Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 12:46

З. Саидов: Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

21 июл 2015, 12:16

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон рӯзи дуюм аст, ки дар мавриди парвандаи наваш дар додгоҳ суханони ниҳоияшро ироа мекунад.

Тавре ҳозирини мурофиаи додгоҳӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, суханронии ниҳоии Зайд Саидов аз 99 саҳифа иборат буда, дар назар аст, ки пеш аз зуҳри имрӯз, 21-уми июл ба анҷом расад: “Дар баромадаш дар додгоҳ Зайд Саидов аз бандҳои қонун, ояҳои Қуръон ва ашъори шоирони классику муосир иқтибосҳо оварда, бо зикри мисраҳо аз шеъри Лоиқ Шералӣ гуфт, "тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст, ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам. Бо зикри ин мисраҳо Саидов афзуд, ки дар воқеияти Тоҷикистон шояд танҳо гунаҳаш ин аст, ки тоҷик таваллуд шудаасту тоҷири муваффақ будааст”.

Ӯ бори дигар тамоми иттиҳомотро алайҳи худ рад карда, афзуд, ки қабл аз вазирияш низ ба тиҷорат машғул шуда, соҳиби молу мулк будааст.

Феълан суханронии Зайд Саидов дар додгоҳ дар ҳоли анҷомёбист ва “Озодагон” ба зудӣ ҷузъиёти онро ироа хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон аз Додгоҳи Олӣ боз 25 соли дигари зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарари расонда ва мусодираи молу мулкро талаб кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, айбдоркунанда аз парванда бо даъвои шаҳрванди Ветнамӣ дар мавриди “Тоҷикатлас” даст кашида, инчунин дар мавриди иттиҳоми пулшӯӣ низ хост, парванда аз қисми 4-и моддаи 262 ба сабуктар- қисми 2 бандубаст карда шавад.

Оқои Табаров афзуд, ки дар робита ба иттиҳомот зимни бунёди “Душанбе плаза” айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ дар маҷмуъ барои Зайд Саидов 25 соли зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарар ва мусодираи амволи барӯйхатгирифташударо талаб кард. Вакили дифоъ илова кард, ба амволи ба рӯйхатгирифташуда аз ҷумла мошинҳои фарзандони Зайд Саидов дохил мебошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар маҷмуъ бо роҳи қисман зам кардани ҷазо ба ҳукми қаблӣ додситонӣ барои Зайд Саидов 30 соли зиндон талаб кард. Зайд Саидов қаблан ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • .

  • 21 июл 2015 12:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Именно точики комсомолободи буданаш сабаб аст. Агар аз бачахои боло мебуд, ягон гап намешуд. Бзан, бху, бгард.
Посух додан
  • Икром

  • 21 июл 2015 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё раиси шахр тамоман бегунох аст дар сохтмони Душанбе плаза?
Ё ин ки рохбарияти кумитаи давлатии идораи амволи давлати?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН МАРД ТОЧИК АСТ ВА НАНГУ НОМУСУ ХИСИ ТОЧИКИ ДОРАД.
ХУДОВАНД БАХШОЯНДА АСТ ВА БАНДАГОНИ БАХШАНДААШРО ДУСТ МЕДОРАД, АЗ ИН ЛИХОЗ АЗ ЧАНОБИ ОЛИ ВА АЗ МИРИ ШАХР ИЛТИМОС ВА ХОХИШ МЕКУНЕМ МО ШАХРВОНДОНИ ТОЧИКИСТОН КИ ИН БАРОДАРИ ТОЧИКРО БУБАХШАНД ВА ДАР ИВАЗИ МАХБАС ЯГОН МАСУЛИЯТИ ОБОДОНИ ДИЕРАМОНРО БА ДУШАШ ГУЗОРАНД ТО КИ ДАР ДИЕРИ ТОЧИКИСТОНИ МО БОЗХАМ ОБОДОНИ ЗИЕД ГАРДАД.
Посух додан
  • Иззатбек

