Бахшҳо

Қонуни нави шаҳрвандӣ: Ализода гуфт, кӯдаки чиниҳоро намедиҳем, агар... (ВИДЕО)

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июн қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон” дар таҳрири навро қабул кард. Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ё худ омбудсмени тоҷик зимни муаррифии лоиҳа гуфт, мақсади лоиҳа танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои шаҳрвандӣ буда, принсип ва шартҳои тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Тоҷикистонро муайян месозад.

Зариф Ализода, иброз дошт, ки тибқи ин лоиҳаи қонун афроде, ки забони давлатиро намедонанд, ё дар таъқиби ҷиноӣ қарор доранд, ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул карда намешаванд. Номбурда гуфт, фарзандхон кардани кӯдаки шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун асос барои пешниҳод кардани имтиёз ҷиҳати қабули шаҳрвандии Тоҷикистон аз лоиҳаи ин қонун дар таҳрири нав хориҷ карда шуд, зеро ба қонунҳои амалкунанда мухолифат мекунад.

Омбудсмени тоҷик қайд намуд, ки ҷиҳати пешгирии бешаҳрванд гаштани кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ як қатор меъёрҳои нав дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст: “Вақти аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон тибқи моддаи 26 қисми 2-и лоиҳаи мазкур кӯдаки ӯ, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, тариқи автоматӣ шаҳрвандии Тоҷикистонро гум мекунад ва тибқи ҳамин модда мо пешниҳод мекунем, ки ба шарте, ки кӯдак бешаҳрванд нашавад, яъне ӯро то синни 14 солагӣ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дорем”.



Баъди баҳсу баррасии масъалаи нигоҳ доштани шаҳрвандии кӯдак вакилон ба хулосае омаданд, ки агар волидони кӯдак дар сурати даст кашиданашон аз шаҳрвандии кишвар шаҳрвандии ягон кишвари дигарро надошта бошанд, шаҳрвандии кӯдаки онҳо нигоҳ дошта мешавад. Яъне шаҳрвандии кӯдак танҳо дар ҳоле қатъ мегардад, ки агар падар ё модараш шаҳрвандии кадом кишвари дигарро дошта бошанд.

Ализода дар идомаи баромадаш афзуд, ки ин қонун инчунин ба хотири пуштибонӣ аз шаҳрвандон дар хориҷи кишвар таҳия шудааст: “Агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шаҳрвандии дигарро қабул кунанд ва Тоҷикистон бо он кишвар созишнома дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад, ин афрод аз шаҳрвандии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд”. Омбудсмени тоҷик илова кард, минбаъд кӯдаке, ки дар Тоҷикистон аз шахси бешаҳрвандӣ таваллуд мешавад, ба шаҳрванди кишвари мо пазируфта мешавад. Ализода мисол овард, ки агар як чинӣ дар Тоҷикистон кӯдакдор шаваду бешаҳрвандӣ аст, мо кӯдакашро ба Чин намедиҳем.

Зариф Ализода гуфт, тибқи лоиҳа муҳлати баррасии дархостҳо ва пешниҳодҳо барои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ ва ё қатъи он як сол муқарар шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи ин қонунро хеле муҳим хонда, иброз дошт, ки он бояд тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои миллӣ қабул гардад ва дар ин бора назари Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро пурсид, ки дар ҷаласаи парлумон ҳузур дошт. Ятимов таъйид намуд, ки ин масъалаи бисёр муҳим аст ва бояд дар пайи баррасии мӯйшикофона қабул шавад. Ӯ афзуд, ки феълан дар масъалаи бешаҳвандӣ Тоҷикистон бо афроде, ки аз Афғонистон омадаанд, ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Қабули қонун “Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон” дар ҳолест, ки бисёре аз шаҳрвандони кишвари мо солҳои охир соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, аммо ба гуфтаи коршиносон ин раванд мушкилзо нест, чун Тоҷикистон бо Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ дорад.
Мӯҳр
Шахрванд
Омбудсмени точика дилаш аз мардони чини пур ё аз занхои точик?

Илтимос Ализода аз ин фикратон гардет ба ногоҳ ин иқдоми гирифтаатон ба гӯши Чиниҳо расад тамом ҳамаш омада дар Тоҷикистон издивоҷ мекунад монед ҳамин сарзамин аз они фақат тоҷико бошад худаш бе инҳам ҳаргуна милатҳо ватанба зиёд шусос ки боиси нигарони асттт.

Ali
Аз суханони Ализода чунин бармеояд, ки аз қонуни мазкур бештар табори ғайри тоҷик бурд мекунанд, на он тоҷиконе, ки имруз бо амри тақдир дар кишварҳои хориҷи, аз ҷумла Аврупо ва Амрико иқомат доранд ва дар баробари шаҳрвандии ин кишварҳо боз мехоҳанд бо ватани аҷдодиашон низ алоқаманд бошад. Бештари онҳо аҳли илму фарҳанг ва мутахассисони хуб ва номбардори кишвари тоҷикистон мебошанд. Чи хел мешвад, ки онҳо ба ватани худ бо виза сафар кунанд ва чинои бо зани тоҷик издивоҷ карда, насли ин қамви сершуморро боз афзунтар гардонад. Мантиқ дар куҷо???

Саломун алайкум
Бародарон ин фикр ва ин қонун иштибоҳ аст дар мудати тулони миллати Тоҷикро нобуд карда ва ба хусус чиниҳо ва бегонагонро зиёд мекунад. Дар натиҷа миллати Тоҷик нест мешавад ва оқибати баде дорад, илтимос дар ин масъала бисёр фикр кунед бад ҳарф бизанед ва ё қонуне бароред.

Ин конунхоятон зидди миллати точик ва ба фоидаи чинихо. Бе ин хам аъчучу мачучхо аз бисер манфиатхо бархурдоранд- мисли озод аз андозхо ва дигару дигар. Конуни шахрвандии давлатхои дигар аз шахрвандхояш мухофизат мекунад, дар мо бошад баръакс.

Ozod
Chiniho kame pul kumak kardand wa tamomi xostahoyashonro hukumati imruza qonuni mekunand... aybast waqte shumo az nomi millat suhbat mekuned kore karded ki tojik az tojik budanash sharm medorad

миллат
Конун холо хом аст ва бисер бахснок аст. Мегуянд, ки душахрванди ба мо хатар надорад, аммо худ агар шахрванди Точикистон дар гарб сохиби шахрвандии он давлат шавад, тарики автомати шахрвандии Точикистонро гум мекардааст. Пас барои он ки дар хакикат точикистониенро дар хорич мухофизат намоед бояд бо вучуди шахрвандии бегона шахрвандии Точикистонро насибаш монед!!!

muhtaram ambudsmen, kadom devona mexohad shahrvandii tojikistona qabul kunad. xudi mardumi tojik shahrvandii digar davlathoro qabul karda istodaand, shumo meged ki agar yagon kas shahrvandii tojikistona qabul kunad
Ozodagon iltimos chop kuned...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)