Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 19:20

Бахтиёр Бӯриев: Агар иҷозат диҳанд, дар 6 моҳ ДИИШ-ро нест мекунем (ВИДЕО)

8 июл 2015, 08:50

“Озодагон” қаблан аз қасди як ширкати тоҷикистонӣ барои ташкили созмони бузурги ҳарбӣ миёни 12 кишвар хабар дода буд, ки ҳадафаш мубориза бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ба вижа “Давлати исломӣ” ё ДИИШ аст. Бахтиёр Бӯриев, раҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Орзуи шумо”, ҳамагӣ шаш моҳи қабл дар Душанбе таъсис ёфтааст, иддао дошт, мехоҳанд ба ҳайати созмони мазкур 12 кишвари минтақа ва ҷаҳон, бо шумули Тоҷикистон, ИМА, Русия, Қазоқистон, Покистон, Афғонистон ва Чинро ҷалб созанд. Дар робита хабарнигори мо – Иршод Сулаймонӣ Бахтиёр Бӯриевро барои як суҳбат ва баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” даъват кард.


Озодагон: Шумо мехоҳед созмони байналмилалиеро таъсис кунед, ки мақсади он мубориза бо гуруҳи бо ном “Давлати исломӣ” аст. Дар ибтидо мехостем бидонем, ки оё ин чиз қонунӣ ҳаст? Масалан, Шумо мехоҳед бо унвони як созмони ҷамъиятӣ, созмони ҳарбиро ташкил кунед? Аз нигоҳи қонунгузорӣ дар тамоми дунё танҳо давлат ҳаққ дорад, ки як созмони ҳарбӣ ташкил кунад, шаҳрвандони алоҳида ё ба истилоҳ дар шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, Созмонҳои мустақил ҳаққи ташкил кардани ин гуна ниҳодро надоранд. Мехостем аз ҳаминҷо суҳбатро оғоз кунем.

Бахтиёр Бӯриев: “Бале, саволи дуруст аст. Мо ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ мактуб карда будем дар ин масъала ва ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин на фақат созмони ҳарбӣ мешавад, ин созмон мешавад ҳам сиёсӣ, ҳам тиҷоратӣ ва ҳам ҳарбӣ. Як структура сохтанӣ ҳастем, ки худро маблағгузорӣ мекунад, ҳам фоидаи калон мегирад. Ва аз тарафи иқтисодӣ низ маблағ талаб намешавад. Мақсади мо барои сохтани созмони ҳарбӣ ин гузоштани як қадами устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Озодагон: Гузоштани қадами устувор бисёр хуб аст, аммо Шумо ҳаққ доред, ки созмони ҳарбӣ ташкил кунед? Созмони ҳарбӣ гуфта, Шумо чиро дар назар доред ва манзури Шумо аз созмони ҳарбӣ чист?

Бахтиёр Бӯриев: “Ин созмони ҳарбӣ, чи тавре қайд кардам, на танҳо созмони ҳарбӣ аст, балки созмони сиёсиву тиҷоратӣ низ ҳаст. Ва маълум аст, ки бе силоҳу артиш мубориза бурда намешавад. Аз ин хотир ин созмонро месозем, ки ҳозир вазъият дар Тоҷикистон ба ҳама маълум аст, чӣ қадар оилаҳо аз ин чиз зарари ҷиддӣ дида истодаанд. Мо кор карда истодаем, бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазоратҳо, маълумот дорем, ки кӣ чӣ кор карда истодааст, агитаторҳо киҳо ҳастанд. Ва мо хурсанд мешудем, ки агар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ кунанд ва ҳамин созмон ташкил шавад. Ин барои ҳам Тоҷикистон ва давлатҳои дигар манфиатовар аст”.

Озодагон: Шумо мегӯед, мехоҳед чанд давлати хориҷии дигарро ҳам ба ин созмон ҷалб кунед ва ин созмони байналмилалӣ шавад. Бо Амрикову Қазоқистону Афғонистону Русияву Покистону ин гуна кишварҳо. Шумо давлатҳоро даъват менамоед ва ё шахсони алоҳидаро? Ин корро аз номи кӣ мекунед?

Бахтиёр Бӯриев: “Дар оғоз, мо сафирон ва шахсони алоҳидаи ин давлатҳоро даъват менамоем, мо аз онҳо чизе талаб наменамоем, мо хоҳишмандем ки барои нест кардани ин гуруҳ ҳамкорӣ кунанд. Созмон баъде, ки ташкил шуд, имтиёзҳои калон дорад, натанҳо дар дигар давлатҳо, балки дар давлати худамон ҳам”.

