Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 19 июн 2019, 00:48

АКС: Ҳабси абади “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ барои қатли Каримовҳо

9 июл 2015, 07:30

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдулазиз Усмонов, маъруф бо номи “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ Саидмурод Мадалиевро барои қатли бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Тибқи қарори додгоҳ зердасти дигари “Ҳоҷӣ Самандар”- Ҷамшед Раҷабов ба муҳлати 25 сол равонаи зиндон гардидааст.

Дар ин робита моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як гузориши видеоӣ, аз боздошти “Ҳоҷӣ Самандар” ва ду зердасташ иттилоъ дода гуфт, онҳо дар куштори бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо муттаҳам мешаванд.

Он замон ин ниҳод, иттилоъ дода буд, ки ташкилкунандаи ин ҷиноят “Ҳоҷӣ Самандар” як сокини ноҳияи Ҳисор аст. Худи ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфт, Каримовҳо аз ӯ қарздор будаанд. Ба гуфтаи ӯ Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо нархи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд. "Баъде, ки дидам намешавад, гуфтам баред инҳора нобуд кунед, зеро моро ҳам нобуд мекунанд."-изҳор дошт ӯ.

Ба иттилои мақомоти амниятӣ Ҳоҷӣ Самандар барои куштори Каримовҳо ду сокини дигари Ҳисорро ҷалб намудааст, ки қаблан низ ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд: "Онҳо Каримовҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, парондаанд."

Аз ин пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардиданд. Кушташудагон низ зодаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хонақоҳи куҳӣ буда, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе иқомат доштаанд. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ба мақомот Каримов Меҳроб, сокини 29-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳоди 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва Каримов Раҷабалии 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, бедарак шудаанд. Ба иттилои ВКД дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи 18-уми ноябри соли гузашта дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Манбаи "Озодагон" афзуд, ки мошинҳои гумшуда, се рӯз пеш аз дарёфти ҷасадҳо дар қаламрави Рӯдакӣ пайдо шуда буданд.


АКС: Ҳабси абади “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ барои қатли Каримовҳо

АКС: Ҳабси абади “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ барои қатли Каримовҳо

АКС: Ҳабси абади “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ барои қатли Каримовҳо

АКС: Ҳабси абади “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ барои қатли Каримовҳо


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • н Хисор

  • 9 июл 2015 08:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОФАРИН Додгоҳи олии Тоҷикистон барои як умр равон ,....кардани чунин ХУДО БЕХАБАРОН .....ОФАРИН ЯК ЧАХОН ТАШАКУР,,,,,,БАРРОИ АДОЛАТ ПАРВАРИТОН.....
Посух додан
  • Хакгуй

  • 9 июл 2015 08:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чихела хочи будааст, ки героин мефурухтааст. Балохои охирзамонаш хамин будаст. Марг ба ин хел хочи, садкаи номи хочи шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вот это да...вот значит наши таджики чем занимаются...хаджи вроде бы
Посух додан
  • Сайфиддин

  • 9 июл 2015 13:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана хочиву муллохо ба чи кор машгуланд.
Посух додан
  • Шараф

  • 10 июл 2015 14:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои пул шуда одам мекушанд ин худобехабарон. Садкаи номи Хочи шаванд, садкаи одамгари... Аз чехраи манфураш маълум аст, ки хамон бародарони кушташударо на барои наркотик балки аз бахили, ки чаро онхо пулу моли фаровон дорану ин хочии беимон надорад куштааст. Бахили ва ночавонмарди...
Посух додан
  • sayid

  • 11 июл 2015 17:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародарон аз пушти ин нокасҳо дигар мусалмонҳора таеқит накунед зеро ин ҳоҷи ихели шид дигар ҳамай ҳоҷийо гунаҳгоранд ёки яг муло ягкора кард дигар ҳамай мулоҳо гунаҳгоранд ина райс ҷумҳурам ҳоҷийай
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номи ислом аз хаминхел беамалхо бадном шуд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!