Бахшҳо

Вазир дар бораи “кашмакаш”-и тоҷикону узбакҳо барои ош ва пешниҳоди “Кохи Наврӯз” ба феҳристи ЮНЕСКО

Шамсидддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ аз санъати меъмории “Кохи Наврӯз” ва нақшу нигори миллии зебои он тавсиф карда, афзуд, ки азм доранд, шоҳкориҳои Кохи Наврӯз ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии дунё эътироф карда шаванд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорони расонаҳои дохилию хориҷӣ дар Душанбе гуфт, "Кохи Наврӯз”, ки мо дорем, ин нигораҳое, ки дар он ҷо нақшгузорӣ шудаанд, дар дунё ҳамто надорад. Мо зимни сафарҳои корӣ ба кохи шоҳони зиёди кишварҳои гуногун рафтаему дидаем. Аммо “Кохи Наврӯз” дар дунё воқеан ҳамто надорад. Бо назардошти ҳамаи ҳамин мо дар назди ЮНЕСКО масъала гузоштем, ки онро ба феҳристи номинатсияҳои ғайримоддӣ дохил кунад. Барои ворид кардани “Кохир Наврӯз” ба мероси фарҳанги моддии таърихӣ камаш он бояд 50 сол фаъолият дошта бошад. Бо назардошти ҳамин, ки “Кохи Наврӯз” дорои нақшу нигори олӣ аст, мо аллакай ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем, мутахассисонро аз ЮНЕСКО даъват кардем, онҳо омада инро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд”.

Дар мавриди оқибатҳои “кашмакаш” барои “Оши палав”, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон онро ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд, Орумбекзода изҳор дошт, ки ЮНЕСКО метавонад, пешниҳоди ҳар ду ҷонибро қабул кунад. Вазири тоҷик қайд намуд, ки ҳарчанд Узбакистон “Оши палав”-ро пештар пешниҳод кардааст, вале ин муҳим нест ва “Юнеско” метавонад аз номи 2, 10 ва ё 12 кишвар, инро қабул кунад: “Қаблан рӯзноманигорони муҳтарам масъалаи ҷашни чавгонро бардоштанд ки чаро дигарон пешдастӣ кардаанд? Ба наздикӣ дар Ереван дар як сафари корӣ доштам ва ҳамон ҷо як мутаххасиси хеле баландпоя аз Эрон гуфт, “ЮНЕСКО” ташкилотест, ки кишварҳоро ба дӯстӣ меоварад. Ин ҷо муҳим нест, ки аз нигоҳи хронологӣ Шумо пешдастед ё дигар, муҳим нест, ки кӣ пештар пешниҳод кардааст. Муҳим рамзи дӯстӣ аст, мардумро ба ҳам овардан аст. Бояд заминаҳои дӯстияшро ба кор барем. Агар пешниҳоди Узбакистон дар мавриди “Оши палав” қабул шуд, Тоҷикистон бо он ҳамроҳ мешавад, ки мо ҳам дорем. Мисол Наврӯзро, ки Эрон ташаббускор шуд ва мо ҳам шомил астем, Мо ба Конвенсия тағйрот ворид мекунем, ки аввал пешниҳод кардан муҳим набошад”.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Орумбекзода Тоҷикистон инчунин “Чакан” ва “Фалак”-ро низ ба рӯйхати мероси ЮНЕСКО пешниҳод намудааст. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар Кохи Наврӯзро тавсиф кард, ки давоми 6 сол сохта шуда, дасти ягон хориҷӣ ба он нарасидааст: “Ин ҷо дасти ягон хориҷӣ нест. Тамоми устоҳои миллӣ аз Рашту Бадахшону Суғд дар ин ҷо ба кор ҷалб шуданд”. Раисиҷумҳур инчунин таъкид намуд, Кохи Наврӯз аз ҳисоби буҷаи давлат сохта нашуда, барои бунёди он соҳибкоронро ҷалб кардааст.
Мӯҳр
Точик
"Кашмакаш" набудагист охир. Наход максади харду як чизу кашмакаш бошад. Талоши муштаракм будагист барои ворид кардан ба фехрист. Игво наандозед мухтарам рузноманигорон!!!

фарханги мо точиконба гап нест. хамин амнияти мардум таъмин бошад, Худо хохад фарханги мо боз таракки мекунад. Факат илтимос ки дини исломро истифода бурда, фарханги миллиро паст назанем.

Зинда бод мардуми сарбаланди "ФОРС"
=TAJIKISTAN ~ IRAN ~ AFGHANISTAN =

кулябец
Мардум дар кризиси иктисоди гутидаасту инхо ба чи корхо машгуланд!! Ягон масълаи мухимро хал кунед охир. Кадри точик дар ИДМ (СНГ) паст шудааст ва хамчун коргари сиёх мешиносанд ва эътиборе надорем . Магар бо оши палав ва навруз холи мо бех мешавад?
Мерседесро олмон мебарорад ва ба ягон китоби ЮНЕСКО сабт карданаш шарт нест!! Хулоса бароред!!!

Хамватан
Ягон стратегияи пешрафт нест, ягон барномаи баланд бардоштани сатхи фарханги чавонон, мухочирон, ва умуман миллат нест, ягон барномаи пешбарии фарханги точик дар сатхи байналмилали ё аккалан дар сатхи ИДМ нест. Ду руз шуд мехонам, танхо гап сари раксу, оши палав. Вой бар холи чунин вазиру Вазорат

салмон
Чаноби вазир чи хел Навруз бо пешниходи Точикистон чахони шуд ку???? Президентамон чанд бор ин масъаларо зикр карданд..сони хунармандони хатлон хам дар сохтмони кори Навруз ширкат доштанд

GM
BOBOI FAYZ-am dokhil kardan darkor wink

ХХХ
Пешниход менамоям, ки ба чои гимни Гулназар Кельди, суруди "очата бугу"-и Бобои Файз иваз карда шавад. Агар лозим бошад, мархамат референдум гузаронед.

Ҷаноб Вазири фарҳанг нисбати Кохи Нафруз фикри кадом мутахассисро гирифта бошед? Кадоме аз онхо дар ин бора критика(танкид) е акидаи худро тарики рузномаю мачалла баен намудаанд, то Шумо ин кадар бо боварии калон нисбати арзиши бехамтои он сухан мегуед?
Агар аз арзиши гайримоддии ин е он бино мефахмидед, ичозат немедодед, то бинохое, ки шохиди ташаккулебии Душанбеи имруза шудаанд, чаппа карда шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)