Бахшҳо
08 июл 2015 13:01Тоҷикистон / Сиёсат

Ректори ДДОТ: Э. Раҳмон арзандаи унвони пешвои миллат аст

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон арзандаи унвони пешвои миллат аст.

Академик Носир Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз, 8 июл зимни нишасти хабарии созмонёфтае дар Душанбе гуфт, вақте онҳо пешниҳод карданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон унвони пешвои миллат дода шавад, таъсиси расмии чунин як унвонро дар назар надоштанд, балки танҳо аз рӯйи мақоме, ки дорад унвони мазкур ба ӯ дода шавад. Ӯ афзуд, “ҳамчун пешво ва пешрав унвон кардани сарвари давлат назари мо буд, пешво ин доҳӣ нест, доҳӣ ин шахси мазҳабӣ аст. Пешво ба маънои пешқадам, пешоҳанг, раҳнамо аст”.

Қаблан, Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар як матлаб пешниҳод карда буданд, ба Эмомалӣ Раҳмон унвони пешвои миллат дода шавад. Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як матлаб таҳти унвони “Дурнамои идеяи “пешвои миллат” дар Тоҷикистон” ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кард.

Академик Салимӣ мегӯяд, онҳо ҳанӯз ҳам дар ин фикранд, ки ба сарвари кишвар арзандаи пешвои миллат аст, зеро “тӯли солҳои зиёд хизматҳои арзанда кардаанд”.
Мӯҳр
танхо хушоматгуйиву халос! хамон вакт лойики пешвои миллат мешавад ки 2-миллион мухочирро баргардонад ва барки доими шавад дар ин хол арзандаи пешвои миллат мешавад!

али
маладес ректор 5-соли дигар дар мансабад мемони

маладес ректор 5-соли дигар дар мансабад мемони

Омми
Пас Ленин ин шахси мазхаби будаасту СССР давлати мазхаби. Нету слов

саид
ХУДОВАНД хамаи моро бино гардонад то ки сияхро аз сафед фарк кунем. Мо як пешво дорем онхам эмом АБУХАНИФА. Хам пешвои миллат хам пешвои дин. Бас аст бас

х
Президент ба ин хушомадгуи эхтиёч надорад.Шумо мехохед,ки торихро дар як махдудаи торихи бисозед,ки гайриимкон аст.Ояндагон казоват хоханд кард.

охирин Академик, рахмати Мухаммадхон Осими буданд!

Донишчу
Мардуми Точикистон бекору дарбадар, як гурух танхо дар фикри чоплуси ва мансабталоши, мусобика рафта истодааст, ки дар лагандбардори койил карда ва чои якумро мегирад.

Ӣӯҳтарам академик! Хуб мешуд кори Донишгоҳро пеш мебурдед ва сифати таълимро баланд мебардоштед. Донишгоҳи Хуҷандро ба чӣ ҳол расонида будед ва акнун ба сиёсат олуда мешавед. Пешворо аз оҳӣ ки фарқ накунед боз чаро худро шармсор месозед. Лабайгӯиву хушомадзанӣ дар хунатон будааст вагарна вазифаатонро софдилона иҷро мекардеду корро пеш мебурдед. Ҷаноби олӣ ба ин тамаллуқкории шумо эҳтиёҷ надоранд. Бе долани ин унвони пешниҳодии шумо ҳам хидмати ҷаноб дар пешбурди Тоҷикистон кам намегардад ва ҳама шоҳиди онанд, ки чӣ тавр заҳмат мекашад. Халқ ки эътироф кард зарурат ба иниунвони шумо нест. Дуруст мегӯянд ки охирон Академик ин Осимӣ буданд.

Агар чаноб хами унвона гирад, кати шумо гап задан кин (qin) мешава. Якин бичилатон "хар мехеза"

Таxлилгар
Боз як пешниxод дар бораи тарафдорони Чаноби Олиамон
Набояд фақат аз як тараф чаноби олиро дастгири кард яьне ба гуфтани бале ман рози вай фалон асту фалон аст!
Ин равиш куxна шуд!
Наваш ин аст: ман бо ин қарор зид xастам, аммо Чаноби оли арзиши аз ин xам баландро дорад ва амсоли он то мардум воқеан бовар кунанд, ки .........

кори
[left][/left]факат генерал симус мондааст инро конуни кунеду монед. Ягон чои айбаш нест,боз ягон олими динар далелашро меебад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)