Адҳам Муҳаммад Тумахи урдунӣ ва ҳамватанонаш барои ҳакамӣ Душанбе меоянд
Конфедератсияи футболи Осиё исми доваронеро, ки бозии дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Паҳанг”-и Малайзияро дар даври 1\4 ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2015 ҳакамӣ мекунанд, эълон кард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бози “Истиқлол” ва “Паҳанг”-ро доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Урдун, сардовар Адҳам Муҳаммад Тумах Маҳадмеҳи ва ҳамватанонаш Аҳмад Моаннеси, Файсал Муҳаммад Аввал Швайр инчунин довари эҳтиётӣ Аҳмад Яқуб Иброҳим ҳакамӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, инчунин нозири доварон Ҳусайн Гхадханферӣ аз Кувайт ва комиссарӣ бозӣ Сувакумар аз Сингапур таъин шудаанд. Бозии якуми марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Паҳанг”-и Малайзия рӯзи 26 август, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |