Бахшҳо
21 июл 2015 10:03Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти тоҷири чинӣ барои 3 миллион пора ба корманди Р.Эмомалӣ

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ аз боздошти Ин Сюан Де, соҳибкори чинӣ бо тарҷумонаш хабар дод, ки ба мансабдори ин Оҷонсӣ 3 миллион сомонӣ ба ҳайси пора додаанд.

Тибқи иттилои манбаи “Озодагон” масъули Оҷонсии зидди фасод зимни санҷиши фаъолияти ширкати “Сад дарё” тайи солҳои 2011-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор кардааст: “Муайян шудааст, ки ширкати “Сад дарё”, ки роҳбарии онро Ин Сюан Де ба уҳда доштааст, маблағҳои зиёдро аз худ намудааст. Аз ҷумла ба изофанависиҳо дар арзиш ва ҳаҷми корҳои анҷомдода даст задааст”.

Оҷонсӣ мегӯяд, барои пинҳон кардани қонуншиканиҳо шаҳрванди Чин бо тарҷумони тоҷикаш-Улуғбек Аҳроров рӯзҳои 7-8-уми июл ба масъули Оҷонсии зидди фасод 3 миллион сомонӣ пора пешниҳод кардаанд. Манбаъ афзуд, масъули Оҷонсӣ ҳушдор додааст, ки ин кори роҳбари ширкат хилофи қонун мебошад: “Бо вуҷуди ин дар пайи чорабиниҳои оперативӣ 16-уми июли соли равон Ин Сюан Де бо тарҷумонаш баъди додани се миллион сомонӣ ба мансабдори Оҷонсии зидди фасод боздошт гардиданд”.

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод феълан алайҳи Ин Сюан Де бо моддаи 32 қисми 3 ва 320-и Кодекси ҷиноӣ барои сӯиқасди додани пора ба шахси мансабдор ва нисбати тарҷумонаш бо модаи 347, барои хабар надодан аз содиршавии ҷиноят парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Minok
Тарчумон чи айбдор?

правильно тарчумон чи айбдор?

Мешудааст-ку! Ин мардум одат карда будаанд, ба хакки мазлумхури. Барори кор, мухтарам Р.Эмомали!

точик
3 миллион $ 3 миллион сомони тарчума карда аст.акнун чазо мегирад

шахрванд
Аз авал мегирфтан ката-ката и се милион ба фикрам кам будаст ки резултатш кардан.

Истиклол
Чавоб ба Minok, барои он ки сари вакт ба хитой фахмонда надод, ки барои пора дар Точикистон хатто шахрвандони хоричиро хабс карда метавонанд. Шояд, ки тарчумон хитоиро бераха кардааст, нодуруст тарчума намудааст. Мисол гуфта бошад, ки 3 млн ин бочи давлат ё дигар хизматрасонихо давлати. Тафтишот хамаашро нишон медихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)