Бахшҳо

Саидзода: Нишони Шӯравиро аз Душанбе меканем (ВИДЕО)

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравиро дар маркази Душанбе ҳамчун ёдгории меъмории замони шӯравӣ нигоҳ доштаанд.

Масъулини ин Кумита 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтанд, феълан Тоҷикистони соҳибистиқлол нишони худро дорад ва нишони замони шӯравӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ боқӣ мондааст: “Ин герб хусусияти хоси меъмории замони шӯравиро дорад ва як гӯшаи таърихӣ аст”.

Нуралӣ Саидзода, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар ин робита илова намуд, ки нигоҳдории нишони шӯравӣ муваққатӣ аст: “Вақту соаташ расад, мо онро аз миён мебардорем”.

Нуқтае, ки дар он сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси Тоҷикистон Шӯравӣ насб шудааст, маркази шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.




Айни видео дар bambuser
Мӯҳр
Маъди
Наканед,,,,,,, Аз барои Худо наканед. Бе ин хам дар Душанбе нишоне аз Шурави намонд. Душанберо пойтахт Шурави кард, бигзор нишонаи Шуравии бузург монад. Хавзхои назди идораву кучахои Душанбе бо нилуфархои зебояшон, чойхонахои арзони чойнуши гайб задаву чои онхоро ресторанхои миёншикан гирифтаанд. Бас аст, бас аст. Нишоне аз Шурави бигзор монад.

Nakanen
Hamura nakanenu tanho dar joi gerbi kuhna navashro monen TAMOM vaSALOM

Шахрванд
Ин танхо як сутуну нишон нест, дар пойдевори он аксхои таърихи чой дода шудааст. Наход дар як гушаи Точикистон 4 м.кв, барои кучонидани он ёфт нашавад. Агар бинои Мачлиси милли хамчун ёдгории таърихи нигох дошта шавад, пас ин сутун як чузъи ин мачмааи таърихи аст.
Мухтарам Н. Саидзода, муваккати ё доими будани ин ёдгории таърихи, ба назарам дар салохияти Шумо нест.

Буда
Бканену дар музей чош бтен кабати будада бмонен

Ин кумита дигар ягон кор надорад? Сохиби кумита худаш чанд сол бошад ки дар Ш.Душанбе зиндаги мекунад? Ин нишонро хатман як гушаи таърихи бояд дошт зеро Душанберо Шурави пойтахт кард.

Холис
Рахмат барои Шурави, лекин канедаш. Хамчун едгории таърихи нигох доред. Ногуфта намонад, эхтиет шавед, ки чанбаи сиеси дорад.

…нигоҳдории нишони шӯравӣ муваққатӣ аст: “Вақту соаташ расад, мо онро аз миён мебардорем”. БАРДОРЕД! ИНШОЛЛОХ ВАКТИ ШУМО ХАМ МЕРАСДУ ШУМОРО ХАМ МЕБАРДОРАНД!
Ман шахрванди Точикистони ШУРАВИ. Дар даврони шурави ба дунё омадам, бе пул маълумот гирифтам. Бе пул маро табобат кардаанд. 46- соли умри гузаронидаи худам дар даврони ШУРАВИ хушбахттарин солхо мешуморам. Зеро озод будам. 24 соли давраи ба ном давлати хукукбунёд амалан давраи «гуломдори» аз тамоми хушихои зиндагии аз даврони шурави боки мондабуда бе насиб гаштам.

патриот
ба шумо чи танги мекунад ин иншооти таърихи??? а беинсофхо наканед

гражданини ссср
ман шукпонаи ссср мекунам ва фахр дорам, ки вакте шахрванди он давлати камбагалпарвар ва дар асл мусулмони будам. мазкур худ маълумотро ва мансабро=заминаи мансабро аз даври шурави гирифтааст ва холо ношукрии он давронро карда истодааст. Шурави by бихишти камбагалон буд ва аз худо илтичо дорем то боз ба он сохт ва рузхо моро расонад.

миллат
Канед. Ин ба мо ягон бехбудие намеорад.

ш ДУШАНБЕ
Саидзода ...шумо доим дар канданед ....канда пртойду чояша дар ягон сохибкор фурушеду пулакаша дар кисахакат мону.....ин сохибкор хонаи баланд ошийона созададу...ана баъд чи мешавад ина худо медонад....

Давлатшох
Раиси шахр Махмадсаид Убайдуллоев яке аз мардхои окил аст. Мухтарам раиси шахр Шумо бо фархангу зодаи давлати шурави мебошед. Факат як чизеро намефахмам, ки чаро ба мисли Н.Саидзода ва дигарон бе асос харфи баланд мезананд. Ба мисли дигар давлатхо райпурси (голосование) гузарондан дар байни мардуми шахри Душанбе, ки ин обектхои таърихи заруранд ё не. Боварии комил дорам, ки хама барои боки монондани ин хотирот овоз медиханд. Нест кардан осон Саидзода, сохтан к..ат медараду баъди як чанд боронгари ба мисли яхмос (мороженое) рехта меравад. Саидзода мумкин сохтмони хона дошта бошаду ба у хамин сутум даркор бошад? Хотироти хазорон мардуми Точикистон аст ин хама.

махина
илтимос наканед ин як мероси таърихист

сохибмиллат
миллат,
канданаш ягон бехбуди меорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)