Марадона президент шуданист
Диего Марадона, футболбози шинохта қасд дорад, барои курсии президенти ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол талош кунад. Дар ин бора расонаҳои маъруфи ҷаҳон хабар додаанд.
Курсии президенти ФИФА аз соли 1998 ба ин тараф дар ихтиёри Йозеф Блаттер буд. Ӯ панҷ маротиба дар интихоботҳо симматашро ҳифз кард, аммо ахиран дар пайи қазияи ришвахории мақомҳои баландпояи ин ниҳод аз мақом истеъфо дод.
Қабл аз Марадона панҷ нафари дигар, футболбози собиқи тими миллии Фаронса -- Давид Жинола, бозигари бразилиягӣ -- Зико, президенти пешини Анҷумани футболи Кореяи Ҷанубӣ -- Чон Мончун, шоҳи Урдун -- Али бин Ал-Ҳусейн ва президенти Анҷумани футболи Либерия -- Мусо Билити аз тасмими худ барои муддаии курсии раҳбари ФИФА шудан хабар додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |