Бахшҳо

Раиси ЖКХ: Қурби сомонӣ поин рафт, нархи обро қимат мекунем...

Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” (ЖКХ) мегӯяд, дар соли равон нархи обро дар кишвар ҳудуди 30 дирам барои як метри мукааб боло хоҳанд бурд.

Раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз, 9-уми июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки феълан сокинони навоҳӣ барои як метри мукааби об аз 80 дирам то 1 сомониро пардохт мекунанд, ки худкифо нест: "Арзиши аслии хизматрасонии об 2,03 сомониро ташкил медиҳад".

Тағоймуродов илова кард, ки дар пайи поин рафтани қурби сомонӣ нисбати асъори хориҷӣ ниҳоди зертобеяш зимни баргардондани қарзи Бонки Аврупоӣ ба мушкилӣ дучор шудааст. Ӯ ҳаҷми қарзи Бонки Аврупоиро 37 миллион доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки маҷбуранд дар нимсолаи дуюми соли равон нархи обро ҳудуди 30 дирам барои як метри мукааб боло баранд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои раиси Хоҷагии манзилию коммуналӣ феълан дар Тоҷикистон 57,6 фоизи аҳолӣ ба оби ошомидании тоза дастрасӣ доранд, ки ин нишондод се соли пеш ба 48,6 фоиз баробар буд. Ӯ таъкид намуд, ки барои пурра таъмин намудани мардуми Тоҷикистон бо оби ошомидании тоза ҳудуди 2 миллиард доллари амрикоӣ даркор аст: "Ин корҳое, ки мо ҳоло карда истодаем дар ҳаҷми 50-54 миллион доллари амрикоист, ки басанда нест. Агар бо ҳамин раванд рафтан гирем барои мо тақрибан 85 сол лозим мешавад то 4 ҳазору 884 деҳоте, ки дорем ба оби ошомиданӣ пурра таъмин намоем".
Мӯҳр
Ин мардак обро аз Антарктида овардани шудаст ки 2 млрд. доллор мепусад?

Кадом об кимат мешавад? Хамон обе, ки нест мо дар махали 84 кучаи Б. Гафуров дар як шабонаруз хамаги 10 соат об дорем 5 соат схар 5 соат бегох тамом. Шумо чиро кимат карданиед оби набударо?

Карим
Обро бояд дар Точикистон бепул кард. Точикистон худ сарчашмаи об аст, обро ба ахоли фурухтан хатто гунох аст.

Али
Муҳтарам: Алимурод биё обро аз Антарктида оварданаш мушкил аст ба ҳамин 2 млрд. долла ИМА аз кули "САРЕЗ" ба ҳамин маблағ мардуми кишваро ба оби таъмин мекунед.

Фируз
Ҳозир дига носфурӯш ҳам ин идаоро дорад, ки доллар қимат шидай нархи як халта носи ман ҳам қимат шидай. Дига бечора халқа азоб натиен. Тоҷикистон ягона фақат аз об бой аст инро ҳам ба халқ гарон кунед то мардум аз ин ҳам маҳрум гарданд. Мо дар маркази Тоҷикистон зиндагӣ дорем аммо аз об танқисӣ дорем. Мо дар 3-юм ошёна зиндагӣ дорем аз моҳи апрел то сентябра рузона об нест аз соати 12-и шаб то 8-саҳара об кам-кам меояду халос.

хонанда
Эй мансабдори ...! Хамин об хам ба хамин давлат мансуб аст. Лекин аввал маоши мардумро 100 фоиз зиёд кунед, баъд нархи об, свет, телефон ва дигарро кимат кунед.

Шахрванд
Наход, ки дар Мамлакате, ки об сар то сар боз аз халк пул ситонанд. Оё айб нест?!!!

Рузи
Инхо аз хисоби мардум чайбхои худро пур кардани хастанд. Доллар боло рафт гуфта нархро мебардоранд, вале курси доллар ба замин афтад хам, пас ягон дирам нархи обро паст нахоханд кард. Ё овозаи зиёд шудани маош дар мохи сентябр дар хачми 15%-ро фахмида, аз хозир эълон доранд. Бинед дар Арманистон барои баланд кардани нархи кувваи барк мардум чан руз гирдихамои ташкил намуданд. Натарсед мардум, хезед, як руз дар назди бинои ин обфурушхо плакатхоро гирифта доду войро бардоред, дигар метарсанд, ки нархро баланд кунанд. Ман ба он занхое, ки дар назди сафоратхои Амрико ва Олмон чамъ шуда буданд, низ мурочиат мекунам, ки то аз гирдихамоихо бехуда кардан, чунин гирдихамоихо ташкил кунед хубтар ва фоидаовар аст. Аз мардум хохиш менамоям, ки бе чангу чанчол дар гирди идораи ЖКХ чамъ шуда раис ва кормандони онро ба берун талаб карда сухбат гузаронанд. То кай мо дар хона истода гап мезанем, вакти он расидааст, ки мо хукукхои худро химоя кунем.

Озодагон, ин мурочиати ман бар зидди ягон нафар ва хукумат ирсол нашудааст, хохишмандам нашр намоед.

Дд
И мардак чо кесай нархи оба кимат мекардай мардум ранги худут пулдор нестай,ки 4 та мошини хоричи дошта боша

афсус
вазорати алока 80 дирам ба хар як симкарта андоз баст-мардум хап, ин раиси беакл ба хар як метри куби обеки бояд бепул бошад 30 дирам илова карда истодааст,- агар мардум бозхам хап кунад пага дигар вазоратхо ин амалро идома медиханд. Худовандо мардуми Точикистонро дар панохат нигох дор ва он шахсонеро ки барои фоидаи хеш аз мардуми одии маблаг меруенанд ба рохи рост хидоят намо.....ОМИН!

сайфулло
сардори идораи оби истаравшан умуман кор намекунад..ба давлат 300000 сомони зарар расонидаги..ин факти агентии корупсия мебошад...

Gorga
Мегуи ки таомоми манобеъи зеризаминии ин мамлакат аз они падару ачдодашон бошад ки хар вазир ба рости худаши презинт шудааст. Ман нархи обро кимат мекунам ман нархи светро кимат мекунам ман нархи рохро кимат мекунам... ин чи гап худаш шумо худатон ки вазиред на пули об медихед на свет на налогу на хоку бало.

Амр
Шарманда зур ки омад домани шахрвандора мекапен.Наход илочи дига набошад

рамон
набоошад пули милли ба ки даркор?
ба доллар гузаред хама!
долллар ки боло рафти нархи хама чиз хатто гашнич ба хаво мехезад

Каллаатон кор мекунад Раис? 2 млрд $ бошад Рогун рост мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)