Бахшҳо

Талош барои таъсиси созмони бузурги ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Як ширкати тоҷикистонӣ қасд дорад, бо таъсис додани созмони бузурги ҳарбӣ миёни 12 кишвар бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мубориза барад.

Бахтиёр Бӯриев, раҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Орзӯи шумо” мегӯяд, ба роҳандозии як созмони бузурги ҳарбие иқдом кардаанд, ки тавони муқобила бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеаро дошта бошад. Ӯ гуфт, мехоҳанд ба ҳайати созмони мазкур 12 кишвари минтақа ва ҷаҳон, бо шумули Тоҷикистон, ИМА, Русия, Қазоқистон, Покистон, Афғонистон ва Чинро ҷалб созанд: “Аллакай ба кишварҳое, ки мехоҳем ба ин созмон шомил бошанд, мактуб равон кардем. Чор давлат розигии худро дод. Ҷавоби ҷумҳуриҳои дигарро интизорем”.

Бахтиёр Бӯриев афзуд, барои ба ҳадаф расидан дар ин самт ба дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ниёз доранд. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Раҳматилло Зоиров, ҳуқушиноси шинохтаи тоҷик, бар асоси қонунгузории кишвар як ташкилот ва ё иттиҳодияи ғайридавлатӣ наметонанд созмони ҳарбӣ ташкил намояд.

Ташкилоти “Орзуи Шумо” моҳи марти соли равон таъсис ёфта, ба гуфтаи муассисонаш фаъолиятҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иҷтимоӣ ва ихтироъкорӣ мебарад.

Бахтиёр Буриев, раҳбари ширкат мегӯяд, дар моҳи сентябри имсол озмуни ҷумҳуривии “Беҳтарин хонандаи сол”-ро баргузор хоҳанд кард: “Барои ҷои аввал нишони тило, 10000 сомонӣ, се моҳ забономӯзии ройгон ва пардохти маблағи чор соли таҳсил дар донишгоҳ дода мешавад. Ғолиби ҷойи дуюм 8000 сомонӣ, медали нуқра ва туҳфаҳои маишӣ мегирад. Ҷойи севвум бо медали биринҷӣ ва туҳфаҳои маишиву техникӣ сарфароз гардонида мешавад”.
Мӯҳр
Абдулло
Ман чонибдор аммо ИМА ро куш накунед дигараш хуб мешавад. Зеро бо шумули чонибдор будан аз тероризм бо Р ва Чин душман аст...

Ислохотхох
Бахтиёр Буриев шахсияте мебошад, ки дар сохахои маориф, тандурусти ва харбиву низоми лоихахову пешниходот дорад, аммо мутаасифона дастгири аз чониби хукумат ба вай нест...

DIPLOMAT
ИН ТАШКИЛОТА УЗБАКО ТАШКИЛ КАДАГИЯН (я так думаю из фильма)

Хонанда
ЧДММ дар хама давру замон ба фаъолияти тичорати машгул буд (аниктараш аз руйи сохтораш бояд чунин бошад) пас дакик ки паси ин ЧДММ боз кадом ишкамкалон нишаста ки мехохад бо бахонаи терроризму редикализм барои чайби худ кор кунад!

точики бепул
Шуморо ки маблаггузори менад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)