Бахшҳо
09 июл 2015 15:50Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Президент: Шаҳр будани Каронро эътироф кардем

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ шаҳри қадим будани Каронро эътироф кардааст. Ин нуктаро ҷаноби Раҳимӣ имрӯз, 9 июл дар нишасти хабарии Фарҳангистони улум изҳор дошт.

Ӯ гуфт, “мо, бо мақсади хотима гузоштан ба ҳамин баҳсҳо як экспедитсияи муштараки олимонро таъсис додем ва ба ноҳияи Дарвоз сафари корӣ доштем. Дар ин ҳайат бостоншиносони шинохта ҳам буданд. Натиҷаҳои муқадамотии илмӣ дар Шӯрои илмии Институти таърихи Академияи илмҳо баррасӣ шуданд. Хулосаи нахустини илмии мо ин шуд, ки Карон шаҳр аст. Коршиносон гуфтанд, ки тамоми нишонаҳои шаҳрҳои қадим дар Карон мавҷуд ҳаст. Пас Каронро мо ҳамчун шаҳр эътироф кардем”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе таърихшиносон гуфтанд, ба хулосаҳои гуруҳи олимон дар мавриди шаҳри қадимӣ будани Карон шубҳа доранд. Яке аз онҳо Раҳим Масов, раҳбари пешини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум буд.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академии илмҳо дар нишасти хабарии имрӯз гуфт, баҳсҳои марбут ба синну соли Карон то ин дам қобили қабул нестанд: “То замоне олимон коршиносона синну солро мушаххас накунанд дар ин бора гап задан афсона аст. Ҳоло баҳсҳо атрофи синну соли шаҳр меравад. Баҳсҳо атрофи синну сол замоне ба охир мерасанд, ки агар мушаххасан мо бо роҳҳову усулҳои муқарраршудаи илмӣ тақиқоти бозёфтҳои Каронро ба анҷом расонем. Барои гузаронидани ин таҳқиқот ба мо 2-3 моҳ фурсат лозим аст”.

Ба гуфтаи президенти академия, баъди 2 ё 3 моҳ дар мавриди Карон як мизи гирд ва як конфронси илмӣ баргузор хоҳанд кард. Оқои Раҳимӣ афзуд, ҳоло Карон ҳамчун мавзеи таърихӣ ва барои омӯзиш ба барномаи таҳқиқоти соли 2016 ворид шуда, Институти таърих супориш гирифтааст, паҳлуҳои гуногуни шаҳри Каронро биомӯзад.

Баҳсҳо дар мавриди шаҳри қадим будани Карон на танҳо миёни олимони соҳа, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ низ зиёданд. Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, аз баҳсҳои атрофи шаҳри Карон дар расонаҳо огаҳӣ доранд: “Мутаасифона бештар онҳое менависанд, ки худ таърихшинос ва бостоншинос нестанд ва бо як диди бисёр кутоҳандешона фикру ақида баён мекунанд”.

Карон як мавзеъ дар 5 километрии маркази ноҳияи Дарвоз аст, ки соли 2012 аз ҷониби бостоншинос Юсуфшоҳ Ёқубов кашф шуд. Оқои Ёқубов борҳо дар баҳсҳо ва расонаҳо иброз дошт, ин шаҳр таърихи наздик ба 4 ҳазорсола дошта, дорои театру амфитеатру расадхона ва дигар намунаҳои тамаддуни марбут ба шаҳрҳои қадим мебошад.
Мӯҳр
Дарвози
Хак бар чониби Шумост Фарход Рахими

Масов ин олими беамлё збури беасал хаст

Таърихшинос
Таърихи АИ Точикистон чунин як президенти ро надида буд. гузаро...

як хизмати шоиста гуед, КАрон афсон аст

мебахшен аз мавзу берун савол метиям иди саиди фитр кай боша ozdagon? гуфтан ки рузи 9 аник мешава аник шида боша ё не рахмат бо дикататон.

Дилшод
Мо хам мехохем шахр бошад, вале мутаассиофона хама медонем, ки шахр буда наметавонад чунки вай як калъа хаст

Арифметика
Чаноби президенти АФ ЧТ ! Шумо бо "навкаронатон" роххои халли масоили иктисодиву ичтимоии мардумро чустучу намоед ,КАРОН ба сатхи зиндагонии мардум ягон натичаи дилхох надорад ё ин тур НЕ?!

Tojik
Вой бар холи академия бо чунин президенташу дастовардхояш. Вой бар мо, вой бар холи точик.

