои журналистик ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ба ҳадде қодир шаванд, ки навоқисро рафъ кунанд ва дар қонуни расонаҳо таъдил биёяд, қисме, ки тавонистанд Комиссиюни расидагӣ ба шикоёти расонаиро аз саҳна дур кунанд, мутмаинам, ки агар иродаи раисҷумҳур ҳам тағйир мекунад, боз фазои озоди расонаҳо наметавонад дигаргун шавад”.

Озодагон: Аз суҳбат ҳамин хел хулоса мешавад, ки феълан дар Афғонистон давлат, яъне ҳукумат кадом мушкилеро бо расонаҳо надорад. Агар ҳам вуҷуд дорад, мақомоти поинрутба ҳастанд, ки барои аз даст нарафти манофеашон ин корро мекунанд. Вале агар қазияҳои додгоҳӣ миёни рӯзноманигорон ва ҳар мансабдор ё ниҳодҳои давлатӣ ба вуқӯъ биёяд, қозӣ бар чӣ бештар такя мекунад? Назар ба сатҳи фасоде, ки дар ҷомеаи Афғонистон вуҷуд дорад, зиёд аст мавридҳое, ки ҳуқуқи рӯзноманигорон поймол бишавад?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Аз фасоде, ки дар Афғонистон ёддоварӣ мешавад, дар қисмати ҳуқуқи рӯзноманигорон, қазияҳоеро, ки мо шоҳид будем, ҳеч гоҳе додгоҳ ё додситонии кулл натавонистанд, ки бо фасод дар ҳуқуқи журналистон рахна кунанд ва ин заминаҳо мусоид нашуда. Зерои қазияҳои расонаиро тамоми ниҳодҳои маданӣ ва худи расонаҳо тавре таъқиб мекунанд, ки аслан маҷоли нуфузи фасодро дар ниҳодҳои адлӣ ё қазоии Афғонистон намегузоранд”.

Озодагон: Зиёд аст қазияҳои додгоҳии марбут ба журналистон?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Мо зиёд чунин қазияҳоро надорем. Ду-се мавриде дар солҳои пешин, ҳудуди 5 сол пеш вуҷуд дошт, ки марбут ба иҳонат ба дин буд, ки бар асоси шариати муҳаммадӣ рӯйаш тасмим гирифтанд. Ин ки ашхоси алоҳида ва ё ниҳодҳои давлатӣ болои журналистон иддао дошта бошанд, мо ин гуна баҳсҳои додгоҳиро надорем”.

Озодагон: Мавридҳое ҳаст, ки журналистон барои муддатҳои тӯлонӣ ба маҳбас ё ҷаримаҳои ҳангуфт андохта шаванд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Дар қазияҳои расонаӣ мо чанд соле пеш Парвизи Комбахшро доштем, ки билохира аз сари миёнҷигарӣ аз Афғонистон ихроҷ шуд ва аз касоне, ки ба зиндон рафта бошад, ба истиснои ин ки ман худам 4 моҳро дар маҳбас сипарӣ кардам, тақрибан қазияи дигар надорем”.

Озодагон: Қазияи Шумо ба чӣ бармехӯрд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Ман аз ҷумлаи журналистони маҳаллӣ ва вилоятие будам, ки зиёд ба хостаҳо ва фармоишоти мақомоти маҳаллӣ тан намедодам. Мушкилоте, ки пеш меомад, Гузоришгарони бидуни марзро ҳам дар ҷараён мегузоштам, вале дасисае шуд, ки моро андохтанд ба зиндон”.

Озодагон: Далели ба зиндон андохтани Шумо чӣ буд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Маро рабт медоданд ба мухолифин ва равобит бо мухолифин”.

Озодагон: Мухолифин, яъне кӣ?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Ба Ҳизби исломӣ ва “Толибон”.

Озодагон: Яъне, ба Ҳикматёру инҳо?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Бале, Ҳикматёру Мулло Умару инҳо”.

Озодагон: Тарафи дигари қазия кӣ буд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Давлат буд. Амнияти миллии вилоят ва волии вилоят. Ончиро, ки ман метавонам ба сароҳат бигӯям, ки додгоҳ дар қазияҳои расонаӣ бетарафона амал карда, қазияи худам ҳаст, ки фишори зиёд аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ буд, ки ҳадди ақал аз тарафи додгоҳ як рӯз ҳабсро барои ман таъйид кунанд. Аммо додгоҳ одилона ҳукм содир кард ва маро раҳо намуд”.

“РАВОБИТ НАТАНҲО БАЙНИ РАСОНАҲО, БАЙНИ МАРДУМ ҲАМ ЗИЁД ВУҶУД НАДОРАД”

Озодагон: Ба ояндаи расонаҳо, ба рушди расонаҳо дар кишваратон то куҷо хушбин ҳастед. Боз чи чизҳое зарур аст, ки расонаҳо битавонанд рушд кунанд ва дар ниҳодина сохтани мардумсолорӣ ва дар ниҳодина кардани озодии баён нақш бигузоранд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Он чи Шумо гуфтед, фикр мекунам ба ҳадди тавон анҷом шуда. Магар бештар аз ин ки фикр кунем, Афғонистон метавонад барои озодии баён таваҷҷуҳ дошта бошад, дар роҳи рушдаш буҳроне, ки Афғонистон ба он саропо печидааст, меистад”.

