Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 25 феврал 2017, 11:53

Вазир: То сентябр Маркази ташхиси генетикиро фаъол мекунем

8 июл 2015, 13:05

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то моҳи сентябри соли равон дар кишвар Маркази ташхиси генетикӣ фаъол хоҳад шуд.

Дар ин бора Салимзода имрӯз, 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ Маркази нав имкон медиҳад, ки мутобиқати генетикии ҷуфти хонадоршаванда, имкони таваллуди фарзанди солим ва ё иллати фарзанд дар батни модар санҷида шавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, лоиҳаи “Тартиби гузарондани муоинаҳои тиббӣ пеш аз издивоҷ”-ро таҳия карда, барои мувофиқа бо дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад ташхиси генетикӣ ва санҷиши дигар бемориҳо, аз ҷумла СПИД, гепатит ва маризиҳои ҷинсӣ барои ҷуфти хонадоршаванда ҳатмӣ хоҳад шуд.

Феълан ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон дар кишвар 7 ҳазору 142 нафар гирифтори бемории СПИД мебошанд, ки аз ин 88 нафараш ҳомиладор ҳастанд. Масъулини Вазорат мегӯянд, ҳадаф аз роҳандозии ташхис ҷилавгирӣ аз таваллуди насли носолим ва огоҳ кардани ҷуфти хонадоршаванда аз бемориҳои ҳамдигар мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • дорухона

  • 8 июл 2015 13:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Вазир то кай кормандони Хадамоти назорати фармасевти ба ришвагири хотима медиханд. Бовар кунед аз рафтори гайриконунии кормандони ин идора ва порагирии онхо мо сохибкорони сохаи фармасевти ба дод омадаем. Илтимос пеши рохи ин ришвагиронро гиред.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!