Озодагон: Шумо умедвор ҳастед, ки ҳамин созмон ташкил шавад ва Шуморо сабти ном кунанд?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале, мо як қадами устувори бузургро гузоштем ва ҷавобҳоро гирифта истодаем ва қариб, ки тамом кардем. Ҷавобҳо мусбат ҳастанд”.

Озодагон: Яъне Шуморо сабти ном мекунанд?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале”.

Озодагон: Шумо оиннома ва низомномаатонро сохтед ва дар низомнома шакли фаолияти созмон чӣ хел нишон дода шудааст?

Бахтиёр Бӯриев: “Сиёсиву ҳарбӣ аст, хуб мешуд, ки махфӣ мемонд”.

Озодагон: Дуруст, албатта сиёсӣ ё ҳарбӣ, бигзор пеши Шумо махфӣ монад, аммо масъалаҳои принсипиалиаш чӣ хел аст? Масалан, Шумо дар чӣ шакл мубориза мебаред алайҳи ДИИШ, артиш ташкил карда, мардумро онҷо бурда муқобили онҳо ҷанг мекунед?

Бахтиёр Бӯриев: “Мардумро не. Давлатҳоеро, ки аъзо шудаанд дар ин созмон. Ин танҳо дар давлати мо нест, балки дар дигар давлатҳо низ ҳаст ва мо кӯмаки низомӣ мехоҳем ва кӯмаки молиявӣ ба мо лозим нест. Аз нигоҳи молиявӣ мо таъмин мекунем”.

Озодагон: Бубинед, Шумо мегӯед, ки молиявӣ даркор нест. Вақте ки Шумо ҳарбӣ мегӯед ва дар масъалаҳои мавриди назар агар бо ДИИШ созиш накунед, маълум аст, ки ҷанг мешавад ва ҷанг як кори серхарҷ аст, аз куҷо пул меёбед, Шуморо кӣ пуштибонии молиявӣ мекунад?

Бахтиёр Бӯриев: “Пуштибонии молиявӣ? Ин система ҳамин хел аст, ки ҳам худашро таъмин мекунад ва дар як вақт фоидаи калон мегирад”.

Озодагон: Агар бисёр махфӣ нест, чи гуна ин низом ҳам худашро таъмин мекунад ва ҳам фоидаи калон мегирад, аз куҷо? Мақсади Шумо тиҷорат аст ё нест кардани ДИИШ?

Бахтиёр Бӯриев: “Мо ҳамаҷониба кор карда истодаем дар барои нест кардани ифротгароӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҷанг”.

Озодагон: Идеяи ташкил кардани ҳамин ниҳод аз куҷо пайдо шуд?

Бахтиёр Бӯриев: “Мо, аз вақте ки мактаби миёнаро хатм кардем бисёр завқ доштем, ки ба сиёсат дохил шавем аз ҳамон ҷо оҳиста-оҳиста ҳамин ташкилотро кушодем”.



Озодагон: Ман фикр мекунам барои ҳама ҷолиб аст, ки чи гуна Шуморо иҷозат медиҳанд, ки як созмони ҳарбиро ташкил кунед. Масалан, Шумо агар корҳои таблиғотӣ бубаред гапи дигар аст. Вале чун мегӯед, ки артишу силоҳу ин чизҳо назорати инҳо чӣ гуна мешавад ва Шумо инро назорат карда метавонед?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале”.

Озодагон: Шумо пеш аз ин ки ҳамин чизро ташкил кунед, бо ягон ниҳодҳои давлатӣ машварат кардед? Аз нигоҳи қонун иҷозат доред барои ташкил намудани созмон?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале, чи тавре ки қайд кардам ин паҳлӯ дар кишвари худамон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ва мо мехостем, ки бо Ҷаноби Олӣ (Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон – Озодагон) вохӯрему машварат кунем. Ман умедвор ҳастам, ки ин масъала ба зудӣ ба итмом мерасад”.

Озодагон: Яъне Шумо умедвор ҳастед, ки ҳатман бо раиси ҷумҳур мулоқот мекунед?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале”.

