Бахшҳо
07 июл 2015 15:30Тоҷикистон / Иқтисодӣ

100 ҳазор доллар пора. Барои гирифтани розигии раиси ноҳияи Ашт ва...

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди Идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки дар гирифтани пора дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аввалҳои моҳи марти соли равон Абдуазиз Ғафуров, мутахассиси Идораи кишоварзии вилояти Суғд барои мусоидат намудан ба хусусигардонии клуби ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт аз шаҳрванд “У” пора талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Абдуазиз Ғафуров барои гирифтани розигии раиси ноҳияи Ашт, раиси ҷамоати Ифтихор ва раиси хоҷагии деҳқонии Иттифоқи ҳамин ноҳия барои хусусӣ намудани клуб 100 ҳазор доллар талаб карда, давоми моҳҳои апрел-майи соли равон чор ҳазори онро гирифтааст: “21 майи соли равон Абдуазиз Ғафуров бо шаҳрванд “У” вохӯрда боқимонда маблағро дар ҳаҷми 96 ҳазор доллар гирифтааст. Дар раванди гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ Абдуазиз Ғафуров баъди гирифтани 100 ҳазор доллар дастгир карда шуд”.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар як гузориши телевизионӣ илова намуд, дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, ки дар ин қазия Сангинбой Дадоматов, сардори бахши амволи ноҳияи Ашт низ даст дорад. Ба иттилои Оҷонсӣ, Дадоматов дар чанд ҳолат аз шаҳрванд “У” барои баррасии аризааш ҷиҳати хусусигардонӣ ва барои омода намудани лоиҳаи қарори раиси ноҳияи Ашт оиди ба фурӯш барованди амвол дар ҳаҷми гуногун маблағ гирифтааст: “Сангинбой Дадоматов баъди ба даст овардани қарори раиси ноҳияи Ашт оиди ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ, бо мақсади такроран гирифтани пора бо шаҳрванд “У” вохӯрда, барои гирифтани хулоса аз Идораи амволи вилояти Суғд ва нархгузории объект аз ӯ 400 доллари дигар гирифтааст”.

Дар ин гузориш гуфта шуд, Дадоматов инчунин барои гирифтани розигии раиси Идораи амволи вилояти Суғд ва барои паст кардани нархи амвол аз “У” 1600 доллару 3600 сомонӣ гирифтааст. Оҷонсӣ мегӯяд, тафтишот чанд ҳолати дигари ришвахории Сангинбой Дадоматовро ошкор сохт.

Бино ба иттилои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, алайҳи Абдуазиз Ғафуров бар асоси моддаи 319, қисми 4 ва нисбати Сангинбой Дадоматов тибқи модаи 319, қисми 4 бандҳои а, б, г-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Товба о ин ставкахо баъди хамин кадар гуфтану кабидани корманди дастгохи раёсати кадрхои назди президент боз хам баланд шуда рафтостуку, ой мансабдорон охир холо бухрони молиявй охир о Шумохам ставкаро пастар кунед мемуред.

антикор
Дар ин сад зазор доляи прокурор ва раиси нохия низ хаст.Ин шикамбандагон дар гами киса..

мухочир
Хазорхо мардум дар мухочират сарсону дар азоб сангинбойхои порахур дар замину бинофуруши ва хиенат ба давлат.Чаласаи шурои амниятро ба ёд оред ришвахорхо!

мухиддин
Дуздхои беномус

ачиб
Худозадахои хоини миллат! Бо ин Ватан обод мешавад? Раиси нохия ва прокурор барканор шавад.

и 100000 пораро агар сидкан, тагу тукша сур куни рави, ба хаму шахри ба ном Душанбе банд мерава. лек таи трактори ришвахурон, и одам монд.

ришва
Раиси нохия бояд барканор шавад ,ин бори аввал нест,

ЭЭЭ раиси бекалла аму 20000$ -медоди ягон гап намешид ана аз тока хури ба хамин руз мераси.................Озодагон ислох накун чи метарси Рузноманигор бояд аз хеч чиз натарсад .....

тохир
Президент коррупсияро ботерроризму экстремизм баробар донист, ки хак аст.Чанобони порахур! Нафси бад балои чон!То кай хиёнат?Гур сузаду дег чушад?Сазои шумо шармандагист!Хайфи шумо!

м ухочир
Хамааш айби нахзатихо макомот тезтар кор кунед .поймол намудани конун бесобикааст на парвои конуни замини доранд на осмони бо конуни чангал зиндаги доранд.

ватандӯст
Дар ҳамин ноҳия журналист Маҳмадюсуф Исмоиловро барои 100 сомонӣ " ришва" ба 11 соли зиндон маҳкум карданд. Вале ин "бечораҳо" сад сомонӣ не, 100 ҳазор доллар(!!!) ришва гирифтаанд. Акнун ин суди дар дунё одилтарини мо ба инҳо чанд сол медода бошад? Агар ҳисоби одӣ бикунем, бояд камаш ҳазор сол зиндон шаванд инҳо. Вале дар давлати мо дар нимашаб ҳангоми пойгаи мошин чаҳор касро куштанду ҳамагӣ бо 120 сомонӣ ҷарима халос шуданд он бойбачаҳо. Агар ин порахурон ҳам бойбача бошанд, ин суди одили мо бо 100 сомонӣ ҷарима ин порахуронро ҳам озод мекунад...

имрон
Фасодзадахо,ин тоифа бояд душманони миллат эълон шаванд

ш Душанбе
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия...АНа инхел курпни партиярро капет мо минадор ....У майда чайдаи вайро чи аз кафош мерен ОФАРИН....аз 100 долар то 1000 доларро капида огохи кунену чавоб дихен равад...

муковимат бо фасод
Давлат ба шумоен бовар карда вазифа дод шумоен курнамаки кардед,бо ин фасод магар Точикистон обод мешавад? Нест бод коррупсия,ба пеш Рустами Эмомали!

5
Иштихош коз будаст де,100 хазор это не мыслимо .Кумитаи фасод бояд чунон кунад ки замин дар таги пои порахур бисузад.Хукумати электрони бояд тезтар ба кор дарояд ки то мардум руи порахуронро набинанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)