Имрӯз райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ машварати корӣ доир намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар ин нишаст масоили марбут ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, аз ҷумла иҷрои буҷети давлатӣ дар чор моҳи аввали соли равон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкорони истеҳсолӣ, пардохти саривақтии маошу нафақа ва ғамхорӣ ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт.
Мӯҳр