Бахшҳо
07 июл 2015 12:49Тоҷикистон / Сиёсат

“Мақсади ёрдамчии президент ҷавон кардани синни хизматчиёни давлатист...”

Ҷумахон Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дастури ахири Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба кадрҳо, барои озод кардани нафақахӯрону маъюбон аз кор дар ниҳодҳои давлатӣ ба ҷавон кардани синни хизматчиёни давлатӣ равона шудааст.

Ҷаноби Давлатов имрӯз, 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар шарҳи дастури Асадулло Раҳмон барои озод кардани маъюбону нафақахӯрон аз кор дар ниҳодҳои давлатӣ афзуд, “бархе аз кормандон мубталои бемориҳо буданд, ки барояшон кор кардан мумкин нест”.

Ба таъкиди Давлатов, маъракаи аз кор гусел кардани нафақахӯрон танҳо ба хизматчиёни давлатӣ рабт дошта, нафақахӯрҳо дар соҳаи илму маориф ва тандурустӣ метавонанд корашонро идома диҳанд.

Ӯ илова намуд, аз қариб 500 нафақахӯре, ки хизматчии давлатӣ буданд, феълан ҳамагӣ 8 нафар боқӣ мондаанд: “Аз миёни 18 ҳазору 582 хизматчии давлатӣ айни ҳол 4 ҳазору 414 нафар занон ва 7 ҳазору 968 нафарро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳанд. Шумораи занон 21 нафар ва ҷавонон нисбати соли гузашта 136 нафар афзудааст”.

Давлатов дар мавриди омори фарзандони мансабдорҳое, ки феълан дар хизмати давлатӣ қарор доранд, изҳор дошт, ки ҳисоби мушаххасе рӯи даст нест. Ӯ илова намуд, ки ояндаи наздик ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва оморро пешкаш хоҳад кард.
Мӯҳр
Асадулло нодуруст кор мебарад. чавон аз чавон аз замин то осмон фарк мекунад, хастанд чавонони босаводу богайрат онхоро Асадулло намедонад вале хастанд чавонони бетачрибаву бехираду беадаб каму беш дониши нопурра доранд онхоро сохиби вазифа карда балои коргарон кардааст.

о нафакахур бошанд, раванд ба нафака. бо тарбияи набераву абера шаванд. е он ки креславу кабинет аз бобошон мондагияй? е сутуми кок шуда шиштаниянд?

Сиесат
Э сисатмадорон бовар кунед , хозир хам дер нашудааст ба кадри кадрхои лаекатман е ташкилотчи расед? Ба мисли и Рохбари Дастгох такдири садхо кормандони богайрат ва шучорро бо хамшарикаш Дусмурод бе асос аз Дастгох ронд! Ва аз забони Шоири бузург гуфтаниям
Хофизо сабр кун ба сахтии Рузу Шаб,
Окибат дареби комро!

Арифметика
Рост мегуен Чаноб! мумкин фарзандони мансабдорон дар хоричи кишвар тахсилкарда хатм кадаанду чои кори онхоро интизор бошад!?
Бечорахо бо дипломи "АЪЛО"-и Точикистон дар Русия мардикори карда ШУКРОНА карда меистанд!!!!!

Супориши Рохбари Дастгохи ичроияи Президент оё ба мухтарам Сафарали Начмиддинов дахл надорад, ки то хол дар вазифаи Директори Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон фаъолият намуда истодааст. Ин савол ба Чаноби Чумахон Давлатов пешниход мегардад. Озодагон озод боши нашр кун ва ба Давлатов пешниход кунед бигузор чавоб дихад. Агар тарс дошта бошад майлаш чавоб надихад.

беном
Абдулло
Бародарон ба кадри мардони тачрибадор расед! Такя ба чавононе ки орзуи мошину дачаву сарват мекунанд, хело такя накунед. чавон чавон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)