Бахшҳо
14 июл 2015 16:36Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси “Амонатбонк” дар бораи қарзҳои Толиб Айёмбеков ва коҳиши маблағи муҳоҷирон

Руҳулло Ҳакимзода , раиси “Амонатбонк”, мегӯяд, Толиб Айёмбеков, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон қарзашро ба ин бонки давлатӣ пурра баргардонд ва феълан танҳо пардохти фоизҳо мондааст.

Ҳакимзода имрӯз, 14-уми июн зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Толиб Айёмбеков маблағи умумии қарзашро, ки 455 ҳазор сомонӣ буд, пурра супорид ва танҳо фоизи қарзҳояш мондааст.

Раиси “Амонатбонк” ҳаҷми фоизи қарзҳои Айёмбековро то имрӯз 329 ҳазору 310 сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар моҳҳои охир натавонистааст пардохт кунад: “Агар маблағҳоро пардохт кардан натавонад, амволи багаравмондаашро ба фурӯш мегузорем ва қарзгир низ бо ин сад дар сад розист”. Ба гуфтаи масъулини “Амонатбонк” Айёмбеков то охири соли равон муҳлат дорад.

Аввали соли равон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, собиқ раиси “Амонатбонк” хабар дод, ки Оламбибӣ Гулдарбоғова, ҳамсари бародари Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон, ки ҳанӯз соли 2008-ум аз ин бонк 350 ҳазор сомонӣ гирифта буд, қарзашро пурра баргардондааст.

Дар ҳамин ҳол раиси “Амонатбонк” инчунин изҳор дошт, ки воридоти маблағи муҳоҷирон ба кишвар майли поёнравӣ дорад. Ӯ гуфт дар шашмоҳаи аввали соли равон шахсони инфиродӣ тариқи Амонатбонк ба Тоҷикистон 173,8 миллион долларро ворид кардаанд, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 39,6 дарсад кам мебошад: “Нимсолаи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон тариқи “Амонатбонк” 288 миллион доллари амрикоӣ ворид шуда буд”.

Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон низ эълон карда буд, ки дар семоҳаи аввали соли равон воридоти маблағ ба кишвар ҳудуди 42 дарсад коҳиш ёфтааст.
Мӯҳр
Озодагон муред ба хамин хабархои фачатон. Хамин масъалаи бонкиро чун намефахмед чи худатонро намош дода меравед. Тошнит уже айёмбеков хок бар сараш. Муред журналистхои нодон. Кадом кормандашон чи кадар маблаг ба хонаи х-удашон интикол медиханд? Кормандонашон хама лексус сувор дар номи мардум кридитхои сохтаро о\аформить мекунанд номхояшон ки аст. Дигар ягон хабари бонки нанавид илтимос

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)