Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 январ 2017, 11:00

КМИР барои посух гуфтан ба нозирони САҲА гуруҳи корӣ таъсис дод

2 июл 2015, 10:14

Масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯянд, барои посухи расмӣ гуфтан ба гузориши ниҳоии нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба натоиҷи интихоботи парлумонии якуми марти кишвар, як гуруҳи корӣ таъсис додаанд.

Тавре аз КМИР хабар доданд, ба ҳайати ин гуруҳи корӣ 7 узв ва намояндаи масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шомиланд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли равон баргузор шуда, барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, ки аксари онҳо намояндаи яке аз 8 ҳизби сиёсӣ буданд, вориди рақобат шуданд.

Бар асоси натоиҷи интихобот, ки КМИРТ эълон кард, ҲХДТ бештари курсиҳоро соҳиб гардидааст. Ин ташкилоти сиёсӣ бо дарёфти аксари оро танҳо аз рӯйхати ҳизбӣ соҳиби 51 курсӣ дар парлумон шуд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон, ки дар парлумони гузашта ҳар кадом соҳиби 2 курсӣ буданд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд.

Нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, наметавонанд бигӯянд, ки интихоботи парлумонии рӯзи якуми марти Тоҷикистон шаффоф ва озод буд. Миклош Ҳарастӣ, раиси Миссияи нозирони интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар як нишасти хабарӣ он вақт муҳимтарин нуктаи интихоботро дар фазои амну субот баргузор шудани он қаламдод кард, аммо гуфт, наметавонанд, онро шаффоф бигӯянд. Ӯ аз чанд ҳолати қонуншиканӣ, назири ба ҷои чанд нафар овоз додани як тан ва такроран, то даҳ маротиба раъй додани як нафар ишора кард ва гуфт, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натавониста, барои аъзои комисия дастур бидиҳад, то ҳувияти интихобкунандаҳо мушаххас гардад. Ба қавли ҷаноби Ҳарастӣ, онҳо наметавонанд бигӯянд, ки интихоботи гузашта аз ҳукумат вобаста набуд, “зеро дар ҳайати комиссия кормандони ҳукуматӣ ворид шуда буданд, хусусан дар шумориши оро”.

Ба назари нозирони САҲА аз 50 то 70 дарсади оро дар шароити бисёр бад ҳисоб шудааст, ки нишондиҳандаи бисёр нигаронкунанда мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!