Бахшҳо

Тавсияи Тураҷонзода ба муҳоҷироне, ки ҳамсарони худро бурда наметавонанд

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тавсия додааст, ба ҷойи издивоҷ бо занони рус бо ҳамватанони худ, ки дар ин кишвар машғули коранд, ақди никоҳ банданд.

Ин тавсияро руҳонии тоҷик ба муҳоҷироне додааст, ки дар Русия имкону шароит барои бурдани ҳамсаронашон аз Тоҷикистонро надоранду бо занони рус издивоҷ мекунанд. Эшони Маҳмудҷон гуфтааст, “тавсияи банда ба бародарони муҳоҷир ин аст, ки агар имконият бошад, занони ватании худро назди худ баред. Ва агар шароити мусоид барои чунин амре надошта бошед, пас беҳтар, ки бо хоҳарони мусулмони муҳоҷири худ, ки мутаассифона, шумораи онҳо дар ҳиҷрат хеле зиёданд, издивоҷ кунед”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд издивоҷи мардони мусулмон бо занони покдомани аҳли китоб (християн ва еврей) аз нигоҳи шариати исломӣ дуруст аст, вале фуқаҳо бо истифода аз ривоятҳо никоҳи онҳоро дар дорул-ислом(Давлат бо ҳукумати исломӣ) бидуни кароҳият ва дар дорул-куфр (Давлат бидуни ҳукумати исломӣ), мисли Русия бо кароҳият ҷойиз гуфтаанд: “Яъне, дар дорул-куфр то зарурат наафтад авло ва афзал ба занӣ нагирифтани онҳост. Албатта ин кароҳият ба хотири солим ва солиҳу шоиста набудани муҳити зиндагии онҳо аз назари диёнату тақво ва эҳтимоли мутаассир гаштани марди мусулмон ва фарзанди ӯ аз куфри эшон аст”.

Руҳонии тоҷик дар идома аз мардони мусулмон, ки ҳоло бо занони аҳли китоб ақди никоҳ бастаанд, даъват кардааст, барои берун шудан аз ҳукми кароҳат ва ё ҳолати макруҳӣ талош кунанд, онҳоро мусулмон кунанд, “зеро ҳадаф аз издивоҷ дар Ислом танҳо шаҳватронӣ ва лаззатҷӯӣ набуда, балки мақсад аз он ҳифзи дину диёнату тақво ва ба даст овардани фарзандони муъмин ва солиҳу шоиста аст. Худо накунад, фарзандони аз занони аҳли китоб таваллудшуда пайрави оини модар ва ё бе Худову атеист шаванд. Он гоҳ падари мусулмон андешаи масъулият ва ҷавобгарии назди Худоро аз рӯи ин фарзандҳо дошта бошад”.
Мӯҳр
мухочир
салом эшони доммулло сабаби ба занхои рус издифвоч кардани мо мухочиро пеш аз хама дар доштани манзили арус ва шароити хуб хам набошад ,аммо мутавассит мебошад. Вакте, ки мо ба хохарони мусулмони худ, ки мисли мо на чои хоб доранду на шароити омодаи гизо издивоч карда шароит пайдо кунем пас чаро заньои худро набарем...

Фарух
Бехтарин насихат хазратчон Аллох нигахбонут бошад ва душмонони Оли Турачонзодахоро нобуд кунад.омин

Мухтарам ешон мухочирон занхои русро ба хотири прописка.чои хоб. гражданство занхои точикро чи кор мекунанд дарди сар дар гариби

Рохгузар
Енды худуш мерава аз Дангара якта зани ката мегирм. Ээээ вой пырм ээээ....

чобир
ин тучонзодахо ба гайр аз мутила кардан кори дигар надоранд, аз ин ру мавкеъ ва мартабаи як ки барои сохибаш алафро мекашонад аз тамоми оилаи турачонзодахо дар харду олам болотар аст.

самира
мехостам аз Турачонзода пурсам, ки мардхо бо занони дигар издивоч кунанд аммо занхои онхо, ки аз 2 то 5 соли мардхо бо занхои нав мебошанд Чи кор кунанд???????????????????????????????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)