Бахшҳо

Суҳбати Э. Раҳмон бо Путин: Аз додани сабукиҳо ба муҳоҷирон то кӯмаки низомӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Уфа қарор дорад, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ин мулоқот зуҳри 8 июл сурат гирифта, дар он масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла расонидани кӯмаки низомии техникӣ ба артиши кишвару додани сабукиҳо ба муҳоқирони кории тоҷик ба баррасӣ гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Русия ёдовар шуда, зикр кардааст, ки “Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буд ва ҳаст, зеро қариб 50% сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба кишвари шумо рост меояд”. Инчунин ӯ таъкид кардааст, ки “ин нишондоди мусбӣ бояд натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки афзун гардад”.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар афзудааст, ки яке аз мавзуъҳои муҳимми баррасишуда дар ин вохурӣ “фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия буд”. Эмомалӣ Раҳмон аз иҷозаи дубораи вуруд гирифтани бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия, аз ҷумла донишҷӯён изҳори қаноат карда, низ таъкид кардааст, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад: “Дар робита ба ин мавзӯъ ба авфи муҳоҷирони корие, ки 2 ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, қонунигардонии будубоши онҳое, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ шумурда мешаванд ва соддагардонии тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дароз кардани муҳлати бақайдгирии донишҷӯёни тоҷик пас аз воридшавӣ ба ҳудуди ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд”.

Инчунин ибрози умедворӣ шудааст, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар идома изҳор доштааст, “барои Тоҷикистон муносибот бо Русия афзалияти хосу устувор дорад ва ин ҳолат дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвари мо таҳкими ҳуқуқӣ ёфтааст”.

Владимир Путин дар навбати худ ба рушди муносиботи Тоҷикистону Русия баҳои баланд дода, гуфтааст, дар соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо, ҷаҳон ва худи Русия, гардиши мол миёни ду кишвар 2,5% афзун гардид.
Мӯҳр
Арифметика
Озодагон! О Чаноби ПУТИН Нагуфт, ки минбаъд ТОЧИК хам мисли КИРГИЗ гуломи карда гаштн мегирад ?!

Авалло саломи худро ба хамаи хамватанони азиз расонданиям бадан гуфтаниям ки барои мухочирон ягон чора дида наметонан факат ваъда мекунан халос хозир хаминхел мушкил шудааст ки маоши гирифтаги факат барои патент ва хурду хурок тамом хами кат!!!!! Чаноби Олли медонад ки чанд сум месупоранд мухочирон дар бучаи давлати Руссия яксолааш ай 75000 то 90000 рублей фикр ку бест ягон чо тугри намегирад барои ин ягон чора диданашон даркор . Ташакур

Оо намешавад аз як умр талаб кардану илтичо кардан , чойхои кориву донишгоххои арзонтарро дар Точикистони худамон мухаё кунед то гардан качи дигарон набошем.
Бовар кунед хамин гардакаче ки мо мардуми Точик дар Русия хастем ягон миллати дигар нест
Озодагон-агар вокеан озодед чоп кунед.

бояд аз господин Путин даъват карда мешуд ки ба хамсояхоямон ичозат медод то дигар рохбанидию рохзани накунанд айб аст барои давлатхои шарикистратегию зери як чатр карордошта бо хамдигар мукобилият ва хусуматдоштан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)