Озодагон: Бубинед, ман ҳамчун як шаҳрванд аз ҷавобҳое, ки Шумо додед, қонеъ нестам ва умед ҳам надорам, ки сабти ном мешавед. Зеро, қонунан ба ғайр аз ҳукумату давлат касе дигар ҳаққи ташкили ниҳоди низомиро надорад, чунки таҳти контрол гирифтани ниҳоди низомӣ мушкил аст. Ва ин ҳаққи истисноии давлат аст. Ин ки тамоми кишварҳои дунё ба мисоли Амрикову Покистону Эрон ва дигарҳо мегӯянд, ки мо алайҳи ДИИШ мубориза мекунем. Вале ҳеҷ давлате нест дар дунё, ки пуштибонии худро аз ҳамин гуруҳ эълон кунад. Ҳамаи онҳо муваффақ нашуданд, ки инро аз байн бибаранд ва Шумо чӣ гуна муваффақ мешавед, ки ин гуруҳро аз байн бубаред?

Бахтиёр Бӯриев: “Мо ин масъаларо дида баромадем. Аз Тоҷикистон бисёр шаҳрвандон ба Сурия рафта истодаанд ва ин ба ҳама маълум аст. Ба мо танҳо сохтани созмон ва иҷозати кишвари худамон лозим аст”.

Озодагон: Созмонро сохтед, баъд чӣ кор мекунед? Шумо фақат таъсири ДИИШ-ро ба Тоҷикистон кам мекунед ё ин ки дар маҷмӯъ онро дар дунё аз байн мебаред?

Бахтиёр Бӯриев: “Не. Мо, танҳо мехоҳем кишвари худамон аз ин гуна ҷабру ситамҳо озод шавад. Вақте ки созмон сохта мешавад, дар ҳақиқат бо як кишвар кор намекунем, дар инҷо 12 кишвар аст. Мо ҳаракат мекунем, ки дар тамоми кишварҳо ин масалаҳоро ҳал намоем”.

Озодагон: Худи Шумо дар бораи ҳамин ДИИШ чӣ медонед? Чӣ гуна гуруҳ аст, кай пайдо шуд ва бо кумаки кӣ ташкил шуд, чӣ мақсад дорад? Ин чизҳоро медонед?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале, чи тавре ки мегӯянд, ин як давлати террористӣ аст. Мо медонем, ки онҳо чӣ тавр давлатро идора карда истодаанд, чӣ қадар одамонро бегуноҳ кушта истодаанд. Мо тарафдор нестем, ки ин давлат барпо шаваду нооромиҳо дар тамоми дунё паҳн шаванд”.

Озодагон: Масалан, агар Шумо ҳамин ниҳодро ташкил кунед, шумо то куҷо метавонед таъсири онро ба Тоҷикистон кам кунед? Чӣ роҳҳои тактикӣ доред, чӣ роҳҳои амалишаванда доред?

Бахтиёр Бӯриев: “Агар ин созмон ташкил шаваду давлат дастгирӣ кунад, мо ният дорем ки ҳамин нимсолаи оянда Тоҷикистонро аз ифротгароӣ, салафиву дигару дигар озод кунем”.

Озодагон: Яъне агар ин созмон ташкил шавад, дар нимсолаи оянда дар Тоҷикистон масъалаҳои “салафият”-у “ваҳҳобият”-у “таблиғ”-у гуруҳҳои дигаре, ки дар Тоҷикистон террористӣ хонда мешаванд, тамом мешавад? Комилан аз ин мушкилиҳо озод мешавад?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале”.

Озодагон: Пас ин хеле гапи калон аст. Ҳама мехоҳад, ки албатта ин чиз бишавад. Шумо гуфтед, ки созмон фаолияти тиҷоратӣ ҳам дорад. Вақте ки созмони ҳарбиву сиёсӣ аст, пас чӣ гуна тиҷоратӣ мешавад, ин дарҳам-барҳам нест?

Бахтиёр Бӯриев: “Не, ин барҳам нест. Чи тавре ки медонед, ширкати мо навтаъсис аст. Бо 4-5 самт сару кор дорад. Мо филиалҳо мекушоем. Ин дар нақшаи худамон аст. Ҷанбаи тиҷоратӣ дар алоҳидагӣ аст. Тиҷорат барои гирифтани фоида аст, аслан, агар бигирем. Вале мо барои гирифтани фоида кор намекунем. Мо кор мекунем ба хотири ин ки ба ҷавонон имтиёзҳои калон бидиҳем ва дар Тоҷикистон пешравӣ шавад”.

Озодагон: Ҳоло Шумо гуфтед, агар давлат дастгирӣ кунад. Манзуратон аз дастгириии давлат чист? Пул диҳад? Ё номнавис кунад?

