Бахшҳо

Маркази исломӣ: Даравгару нонпазу оҳангар рӯзаро бихӯранд, агар...

Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди расмии содиркунандаи фатво бо нашри муроҷиатномае аз сабукиҳо дар моҳи Рамазон барои бархе сокинони кишвар, ки ба корҳои сохтмону даравгарӣ ва истихроҷи маъдан машғуланд, хабар додааст.

Масъулини Раёсати фатвои маркази исломӣ гуфтаанд, “бар соҳибони амали пурмашаққат аз қабили даравгар, нонпаз, оҳангар ва коргарони маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт хурдани рӯза иҷоза аст”.

Инчунин, дар муроҷиатнома бо такя ба фатвои китоби “Фатовои Оламгирӣ” омадааст, “хӯрдани рӯза ба шахсони рӯзадоре, ки вакили султон онҳоро дар айёми гармо барои сохтмони иморати аҳамияти муҳимдошта сафарбар мекунад, иҷоза аст”.

Вале масъулини Раёсати фатво таъкид кардаанд, хӯрдани рӯзаи моҳи Рамазон ба афроди дар боло зикршуда, дар ҳоле иҷоза аст, ки “хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос кунанд”.

Дар идома бархе аз ҳолатҳое низ оварда шудааст, ки дар онҳо хӯрдани рӯзаи моҳи Рамазон аз нигоҳи Ислом раво аст:

1. Беморӣ (беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати Ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқ ро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст);
2. Дар сафар будан (тибқи қарори Шӯрои уламо масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст);
3. Икроҳ - яъне маҷбур кардани рӯзадор ба хӯрдани рӯза ба тариқи зӯрӣ, дар ин ҳолат рӯзадор барои худ осебро қабул накарда бояд рӯзаро хӯрад;
4. Ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад;
5. Модари ширдеҳ- модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст;
6. Гуруснагӣ - гуруснагие, ки хатари ҳалокат ва ё беморшавии рӯзадорро дорад;
7. Ташнагӣ - ташнагие, ки хатари ҳалокшавӣ ва беморшавии рӯзадорро дорад;
8. Пирӣ ва солхӯрдагӣ, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад (Фидя фақат дар ҳамин ҳолат аст ва миқдори он ба андозаи садақаи фитр аст. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас).

Мӯҳр
Ба кумитаи дин як пешниход дорам. Аз масъулини сохаи дин мехостам тамоми пахлухои сиёсати имрузаи чомеъа ва чахон, инчунин тамоми фикру андешаи чавонони имруза нисбати сиёсати Хукумат ва кумитаи Дин хуб мешуд аз Хукумат хохиш мекарданд, ки вобаста ба тачлили иди Саиди Фитр чавононро новобаста аз сину сол ба масчид рафтанро ичозат диханд. Дар холе, ки дар масчидхо имруз ба чуз аз тарбия ва ибодат дигар чизе нест. Ин икдом метавонад тухфае барои мусалмонони мо дар рузи Ид ва дахони он ночавонмардоне, ки ба гуруххои ифротгарро пайвастаанд бандад.

Ислохотхох
Агар Шурои Уламо чизхое, ки дар сураи Бакара омадагиро низ илова мекарданд бехтар буд. Масалан ба девонахо руза нагирифтан раво аст ё зани хомила, (хайзу нифос), сафару дигару дигар....

Точик
Ин фатво асос надорад балки фармоиши аст

Фирдавс
вакили султон ... барои сохтмони иморати аҳамияти муҳимдошта......... ХАХАХАХАХА

Ozodagon khohishmandam az yagon olimi sohai din hamin masalaro anik kuned, chunki to joe man az Islom khabar doram, musofir yo bemor boyad ruzaashonro ba vakti digar monand.

Ba fikri man musofir yo bemor boyad ruzaashro qazo bigirad, dar vakti digar, baroi khud munosib

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари ин ниҳод, рӯзи 3 июл дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “дар моҳи мубораки Рамазон кори нохубе шудааст, ки тамоми ходимони дин, аз ҷумла аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистону имому сархатибони масоҷиди кишварро ранҷонидааст ва ин кор фатвои бемантиқу беасоси Масъулини Раёсати фатвои маркази исломӣ мебошад”.

Дар Ислом барои чи гуна беморио хурдани руза шарт аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)