Бахшҳо

Мо кай ба тафаккури давлатӣ мерасем?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Аз суҳбати як мансабдори сатҳи баланд бо як нафар коруфтода, ки дар чандрӯз пеш бароям қисса кард, ба ин хулоса омадам, ки аксари мансабдорони сатҳи баланди мо, яъне вазирону раисони кумитаҳо тафаккури давлатӣ надоранд. Онҳо доштани мансабро, ки шояд аз роҳи ришват харидаанд мақоми давлатӣ дониста, худро беҳтарин намунаи давлатмард маҳсуб карда, тасаввур ва пиндорҳои худро ҳомили мафкураи давлат мешмаранд. Дар баробари худ, касонеро, ки дар мақому идороти давлат кор намекунад ба мафкураи давлат бегона ҳисобида дар мудирияти давлат шарик намедонанд. Ин шакли пиндор тафаккури давлатӣ ё давлатмардона набуда, балки як тафаккури мансабдорона (чиновническое мышление) аст.

Бадбахтона камтарини мансабдорони мо дорои тафаккури давлатӣ мебошанд ва мутаассифона бештарини онҳо бо тафаккури мансабдорона вориди ҳукумат мешаванд ва ҳукумати мо ҳам аз ин ки як ҳукумати давлатию миллӣ бошад, бештар хосияти ҳукумати мансабдоронаро ба худ мегирад. Давлатмардона фикр кардан як ибораи бисёр маъмул дар сиёсатшиносии амалӣ мебошад. Давлатмардона фикр кардан ба манъони мисли як мансабдор фикр кардан нест, балки аз мавқеи давлат ва манофеи миллат фикр карданро дар назар дорад. Давлатмардона фикр кардан на танҳо ба маънои мисли як давлатмард дар мавриди ҷомеа кишвар тасаввур доштан мебошад, балки бояд давлатмардона амал ва кор кард.

Ибораҳо ва мафҳумҳои фалсафию дар замони мо сиёсие, ки бисёр забонзад шудаанд, мисли худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ҳисс ва ифтихори миллӣ аз ҷониби ҳукумат ва мансабдорон барои он хеле бисёр суроғ мешаванд, ки худи ҳукумат натавонистааст, ки як тафаккури давлатии ҷомеъро ба вуҷуд биоварад. Агар ҳамин гуна як муҳити равонӣ дар ҳукумат ба вуҷуд биояд, ки пеш аз ҳама мансабдорон дорои тафаккури давлатӣ биграданд имкон дорад, ки шаҳрвандони дигар ҳам аз мавқейи давлатӣ фикр карданро ёд мегиранд.

Абдулло Раҳнамо, донишмандони тоҷик дар мақолаашбо номи “Муқаддимае ба тафаккури давлатӣ” заминаҳои назарии мавзуъро хеле барҷаста баррасӣ намуда буд. Дар навиштаи Раҳнамо тафаккури давлатиро махсуси “инсонҳои аз назари фикрию сиёсӣ ташаккулёфта” медонад ва доштани чунин як тафаккурро барои омм муҳим намешуморад. Дар ҳақиқат агар мансабдорони моро бо ченак арзишгузорӣ кунем, оё ҳамагии онҳо инсонҳои аз назари фикрию сиёсї ташаккулёфта ҳастанд?

Соҳибони тафаккури давлатӣ касоне мебошанд, ки чӣ будани давлат ва мансаби давлатиро медонад, манофеи миллат ва давлатро на танҳо аз манофеи шахси худ ва гуруҳӣ боло мегузоранд, балки болотар аз манофеи шахсиятҳо ва гуруҳҳои таъсиргузор дар қудрати сиёсӣ низ мегузоранд. Баъзан мансабдорон то ҳатто манфиатҳои худро бедиранг қурбони гуруҳҳое мекунанд, ки дар ҳокимият таъсири чашмгир доранд.

Дар тафаккури давлатӣ яке аз унсурҳои асосӣ мутааллиқ донистани давлат ба тамомии шаҳрвандон аст ва аз ҳамин дидгоҳ муносибатҳоро роҳандозӣ кардан мебояд. Вале тавре он корафтода аз суҳбат бо он мансабдорои сатҳи хеле балнд қисса кард ба ӯ гуфтааст, ки ҳамин ки имрӯз ҳамин мақом дар дасти ман ҳаст ҳар чи бихоҳам мекунам. Агар тафаккури ҳоким дар мансабдорони мо ҳамин бошад, ки ќудрат дар дасташон ҳаст ва ҳар чи, ки бихоҳанд мекунанд, пас оё мешавад эътимоди мардум ба ҳукумат аз тариқи ин гуна мансабдорон ба вуҷуд биояд. Ман фикр мекунам не, шояд Шумо фикри дигар доред?!
Мӯҳр
ином
Инхел сиёсатмадор дар вазоратхонахои Точикистон , яъне давлатмардеки акидааш танхо ба манфиати давлат ва мардуми Точикистон буд, хаст ва мемонад ин ГУЛ Шерали. Мебошад. Ба хатири манфиати мардум у тамоми аъзоёни Хукуматро як тарвф гузошта мавкеи худро то охир мегуфт ва мегузаронд. Мисол сохта шудани маркази барку гармидихии Душанбе ин мавкеи бевоситаи у дар мукобили гурухи манфиатхохон буд, ки дар ивази манфиати шахсии ду се мансабдор сохта ба истмфода дода шуд.