кухи
Ба Рахимов! Агар карон шахр бошад,"шабмонда"(зодгохат) бо хамон горхову кутанхояш шахри азим бояд шинохта шавад.Ту аз тарса мункин пагох дарвозро бухоро гуи....

Гапои Академик Рахимира ва гапои козикалон Абдукодирзода якай, вайхо дар як университет хондагиян. ОЗОДИ ЯК БУФАХМ ВА ИНФОРМАЦИЯ БА МО ХОНАНДАГОН БИТЕХ Дарвози,

МУХТАРАМ АКАДЕМИК Ф. РАХИМИ!

СОЛИ ГУЗАШТА, ЯК ОЛИМИ ОЛМОНИ ДАР СОХАИ ФИЗИКА БА ДУШАНБЕ БА АКАДЕМИЯ ИЛМ ОМАД, ДАР ДАВМИ 2 ХАФТА ТАМОМИ АКАДЕМИЯРО ГУЗАШТА ЯГОН ОЛИМРО ДАР СОХАИ ФИЗИКА НАЕФТ, БЕЧОРА ФАКАТ РУЗИ ДАРОЗ БО ФАРОШ ЗАБОНИ ТОЧИКИРА ОМУХТ, КИ ХАМОМ ХАМ ФАКАКТ ГАПХОИ КАБЕХРО ЕД ДОД, О РАФИК РАХИМЗОДА, ОЛИМОНИ ШУМО ДАР МАСЧИД КОР МЕКИНАН Е ДАР АКАДЕМИЯ ? БА ХАМИН САВОЛ ЧАВОБ ДИХЕД.
БЕЧОРА АЗ ОМАДАГИЯШ БА ТОЧИКИСТОН ПУШАЙМОН ШУД.

МУХТАРАМ АКАДЕМИК Ф. РАХИМИ!

СОЛИ ГУЗАШТА, ЯК ОЛИМИ ОЛМОНИ ДАР СОХАИ ФИЗИКА БА ДУШАНБЕ БА АКАДЕМИЯ ИЛМ ОМАД, ДАР ДАВМИ 2 ХАФТА ТАМОМИ АКАДЕМИЯРО ГУЗАШТА ЯГОН ОЛИМРО ДАР СОХАИ ФИЗИКА НАЕФТ, БЕЧОРА ФАКАТ РУЗИ ДАРОЗ БО ФАРОШ ЗАБОНИ ТОЧИКИРА ОМУХТ, КИ ХАМОМ ХАМ ФАКАКТ ГАПХОИ КАБЕХРО ЕД ДОД, О РАФИК РАХИМЗОДА, ОЛИМОНИ ШУМО ДАР МАСЧИД КОР МЕКИНАН Е ДАР АКАДЕМИЯ ? БА ХАМИН САВОЛ ЧАВОБ ДИХЕД.
БЕЧОРА АЗ ОМАДАГИЯШ БА ТОЧИКИСТОН ПУШАЙМОН ШУД.

Ба дарвозӣ.

Олоими боамалтарини миллат дар соҳаи таърих барои ин миллати мазлум Р.Масов ҳаст.Агар далел хоҳӣ як бор Таърихи табартақсимӣ ӯро варақ бизан. Дар масъалаҳои таърихӣ бо ӯ бо забони илм суҳбат кардан даркор. Ӯ 2700 солагии шаҳри Кӯлобро низ эътироф накарда буд. Ин аз мардӣ олимӣ ва нотарсии ӯ дарак медиҳад. Ҳуҷҷати савдои заминро ба Хитой ҳам имзо накарда буд. Ӯ як айб дорад тоҷики тоза аст ва лаганбардор нест. Албатта агар далоилу бозёфтҳои Карон басанда бошанд ҳатман эътироф мекунад.

Точик
Мухтарам академик Рахими!Шумо аллакай исбот кардаед, ки ноухдабароед. Ба фикрам то хатто янга гапатонро намегирад. Монед ин гапхои бехудаатонро. Шумо дар Академия ба гайр аз лозунг дигар кор накардед ва ягон барномаи мушахас хам надоред. Магистратура кушодед фаъолияташ муаллак. магистрххо стипендия муаллимо маош намегиранд. Дар аввал хостед чавонхоро дар гирди худ чамъ оред вале онхо хам аз Шумо хаста шуданд чунки чавонхои хозираро бо ваъда фиреб намекунед. Барои хамин хафа нашаведу як маротиба корхои кардаатонро мардонавор тахлил кунед ва хулоса бароред.

Ин хама шархсрзи хо кори Кабиров Шерали милярдери хаст ягон шахр вучуд надорад дар ин бора ман ба Шумо итилло медихам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)