Бахшҳо

Маслиҳати МТС ба ҳукумат дар мавриди бастани ҲНИТ

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ҳизби сиёсие, ки дар кишвар даст ба қонуншиканӣ мезанад, бояд баста шавад.

Оқои Холиқназар, имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон”, ки “агар ҳукумат аз Шумо дар бораи бастан ё набастани ҲНИТ машварат пурсад, мавқеи шумо чӣ гуна хоҳад буд?”, изҳор дошт, “мо бар инем, ҳар ҳизбе, ки қонуншиканӣ мекунад, бояд баста шавад”.

Раиси МТС дар мавриди фаъолияти ҲНИТ афзуд, ҳамарӯза тариқи расонаҳо аз қонуншиканиҳои аъзои ин ҳизб хабар дода мешавад ва “мо ҷонибдори онем, ки чунин ҳизбҳо дар ҷояшон шинонда шаванд”.

Холиқназар Худойбердӣ дар мавриди муроҷиатномаи ахири ҲНИТ ва СММ ва дигар кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон изҳор дошт, ки ин ҳизб ҳаққи аз номи тамоми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин баромад карданро надорад, зеро ҳамагӣ 25 дарсади Иттиҳоди мухолифинро ташкил медод.
Мӯҳр
Ислохотхох
Чаноби Холикзода магар чиноятхо ва чинояткорони дигар хизбхоро намебинад? ааа факат чиноятхои хнит расонаи шудаанд ку.баъд ту кори худро кун ба бастани хнит корат набошад. хнит як хизби расми конуни ва конститутсионии кишвар мебошад, президент хам хак надорад вайро бандад. магар рохбари инот чаноби Холикзода буд ё Устод Нури. 25 фоизи инотро агар хнит ташкил дихад хам болои сари вай фишор аст хак дорад, ки ба созмонхои байналмиллали шикоят кунад....

Саломат бошед Холикназар Худойберди! Инхо созишнома имзо кардем, гуфта як хаёт худщона реклама мекунанд. Аз тинчую ороми истифода карда ба хаёт мутобик шудан лози! Мухтарам аъзоёни ХНИТ, дигар хизбхо аз шумо дар баркарории тинчию ороми ками надоранд. Бадтарин шахрванд, касе ки аз бегонагон ёри талаб мекунанд. Бегонахои Эрону, Европаю Америка ва Руссия бачаи холатон нестанд. Дар баробари ягон хизмат кардан тарафи шумора мегиранд. Шумо ба бегонагон чи хизмат карда метавонед, ба гайр аз мардуми ватани худатона фурухтан. Як бор фурухтед насибатон накард, бас будагист.

Хнит дер кард! Ин нома ба иттиходи Аврупо бояд кайхо навишта мешуд!

Чамшед8808
Манхам рози бояд ин хизбро банданд. Чаро аьзоени ин хизб аз сари раису муовинонаш сар карда дар бораи рафтани чавонони точик ба Сурия ягон мухолифат намекунад? Барои он ки аз онхо умед доранд ва кариб нисфи онхо дастпарвардахои ХНИТ мебошанд. Озодагон нашр намо яктарафа нашав.

Магар Холикназаров фаромуш кардааст, ки махз ХНИТ сабаби дар курси нишастани у аст? Касе нест, ки ба ин ого бо шарти 30% вазифадор шуданашро бигуяд?

шахрванд
Огои холикназаров ман аз шумо чунин беандеша буданатонро бовари надоштам. Сад дар сад чониби сулх факат хнит аст ва хидмати арзандае барои ин миллат кардааст ва имруз хам хадафаш хамин аст. Шумо инро аз наздик назорагар будед.чунин беандеша набошед хидматхои устоди мархум с.а.нуриро ба ёд биёред. Дигар хар кас дар назди конун худаш чавобгар аст на як хизб ё ташкилот.

Ислохотхох
Озодагон беинсофи накунед хабархоямро пахш кунед охир! пеш аз ин 3 нома фиристода будам, ягонтоаш нашр нашудааст.

хееее чамшед ай дили хдт гап назан охи устод м.кабирира барои чи чамоаи ансорулох тахтид кард барое ки гуфт,ки дар сирия чиход нест уча наре якбор як газети начота хон чанд бор шид хами т гапои нотугрира надидаву надониста гутестай

Али
Мӯҳтарам; Холикназар Худойберди оё дар вақти имзои созишнома Шумо дар иштирок доштед он вақт опазисия будед ку. Оё ба гуфтаи Шумо ҳамаи аъзоёни ин ҳизб чиноят кор ҳастанд. Оё ин вазифаро аз ҳисоби 30% нагирифтет. Ҳама шаҳрвандони кишвар Шуморо ҳамчун донишманд ва олим хуш қабул доранд .Шумо ороми кишваро фақат дар бастани ин ҳизб мебинед ё ин ки намебине. Ба фикри Шумо ба бастани он аъзоёни ХНИТ ҳамони хеле ,ки Шуморо мефорад тинҷ мешинанд. Оё аз ҳамин хел маслиҳато як бор ҳамин кишваро бо хун оғушта кард бас набуд ,ки боз маслиҳат дода истодед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)