Бахтиёр Бӯриев: “Не, мо дар соҳаи маблағ, дар соҳаи молия ягон камбуд надорем. Мо барои созмоне, ки ташкил мешавад ҳама чизро дорем”.

Озодагон: Яъне пул доред?

Бахтиёр Бӯриев: “Ин, албатта махфӣ аст, сири созмон аст. Ба намояндаи кишварҳо пешкаш кардем, ба онҳо писанд аст”.

Озодагон: Барои он ки ҳамин корро Шумо бикунед, тақрибан чӣ миқдор пул лозим аст? Масъалан барои кам кардани таъсири ҳамин гуна неруҳо дар Тоҷикистон?

Бахтиёр Бӯриев: “Барои кам кардани таъсири ин гуруҳҳо ташкил шудани созмони басанда аст”.

Озодагон: Кофист?

Бахтиёр Бӯриев: “Бале”

Озодагон: Худи Шумо, мутахассиси кадом соҳа ҳастед?

Бахтиёр Бӯриев: “Ман мутахассиси соҳибкории муҳандисӣ ҳастам”.

Озодагон: Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат хондед?

Бахтиёр Бӯриев: “Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ...”

Озодагон: Яъне, Шумо мутмаин ҳастед, ки ҳатман номнавис мешавед ва таъсири ин гуруҳҳоро кам мекунед? Ҳамин тур?

Бахтиёр Бӯриев: “Мо аз ҳамин қадамҳои то кунун гузошта ҳамин хел хулоса баровардем, ки ин созмон агар давлат ёрдам кунад ё иҷозат диҳад, ҳатман ташкил мешавад. Мо ҷавобҳоро аз 60% бештарашро ба таври мусбат гирифтем”.

Озодагон: Мо, ҳам албатта умедвор ҳастем, ки ҳама мехоҳад, ки ин гуруҳҳои пайдошуда таъсире ба Тоҷикистон надошта бошанд. Мушкилоте, ки дар дохил дорем, мушкилоти сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳал шавад ва Тоҷикистон ободу пешрафта бошад. Аммо суҳбатҳое, ки Шумо мекунед, гапе, ки Шумо мегӯед ба назар як миқдор хаёлӣ мерасад, ки гӯё ҳамин чиз воқеӣ намешавад, Шумо масъаларо мисле, ки ҷиддӣ нагирифтаед?

Бахтиёр Бӯриев: “Не, мо ҷиддӣ гирифтем. Вақте, ки мо ширкати “Орзуи Шумо”-ро ташкил кардем ҳама мегуфтанд, ки бозӣ асту хаёлӣ аст. Кризис ҳасту дар чанд муддат кор ва фаъолияти худро қатъ мекунад. Вале мо шаш моҳ шуд кори худро давом дода истодаем”.

Озодагон: Ин ширкати “Орзуи Шумо” чӣ кор мекунад ва чӣ кор кардааст?

Бахтиёр Бӯриев: “Ширкати “Орзуи Шумо” ҳамин хел буд, ки барои ҳар як одаме, ки орзу дорад, ният дорад ба онҳо имконият диҳад, ки орзуҳояшонро амалӣ кунанд. Гузаронидани озмуну лоиҳаҳову дигару дигарҳо”.

Озодагон: Чӣ орзуҳоро шумо амалӣ мекунед? Орзуҳо ё идеяҳоро?

Бахтиёр Бӯриев: “Орзуҳоро. Масалан ҳар як инсон орзу дорад”.

Озодагон: Барои мисол, ман орзу дорам, ки дар Донишгоҳи Ҳорвард таҳсил кунам. Шумо метавонед ҳамин орзуи маро бароварда кунед?

Бахтиёр Бӯриев: “Ин вобаста ба синну сол аст. Тавре медонем дар мо то 28 сола бояд хонад”.

Озодагон: Дар куҷо?

Бахтиёр Бӯриев: “Давраи хондан”.

Озодагон: Ин бастагӣ дорад ба Шумо. Масалан дар низоми таҳсили кишвари мо ва ҳамин тур кишварҳои пасошӯравӣ то 35-сола метавонед дар гуруҳҳои рӯзона ва то 65-сола дар гуруҳҳои ғоибона таҳсил кунед. Ҳоло дар системи таҳсилоти Аврупо ва кишварҳои дигар Шумо 70-сола ҳам бошед, метавонед таҳсил кунед.

Бахтиёр Бӯриев: “Агар Шумо хоста бошед, ҳоло чи тавре қайд кардам, корхонаамон навтаъсис аст, он қадар пурқувват нест. Вақте худашро гирифт ва пурқувват шуд, ҳатман ин орзуи Шуморо амалӣ мекунем”.