Озодагон: Манзури Шумо буҳрони сиёсист ё буҳрони иқтисодӣ?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Буҳрони амниятӣ, буҳрони сиёсӣ ва дар канораш ҳамун қисме, ки Шумо ёдоварӣ кардед аз ҳимоятҳои ҷаҳонӣ. Вале дар ҳоли ҳозир барои мо амният бисёр муҳим аст, ки рӯз ба рӯз пойи журналистонро аз рафтан ба манотиқи дуртар аз шаҳрҳо кӯтоҳ месозад. Ин аз ҷумлаи чолишҳоест, ки дар оянда ҳам монеи рушд накардани расонаҳо мешавад”.

Муҷаддадӣ: Озодии баён дар Афғонистон ба иродаи раисҷумҳур бастагӣ надорад (ВИДЕО)Озодагон: Тоҷикистон ва Афғонистон дар канори ин ки ҳамсоя ҳастанд, боз муштаракоти зиёди фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ дорем ва албата мешавад гуфт, ки як миллате ҳастем, ки дар ду тарафи Омӯ ба сар мебарем. Вале шинохти расонаӣ, табодули расонаӣ ва ҳамкориҳои расонаие, ки феълан миёни мо вуҷуд дорад, аз назари Шумо кофиянд? Оё ба андозаи кофӣ ин зарфиятҳо истифода шудаанд?

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Дар ин маврид, ман минҳайси як журналисти афғон қатъан қонеъ нестам. Муштаракоте, ки байни мо вуҷуд дорад, аслан равобит натанҳо байни расонаҳо, байни мардум ҳам зиёд вуҷуд надорад. Нишастҳое, ки бо ниҳодҳои расонаии Шумо доштем, таъкид бар ин шуд, ки ҳамкориҳо бештар шаванд”.

Озодагон: Дуруст аст. Бибинед, ки тақрибан ҳеч расонаи мо дар Афғонистон ва ҳамчунин ҳеч расонае аз Шумо дар Тоҷикистон на бунгоҳи хабарӣ дораду на хабарнигор. Мо ҳам умедворем, ки ин ҳамкориҳо густариш пайдо кунанд.
Бисёр хуш шудем, ки ин суҳбатро бо ҳам доштем ва умедвор ҳастем, ки мавридҳои зиёд бо ҳам суҳбат доша бошем.

Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ: “Ташаккур, саломат бошед. Умед мекунем, ки журналистони ду кишвар аз лиҳози маслакӣ наздик шаванд”.

Озодагон: Ин умедвориро мо ҳам дорем ва умед мекунем, ки субот ва амният дар Афғонистон ҳамеша ба вуҷуд биояд.
Мӯҳр
2
Афғонҳо дар Тоҷикистон бунгоҳи хабарӣ доштанду хабарнигор доранд. Аз ҷумла тв Нурин дар Тоҷикистон дошт. Ҳашти субҳ намоянда дорад))

точикистони
Сухбати хуб..... лахчаи бисёр бегонаро истифода карди! Суханхои Шуморо бе истифодаи лахчаи ......... итминон дорам, ки хамсухбататон хеле хуб дарк мекард.

Суҳбати бисёр професионалӣ. Саволҳое дода шудааст, ки заруриянд ва аз ин суҳбат вазъи озодии баён дар Афғонистон шинохта мешавад. Ҳамин бачаи журналист ҳаминхел ба назар мерасад, ки дониши хуб дорад. Худованд дар ин рамазон боз муваффқтар кунад Шуморо!

Юсуф
ба ёд дошта бошед ки Муҷададиҳо дар Афғонистон ҳеҷгоҳ позитсия мушаххас надоштанд ва ватандори хуб набуданд бештар бо истихбороти Покистон кор мекарданд ва бар зидди Масъуди шаҳид буданд агар Сибғатулло Муҷаддади ки аввалин президенти муваққати АФ буд чеки 10 миллиони Навоз Шарифро намегирифту ба ҷои Покистон ба гапи Мсъуду Устод Раббонӣ, Устод Саёфу миллати Афғонистон мекард шояд Афғонистон масири беҳтареро мерафт!

Дар нохияи Кухистони Мастчох хамаи мардум шабакахои телевизиони Афгонистон ро тамошо мекунанд.... Гайр аз ин нохия дар дигар нохияхорам шабакахои Афгонистон фаъолан д...

Ман телевизонхои АФГОНИСТОНРО тамошо мекунам. Барномахои хеле чолиб дорад. Хато як барномае дорад, ки мардум фикрхои худро ошкоро баён мекунанд. Озодии сухан дар ончо вучуд дорад. Журналистонаш нони худро халол мекунанд. Дар мо бошад дар хамма сфера хушомадгуию вучуд дошта журналистони мо ягон чорчуба надоранд. Хато агар хонанда ошкоро сухани худро баён кунад, аз чопи суханони у рузномахои мо худдори мекунанд. Агар далату хукуматро таърифу тавсиф куни зуд чоп мекунанд.Барои хамин мо солхост ки пеш нарафта ва кадру кимати шахрвандиро дар хорич гум кардаем. Дар як давлати чангзада ин кадар пешрави шудаистодааст, аммо дар мо не. Озодагон ! Ман бисёр менависам аммо чоп намекунед, чунки ман гапхои ростро менависам. Шумо бояд дар худ табадулот ташкил кунед. Ягона хизби опозициони низ бархам хурда истодааст ва давом ин хам шумову хоким боки хамма таъриф. Рахмат ба ЭШ Рахмонову молодец М Убайдулоев......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)