  • 21 июл 2015 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир уро барои азхудкунии 16 корхона айбдор мекарданд,вале сутунхои давлати Точикистон Матлубхон Далатов ,Шерали Гулов ддар рафти пур сиш ё ру ба ру куни иброз доштанд ,ки хамааш конунист,ба инаш чи мегуед ?Ё дар мавриди дуругин будани ДнК БиО -Папа ?Бахудо ки айб аст.
Посух додан
  • Шахрванд

  • 21 июл 2015 13:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гуноххои Зайд зиед аст. Ба гайр аз точик будан, боз инсони пок аст, истикололияти фикри ва моли дошт, мехост дар як чомеъаи озод зиндаги кунад. Магар ин бас нест, ки хукми абад длда шавад? Бояд дар конунгузори тагйирот ворид карда шавад ва озодандеширо бо терорризм баробар кунанд. Холо вокеъият чунин шудааст, танхо мондааст ки конунро тагйир диханд.
Посух додан
  • Коргари мерия

  • 21 июл 2015 13:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Икром,танхо раис шахр не, бисерихо аз Зайд манфиат мегирифтанд. Вакт хама чиза чо ба чо мекнад.
Посух додан
  • Душанбе

  • 21 июл 2015 14:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳар як шахш аз руй гуноҳаш ҷазо мегирад. ИН мардак аз руй чанд гуоҳаш ҷазо гирифт. Агар барои камбудиҳои иқтисодӣ ҳукму қатл мебуд бисёр хуб мешуд. Шумо бояд ба ҳамаш сар хам мекардед,ба ин авҳол намерасидед.
Посух додан
  • Истиклол

  • 21 июл 2015 14:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавоб ба Икром, чашмат будагист, раиси шахр аз бучет маблаг чудо кардаст, ки Зайд Саидов биноро бунед кунад, лекин ба фикрам он кас дар сметаи харочоти каме зиёдтар маблагро навиштааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инсони хуб аст, аз барои Худо озодаш кунед. Ба мисли баъзе Ватанфурушон аз дур зиди давлату милат сухани кабехе нагуфтааст Точики ватандуст аст. Хама дар ин дунë гунох дорад, касе бе гунох нест на одам куштаасту на ба Ватан хиëнат кардааст. Ман шахсан акаи Зайд Саидро хуб намешиносам лек аз суханронихояш маълум ки инсони хуб аст, ва аз дахони мардум х,ам шунидаам таърифу ободкорихояшро. Ба акаи Зайд Саид гуфтаниам : Поëни шаби сиëх, сафед аст!!!
Посух додан
  • Собири качала

  • 21 июл 2015 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мн намедунум хами маакда чи намерасид. О дар бари раиси чумхуру Убайдуллоев рост би ку. Буху бгард. О бача призиден як кас меша. Мн намедунум киё гарангуш кадан. Ба гапи касе рафт...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Зайд Иношо Аллох бо амри Парвадигор шумо озод мешавед , ин хамааш як санчиши Илохи мебошад, мо хама гунахгор мебошем ки точик тавалуд шудаем ,
Посух додан
  • ццц

  • 21 июл 2015 17:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хар як нафаре, ки аз бурун точик нест,
Дареб ки низ аз дарун точик нест.
Дар мамлакате, ки Точикистон номаш
Як рохбари он то ба кунун точик нест.
Бозори Собири дарбори
Посух додан
  • 99

  • 21 июл 2015 17:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Az kuzagare parer kardam guzare"
Guftam: "Gili tojik ast jo khare?"
Gufto: "Gili tojik nakardam paydo.
Tojik shuda ovorayu khokash ba sare"
Посух додан
  • Масчоӣ

  • 21 июл 2015 18:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бзан бху бгард тоҷик нестанд. Афсус, ки дар тамоми таърихаш миллати тоҷик роҳбари тоҷик пайдо накард. Зайд тоҷики тозаи ҳақиқии куҳистонист. Худо хоҳад замоне пеш аз муҳлат ба озодӣ хоҳад баромад.
Посух додан
  • акрам

  • 21 июл 2015 18:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ачаб дунйое ки дузди калон дар вазифаи давлати истодаву корбару кордон дар зиндон
ин аст чавоб ба суоле ки чаро точикистон пеш нарафта...
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!