Бахшҳо

Маҳкумияти шогирди "Домулло Сироҷиддин" ба 5,6 соли зиндон

Умед Ҷаборов, маъруф ба шайх “Умеди Салафӣ” ва яке аз шогирдони домулло Сироҷиддин аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 5,6 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Ҷаборов дар барангехтани кинаю адовати динӣ ва ташвиқу тарғиби равияи “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад, айбдор эълон шудааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 13 июли соли равон дар шарҳи ин хабар навиштааст, “Ҷаборов аз Муҳарамов Маҳмадӣ, машҳур ба “Шайх Маҳмадӣ” ва домулло Сироҷиддин ном шахсони ба тафтишот номуайян, таълимоти динии равияи “Салафия”-ро омӯхтаааст”.

Ба иттилои манбаъ, Ҷаборов гӯиё то вақти боздошт шуданаш бо маслиҳати пешакии Домулло Сироҷиддину Шайх Маҳмадӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар Масҷиди маркази пойтахт бо номи “Ҳоҷи Яқуб” ва маъракаву маросими мардум ба барангехтани кинаву адовати динӣ машғул шуда, таълимоти мазҳаби Ҳанафияро нисбат ба таълимоти мазҳаби суннатии дини Ислом мухолиф ва инкор кардааст.

Манбаъ афзуда, Ҷобиров дар мурофиаҳои додгоҳӣ бар асоси иттиҳоми эълоншуда алайҳаш худро қисман гунаҳкор дониста, аммо гуфтааст, роҳбар ва пешвои салафиҳои шаҳри Душанбе ва берун аз он на ӯ, балки Маҳмадӣ Муҳарамов аст: “Дар ҳақиқатан роҳбарии равияи Салафияро дар Тоҷикистон Муҳарамов Маҳмадӣ Раҳматуллоевич бар уҳда дорад, ки он кас аз тарфи шаҳрванди Араб бо номи Имрон барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани равияи Салафия маблағгузорӣ карда мешавад ва ин шахс яъне Имрон дар ш. Дубайи АМА вазифаи раиси ҷамъияти Доробиро ба уҳда дорад”.

Зикри номи домулло Сироҷиддин ва номуайянии шахсияти ӯ ба раванди тафтишот дар ҳолест, ки Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин моҳи январи соли 2010 ҳамроҳ бо ҳафт нафари дигар, аз ҷумла писараш Киромиддин Абдураҳмонов бо ҷурми пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи Салафия ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Сино гуфта буд, домулло Сироҷиддин ва ҳамроҳонаш бо баланд гуфтани омину рафъи ядайн (боло кардани дастҳо) миёни мусалмонон тафриқа андохтаанд. Бо гузашти се соли адои ҷазо моҳи июни соли 2013 домулло Сироҷиддин ба озодӣ баромад. Мақомот дар шарҳи раҳоии ӯ гуфтанд, “домулло Сироҷиддин аз рӯи рафтори намунавияш аз зиндон озод шуд”.

Домулло Сироҷиддин 47 сол дорад ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. То соли 2009, замони боздошташ, дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи “Зарафшон”-и Душанбе ба ҳайси имом фаъолият мекардааст.

Пайравони Салафия тақрибан соли 2005 дар масҷидҳои Тоҷикистон пайдо шуда, бо руҳониёни мазҳаби ҳанафӣ бештар рӯи масоиле мисли баланд гуфтани омину хондани рафъи ядайн баҳс доштанд. Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз ҳузури ин гуруҳро безарар дониста, сипас, дар соли 2009 онро як ҷараёни мазҳабии мамнӯъ эълон карданд.
Мӯҳр
Freedom
5,6 сол? чи гуна будааст ин 5,6 ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)