Бахшҳо
22 июн 2015 09:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Амри Хадамоти алоқа: 80 дирам аз ҳар симкорт дар як моҳ

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон муштариёнашонро огоҳ кардаанд, ки минбаъд ҳар моҳ аз ҳар симкорти фаъол 80 дирами иловагӣ ситонда хоҳад шуд.

Тибқи иттилоияи ширкатҳои мобилии ТСЕЛЛ, Вавилон, Мегафон ин иқдом аз 1-уми июли соли равон амалӣ шуда, дар асоси супориши мақомоти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар иттилоияи ширкатҳо аз ҷумла омадааст, “дар асоси фармоиши Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1-уми июли соли равон пардохти муштарипулии ҳармоҳа барои истифодаи рақам 80 дирам ситонда мешавад”.

Аз ширкати ТСЕЛЛ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин маблағ танҳо аз рақамҳои фаъол гирифта мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар кишвар феълан ҳудуди 6,5 миллион симкорти фаъол дар дасти мардум мебошад. Бармеояд, ки дар пайи роҳандозии пардохти нав ҳар сол 62 миллион сомонӣ аз кисаи мардум гирифта шуда, ба буҷаи давлат ворид мегардад.

Муштарипулии нав баъди он ҷорӣ шуд, ки ахиран Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро дар як моҳ аз 10 дирам то ба 1,82 сомонӣ боло бурд.
Мӯҳр
ормон
Вой бар холи мардуми бечора....

Амридин
Бечора кисахояшон холи шуд мухочиро дига пул рои накардан акун аз пули симкарта пуркунии кисахояшон сар шуд.

e neki iyo sof gzarondan, aybay maxod marduma hamika azob tien.
Dar digar davlatho dar nomerat sum meguzaroni boz dakikahoi ilovagi yane bepul bedihad bayni xudi shirkat.

Ammo inxelashro nav fahmidem, xudash narxi har yak dakika kimmat ast boz az inash pul giren

ВОЙ ДОООООД, БОЛОИ ХАЛК ИН КАДАР ВАЗНИНИ КАМ НАБУД МАГАР, КИ БОЗ ИНАШРО БОР МЕКУНЕД. КУЧО РАВЕМ, БА КИ АРЗ КУНЕМ, АЗ КУЧО МАБЛАГ ЁБЕМ, БЕЗОР АЗ ЧОН КАРДЕД ЭЙ НАХАНГХО

Шарматон бод дуздхо.

мугтари
Илтимос акаи Бек Зухур даста ай кисам бигир. так и так пул надорум.. Ин Хадамоти Алока ва Хадамоти зидиинхисори коршон факат кимат куни, яъне горати мардуми бечораву камбагал.

Хамин чо ягон чои арзу доду фарёд задан нест,ки Шумо вой бар ахволи халк гуфта вохима карда гаштен. хай чи 80 дирам барои мардум чи мешавад хеч чиз намешавад мебахшед 1 то когази хочатхона намешавад.
Шумо Рахмат гуед ва дар хаки Зухуров дуо кунед,ки 80 дирам кард ба умеди халк мешудем хозир 80 сомон мекард як сахмияра аз мардум пурсидан мардум дар тамоми нохияхо гирдихамои кардан ки сахмия дихед мода гуфта кариб ки ними мардум мурда буд.Аз хамин лихоз илтимос дорем,ки аз мардум напурсед,ки нафси мардум хело хам калон аст.

Аз пули пардаву фарошони мактаб халос нашуда бо як сомонии дигар замъ шуд. Агар ин яку панч сомонихоро чамъ куни дар як мох як халта орд мешавад.

Мухтарам чанобон, ин ба истилохи руси "ГРОБЕЖ"ном дорад.Дар ягон давлат надидам,ки чунин бетартибихо вучуд дошта бошад. Дар Афгонистони чангзада хатто чунин нест .Мухтарам сохибмансабон шумо бо чунин шева нуфузи худро дар чомеъаи точикистони паст намуда ин боис ба он мегардад,ки тахавулотеро дар кишвар ба вучуд орад,ки ба зарари шумо хохад буд. Андеша НАМОЕД!

Фирдавс
Зур кард, ки 2то 9 ошёна дар Кулоб бино мекунад. Аз ҳисоб кӣ? 80 дирами ҳалки точик.

шахрванд
Бахудо айб аст наход ки инкадар зулм кунед ба халки бечора токати мардумро ток накунед

хайрхох
рузатон ба талбидан монд ми пас дар кучахо гардед вазорат

Мухочир
ШУКРОНА КУНЕД . ОЛИ ИКАИ ДИГА ХАП КУНЕД ШУКРОНА КАРДА . ФАРДО БОЗ КОНУНЕ МЕБАРОРАНД КИ АЗ ХАР МАРД ВА ЗАНИ КОРГАР ДАР КИШВАР ОТДЕЛЬНО НАЛОГ МЕСУПОРЕН ЯГОН СУМАКИ ДИГА )) АНА БАД ЧИ КОР МЕКУНЕН ХОООЙЙ ХААЛК ??? ДАР ДИГАР ДАВЛАТХО РУЗ ТО РУЗ ТАРИФХОИ АРЗОНТАРИ МОБИЛИ КАТИ ЧАЛБ МЕКУНАНД ХАЛК РО . ДАР И КРИЗИС ХУДША ГУМ КАРДАГИЯЙ И ХУКУМАТ НАМЕДОНА ЧИХЕЛИ ХАЗИНАРА ПУР КУНА )) АЙБУ НОМУСАМ НАМОНДАСТ .

Рохгузар
Ин доми навашро аз хисоби мобилхо месозад чи айбаст


Абдулло
Хамаи ширкатхо бошад? Ба билайн ё кадоме, ки хуб аст ба он мегузарем хеч гап не. Озодагон бояд менавиштед, ки кадом ширкатхо ин конунро чори карданд кадомаш не? хуб мешуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)