Бахшҳо

Иддаои Иззат Амон аз се мактуби “махфӣ” ба муфтиёт ва раддияи сафорат

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия иддао дорад, ки сафорати Тоҷикистон бо ирсоли се нома ба муфтиёти Русия хостори манъи суҳбатҳои ӯ бо муҳоҷирин дар масҷиди “Проспект мир” –и Маскав шудааст.

Ба гуфтаи Иззат Амон сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ирсоли се номаи пай дар пай ба унвони Шайх Равил Ғайнуддин — раиси ҳайати мудирияти Раёсати мусалмонҳои қисмати аврупоии Русия, раиси Шӯрои муфтиёти ин кишвар дархост кардааст, ки дигар нагузоранд ӯ ба масҷиди маъруф ба “Проспект мир” биояд ва бо муҳоҷирон суҳбат доир кунад: “Гӯиё ман ҷавононро барои пайвастан ба сафи ДИИШ ташвиқ мекардаам, ҷавонони муҳоҷирро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон мешӯрондаам, кудатогару мухолифи сохти конститутсионии Тоҷикистон мебошам”.

Аммо Муҳаммад Эгамзод, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ки сафорат чунин як нома ва ё номаҳоро ба Раёсати мусалмонҳои қисмати аврупоии Русия ва ВКД-и ин кишвар ирсол накардаасту иттилои Иззат Амон комилан бепоя аст: “Сафорати Тоҷикистон намояндагии расмии кишвар дар Русия кори дигар надорад, ки ба чунин як амали хандаовар даст бизанад. Ин иттилоъ аслан вуҷуд надорад ва Сафорат ҳам чунин як иқдомоти аз нигоҳи дипломотӣ номуносибро нахоҳад кард”.

Ба гуфтаи Иззат Амон мактубҳои Сафорати Тоҷикистонро ба ӯ рузи ҷумъаи 9-уми июл як масъули баландпояи бехатарии масҷид нишон додааст ва гуфтааст, ки ин мактубҳо хосияти махфӣ доранд. Ҳамчунин ба қавли Иззат Амон як мактуби дигарро Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба унвонии Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол доштааст ва хостори боздошти ӯ шудааст.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, Иззат Амон борҳо чунин иттилооти бардурӯғро паҳн намудааст, вале онҳо таъйид нашудаанд ва ӯ бештар ин корҳоро барои шахсиятсозии худаш анҷом медиҳад. Масъули амниятии масҷид ба Иззат Амон гуфтааст, ки ВКД ҳам ин мавзуъро бо онҳо дар ҷараён гузоштааст.

Иззат Амон мегӯяд, дар масҷид бо муҳоҷирини тоҷик сари мушкилоти онҳо суҳбат мекунаду барои кумаки дигар ҳамватанони ниёзманд талош менамояд ва тамоми он чи ки сафорат ӯро иттиҳом задааст, поя надоранд.
Мӯҳр
Дар хакикат хам хандаовар наход, ки сафорат ба муло мактуб кунад ва гуяд, ки ба масчид наояд ва дигар ин, ки Иззат Амон мушкилотхои мухочиронро дар масчид хал мекарда бошад, ачоиб! .

Усмон
Суханони хама дуругу аз хами сафорат рост о хамин сафорат ягон бор гапи рост нагуфтааст

Ба таваҷҷуҳи "сухансози" сафорати ҶТ дар ФР Эгамзод!
Ба самъи шумо мерасонам ки банда чуноне ки шумо мепиндоред ниёзе ба "шахсиятсозӣ" надорам. Гумон накунам касе омодаи он бошад ки шахсияташро ба иттиҳомоти бепояву беасли шумо бисозад.
Дониста бошед, ки муттаҳам намудани як нафар бо ҳамкорӣ бо ДОИШ ки созмони террористӣ ва зиддибашарист ва мувофиқ бо қарори Суди Олии кишвари Руссия ҳамчун созмони террористӣ шинохта шудааст гуноҳест нобахшиданӣ.
Шумо ба унвони корманди сафорат ин корро анҷом додед.
Агар мардед ва агар ҳарфи гуфтание доред бояд на ба мақомоти рус балки ба шаҳрванди Тоҷикистон яъне банда занг зада огоҳӣ медодед.
Мегуфтеду мефаҳмонидед ки бародар фалон ҳарфи ту нодуруст ва зидди қонуни ҶТ. Ё ин ки фалон корро накун ки оқибати хубе надорад.
Вале шумо ин корро накардед. Мустақиман ба ВКД ва муфтиёти ин кишвар нома навишта дархости манъи вуруди ман ба масҷид гаштед. Хуб агар номае вучуд надорад ба раиси шуъбаи бехатарии муфтиёти Руссия Гайнетдинов Динар Равилевич тел: +7 495 681 4904 занг зада бипурсед ки чаро чунин гуфтааст.
Агар воқеан ҳам нома нанавишта бошеду нисбати ман аз масъулини масҷид дархосте накарда бошед ман омодаам аз шумо узр пурсам. Агар ин корро накардед, пас шумо ва хоҷагонатонро ба ҳаволаи Худо месупорам. Бигзор У нисбати шумо чора бинад.