Анвар
худат ягон тафаккур дори, Иршод? Чи тачриба дори, ки ба дигарон бахо дихи?

Бадии кор дар ин аст, ки одаме дар ин мавзуъ харф гуфта истодааст, ки аз илми идоракуни ва сиёсатшиноси сад фарсангхо дур мебошад. Ман шахсан хамин Иршод СУЛАЙМОНӢ- ро хамчун мутахассис эътироф намекунам. Барои чи ?? Агар савол додан хохед. Барои ин, ки хамин маколаи хушку холи, ки як дарача вазн, тахлил,тафаккур ва мантики илми надорад, хоччати навистан нест. Масалан, ба дили худаш мисол оварда истодааст як рохбар гуфт ??? О ин афсонахои буд набуд аз байн барвакт рафтааст. Дуюм ин рохбар чи гуфтааст??? ки аст худаш??? ва барои чи ин хел гуфтааст???? ягон харфе нест. Ин макола ба монанди хамон "Занакхои лаби об ин хел гуфтану, инаш ин хел" . Ман ба рости аз чунин маколахо шарм медорам. Чун, ки хамаи рохбаронро ба як назар нигох кардан даркорнест, зеро рохбари кори осон хам нест. Худат кудаки ду руза чи кадар тачрибаи рохбари дори ??? Бовари дорам як хафта хам не !! Так, что метавони акнун аз осмон охиста фарои !!!

Иршод сад дар сад дуруст кайд кард магар зехни шумохо кунд аст,ки фикронии акли надоритон,..аз Хукумат Сар карда то кумитаи дину академикхо факат дар забонаш ХНИТ хочагони хоричи дорад аст пас чаро онхо низ мушахас намекунад,ки киаст он хочагони хоричи то ки мохам фахмем барои мохам ин суханхонхои онхо монади афсона аст,зеро факту далел надорад. Ба Худо зулм болои мардум аз меёр гузашсос окибаташ ба хайр шавад.омин.озодагон озод бош чоп кун

Иршод, офарин, ин хел тадбирхо бояд хама вакт рушану бо фахм бошанд. Мо фахр мекунем ки то хол дар Точикистон инсонхои равшанфикр хастанд.

Аввал хаму ришота бгир муи сарта кам кн бад алафта чени хдт бчар чизе бхохи мегуй якбор хдтда савол надоди ки кии хдт чи хизмат кадаи чоп кун озоди

Саломат бош, Иршоди азиз!
Махз хамин мушкилие, ки шумо матрах кардед Дустам, боиси эчоди хеле аз мушкилихои мост.

андеша
Дар мансабдорон тафаккури кисса,Иршод хам як чизро бо номи худаш бигу,бе киноя ва хуфя!

Душанбеги
Муаллифони шарххои пешина Донишчу ва Душанберо пурра тарафдори мекунам. Чанд мавридест, ки ман навиштахои Иршодро бодиккат мутолиа мекунаму каноатмондам, ки байни журналистони ватани чунин фард ("Отахон Латифии замон") пайдо шудааст. Барои дар мавзуи мазкур фикр рондану натичаашро ифода намудан мансабдор будан шарт нест. Хатто бехтар ки Муаллиф ходими давлати нест. Изхори бовари кардан мумкин аст, ки маводи мазкур таваччухи рохбарият ва хайати омузгорони Маркази омодасозии кормандони давлатии назди Президенти ЧТ-ро ба худ чалб менамояд. Ташаккур, Иршод.

Диёр
Ин чи насихатномаи кампирхои лаби об? Ба шаъни журналисти мисли шумо намезебад. Ахамият медихам, вактхои охир туфта/тафталогия менависед. Максад сахифапуркунист? Абдулазиз, чи гап аст?.... Фалони гуфт ба журналистика хос нест. Боз шумо гуё муаллим хам будаед... Касбият, часорат ва танхо сухани санчишуда. Мо аз "Озодагон" инро интизорем.

Гулос
Ахсант устод Иршод, бехтарин гуфтед, ман хам ба ин назарам, ки аксари мансабдорони макомоти имруза тафаккури давлати надоранд ва аз бини ду метр дуртарро дидан наметавонанд ва ба президент хизмати хирсона карданд ва аксарияти кормандони бовичдонро дилсарду дур сохтанд, мо хамон вакт ба тафаккури давлатдори мерасем, ки дар макомот, точикони ватандусту фархангдуст сари вазифа таъин карда шаванд ва аз мугултаборони дилсиёхи бадкина хар чи зудтар халос бояд шуд, шаптолуи гап хамин балам!

Инами бесавода бгу тра чи ба корхои сиёси куш шиданат,

Испечак 2
Аксари мансабдорҳои мо дар масъалаи аз мардум бо ҳар роҳ пулсӣтониро бисёр хуб фикр мекунанд, гуё мардум пула ба мисли барги бед мечида бошанду...

Қанд занед Иршод. Беҳтарин таҳлил, аммо гуши шунавандаву чашми бинандае ку?

Акаи Иршод шумо беҳтаринед! барои ҳақиқатро баён кардан таҷриба лозим нест. ва ин аз синну сол ҳам вобаста надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)