Озодагон: Мо, умедвор ҳастем, ки Шумо дар ин роҳ муваффақ шавед. Ва бори дигар ташаккур барои суҳбат.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ачоиб

  • 8 июл 2015 09:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин бародар, фи сабилиллох кор мекардаст)))))) ........
Посух додан
  • .

  • 8 июл 2015 09:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Fikrhoi kudaki. Maqsadash puli bedardi miyon yoftan. Khudat yagon bor avtomatro dar dast giriftai?
Посух додан
  • Хокирох

  • 8 июл 2015 09:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин нафар е бемор аст е хаелпараст. Исботи ин гуфтахо чавобхои подархаво ва беасоси Бахтиер Буриев ба саволхои Озодагон. Ман хайронам ки чунин ташкилот умуман вучуд дорад ва фаъолият мекунад. Хазорон тавба аз ин хел чавонхо
Посух додан
  • ЗАФАР

  • 8 июл 2015 09:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И ФАНАТИКАЙ ЧИАЙ И ? АЙ КОСМОС ГАП МЕЗАНА КУ!!!
Посух додан
  • Абдуллох

  • 8 июл 2015 09:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому аълайкум варахматуллох, рости гап ин бача ба фикрам кинохои туркиро бисёр тамошо кардаст, ки таъсираш хам кардаанд чихеле ки ман фахмидам ин мехохад дар дохили кишвар системаи низомии алтернативи ташкил дихад ва мукобили гуруххои ифроти бо принсипхои худашон мубориза баранд. Боз ачоибаш ин ки хамааш сир будаст факт чавобхояш як ранг инкадар бовари аз кучо ин акидаи у худаш далолат аз гуруххои ифроти мекунад зеро ин усули ташкили гуруххои манфиатчуст,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршод бародари гироми ин чавони хардамхаёлро аз кучо пайдо карди худат хамин наворро аз аввал як бор тамошо кун бовар кун гаранг мешави. Ин хамааш як сафсатаи холи. Аввал ин чавон кушиш кунад, ки точикиро омузад баъд сиёсатро. Шумо тут мегуед вай бед мегуяд.
Посух додан
  • холид

  • 8 июл 2015 09:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ту дуруст гап заданро холо наметавони бо як давлате ки тамоми дуне наметавонад мубориза кунад аз ин тарафи глобус харифи мекуни
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саволхо хеле илми ва чиди дода шуд,аммо аз чавобхо инкадар каноатманд нашудам.ягон чавобхо илми набуд.хай ба хархол манхам тарафдори нест шудани хамин давлати бо ном исломи.лекин хохиш мекунам ХНИТ ро инкадар озор надихед онхо хам точик ману шумобоин хаки шахрванди дорад ба гайр аз ин одамони зиёде аз чавонон то пиронсолон модарон хохарон ба ин хизб аъзо нест аммо мухабату эхтиром дорад.бояд инро ба назар гирифт ва гарна аз бовари мардум мебуроитон.
Посух додан
  • Шахрванд

  • 8 июл 2015 09:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хандаовар, популизми холи!
Посух додан
  • Дарвеш

  • 8 июл 2015 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тобаееее чихел сухбати бемантик
Посух додан
  • Дилшод

  • 8 июл 2015 09:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хахахаха Озодагон дигар кор надоред???? ин хама гапхояш дуруг аст як хаёлпараст агар 1000 мактуб кунад ба ягонтоаш чавоб намегирад
Посух додан
  • муҳочир

  • 8 июл 2015 09:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин мулло бахтиёр афсона мехонад хеч нафаҳмидам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бача чӣ гуфт худаш нафаҳмид. Ба ягон савол ҷавоби конкрет нест. Ягон фикр бо ягон далел асоснок нест. Озодагон шумо ҳам дигар материал надоред, ки ҳар сафсатаро пешкаш карда вақти ғанимати мардума мегиред??
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Бахтиёр Буриев,
додари азиз сухбат/бахси мазкурро хондаму хотирам ошуфта гашт.
Аз Шумо хохиш мекунам, ки дар оянда бо чунин посуххои подархавоятон(хаёлиатон) номи пурифтихори МУХАНДИСро паст назанед.
Бо арзи салом, Бехруз Сафаров.
Посух додан
  • 1212

  • 8 июл 2015 10:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
орзу ва фикри хом
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!