Ин Иззат Амон ки худаш? ба чойи он ки ба халли мушкилоти мухочирони кори бо сафорат хамкори кунад, хар гуна игвоангези мекунад. Ин кори у ба зарари мухочирони точик аст.

нусрат
Изати Амон бехтарин шахс аст барои мухочирон ва химояи онхо

Саттор
Ин дасисабозиҳои Иззат Амон аст. Ӯро боре дар Москва муҳоҷирон чунон лату кӯб карда буданд, ки қариб як сол хаб шуда буд.

мухочир
Огои Иззат амон, Шумо агар хангомабоз, дасисабоз, шахсиятсоз ва аз хама асосаш фитнагар, ки тибки хадисхои Пайомбари ислом бадтар аз катл аст, набошед, барои чи чунин масъалахо ва муаммохои беасос танхо нисбати Шумо руй медиханд. Дар Шумо бузургманишии бехудуд дида мешавад, ки мутаассифона худатон онро пай намебаред. Ё ин ки ба фикратон танхо Шумо аз сиёсат бохабаред, гами мухочиронро мехуред. Гайр аз игво ва миёнарави дигар кореро ба сомон намерасонед. Агар мушкилии мухочиреро хал намоед, аввал худатонро реклама мекунед, баъд аз хама асосаш бе гирифтани манфиат ва "хакки худ" аз мухочир ягон кадам намезанед. Худатонро рохбари созмони чавонони точик дар Россия эълон намудаед. Шумо номдузд мебошед, чунки чунин ташкилот дар Россия умуман ба кайд гирифта нашудааст, офис надоред, коргару тарафдор хам. Дар Эрон тахсил намудед, бо дастгирии ки суол кушода мемонад. бо хадамотхои чанд давлат хамкори доред Худо медонад, худатон аз хисобро гум кардаед. Гохе худро тарафдори Гурухи 24 мегиред, гохе ХНИТ, гохе ... лекин намедонед, ки ягон гурухи зикршуда ба Шумо бовари надорад. Фикр мекунед, ки бо чунин тухмату бухтон ва акидахои ифротию зиддихукуматии Точикистон ба Ватан озод рафта меоед шубха намеорад?

Polat
Иззат рост мега мо шохиди ин кор будем иззатро амнияти масчид фаред карда фахмонданд.

Мардикорони муҳоҷир бозиҷаи дасти ҳукумат ва ашхоси алоҳида гардидаанд. Модоме он бечорагон бо даромадҳои каму туми худ гарави сулҳу субот ва таъмини оилаҳои худ мебошанд, онҳоро ба ҳоли худ гузоред. Тоҷикистон воқеан ҳам мамлакати мардикорони муҳоҷир ва аробакашони бозорҳо шудааст. Пас чаро аз ин далел ҳукумат ба нанг омада, аз таҳқири АиФ дар инет хафа шуда бошад? Ончӣ ҳаст айён, нест ҳоҷати баён! Номӯс мекунед, ҳамаи онҳоро бозхонда, дар Ватан бо кор таъмин кунед.

Хисори Шодмон
Бародарон мо хама дар мулки Руссия барои дарёфти маблаг бо хар рохе фаъолият дорем. Дар масъалахои сиёсати давлати бо харфи баланд навиштачот менамоем. Дар мардуми мо як матали хубе аз гузаштагон боки мондааст, ки аввал бубин чои худ баъд бимон пои худ гуфтаанд. Хар як одам аклу фаросати худро доштанаш даркор. Ба мисли рамаи гусфанд аз паси хар игвогар наравад. Барои он шахсоне, ки оиди фаъолияти Сафорат ё консулгари ахборот надошта бошанд бехуда суханони бемаъни нанависанд. Обрую эхтироми мо аз худамон вобастаги дорад. Дар давраи хозира агар Изат Амон ба хукумати Точикистон халал мерасонд ба осони Точикистон парвоз карда пас бар намегашт. Худи у кист? Аз паси у ки меистад? Созмони чавонон? Барои мухочири бечора чи лозим ин хама масхарабози.
Аспе ба назди усто омада илтимос кардааст, ки ба пойхояш нал бизанад. Аз ин кор кайке бохабар шуда аз усто илтимос мекунад, ки ба пои у хам нал бизанад. (Сафарали Кенчаев) Хамкишлокии ту дар давраи интихоботи депутати ба ракиби худ гуфта буд. Ин хама дар гузашта монд. Монед мардумро ба холи худ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)