Бахшҳо

422 ҳолати наомадан ва осеб дидани бағоч дар фурудгоҳи байналмилалӣ ошкор гардидааст

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тайи нӯх моҳи соли равон ба беш аз 454.228 нафар мусофир хизмат расонид, ки ин нишондод дар қиёс ба соли гузашта 0,56 % зиёд мебошад.


Дар ин бора Азиз Ибрҳимов, муовини сарвари кулли фурудгоҳи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод иброз дошт. Тавре ба «Озодагон» аз ин муассиса хабар доданд,    ҳамчунин қайд карда шуд, ки фурудгоҳи Душанбе бо 22 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат 352. 957 мусофир ба пойтахт ташриф овардааст, ки ин миқдор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 % зиёд мебошад. Дар тӯли 9 моҳи соли равон 1.966 тонна бор интиқол  дода шуд, ки нисбати соли гузашта  23,2% бештар мебошад.   Наомадан ва осеб дидани бағоҷи мусофирон дар 422 ҳолат муайян карда шуд, ки аз ин 419 ҳолат қонеъ гардонида шудааст ва 3 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Фирӯз Эшонқулов, сардори сарраёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар, фаъолияти корхонаро мусбӣ арзёбӣ намуда гуфт, ҷамъбасти 9 моҳи соли ҷорӣ аз ибтидо хотирмон буд, зеро ба чорабиниҳои байнидавлатие, ки дар ин муддат баргузор гардид, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми қабул ва гусели меҳмонони зиёд  хизмат расонид. Хусусан, ҳангоми гузаронидани Кунгураи сарони кишварҳои ИДМ ва ҷаласаи чоргона, таҷлили 20 солагии истиқлолият фаъолияти дастаҷамъонаи хадамоти фурудгоҳ бо дигар сохторҳои марбути соҳа ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ баръало маълум гардид.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)