Бахшҳо

Одиназода дар бораи болоравии нархи роҳкиро, об, барқ ва таҳсил (ВИДЕО)

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нияти мақомоти соҳавиро барои боло бурдани нархи обу ҳаққи роҳкиро дар Душанбе тасдиқ намуда, афзуд, ки дар мавриди боло бурдани нархи барқ аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” пешниҳоде ворид нашудааст. Ӯ инчунин таъйид намуд, ки нархи хизматрасониҳои пулакӣ дар муассисаҳои таълимӣ то 10 дарсад боло меравад.

Одиназода имрӯз, 23-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” ба ин ниҳод барои боло бурдани ҳаққи хизматрасонии об муроҷиат кардааст: “Онҳо пешниҳод кардаанд, ки ҳаққи хизматрасонӣ барои об 38 дарсад боло бурда шавад ва мо инро дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мекунем”. Маврид ба зикр аст, ки ин хоҷагӣ ба истиснои Душанбе дар навоҳии дигари кишвар ба хизматрасониҳои коммуналӣ машғул аст ва феълан барои ҳар метри мукааб об аз 0,8 то 1 сомонӣ ҳаққи хизматрасонӣ мегирад.

Дар мавриди нархи барқ Одиназода изҳор дошт, ки то ҳол аз ҷониби “Барқи тоҷик” дар ин бора пешниҳоде нашудааст ва дар сурати дастрас шудани пешниҳод онро ба ВАО ироа хоҳад кард.

Инчунин ноиби раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ кард, ки муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” пешниҳод кардааст, нархи роҳкиро дар пойтахт баланд бардошта шавад: “Мо ин пешниҳодро омӯхтем ва хулосаи худро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Душанбе ироа кардем. Қарори ниҳоиро онҳо қабул мекунанд”.

Ба гуфтаи масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод шудааст, ки ҳаққи роҳкиро дар Душанбе то 14-15 фоиз баланд бардошта шавад, вале тасмими ниҳоиро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт мегирад. “Душанбенақлиётхадамотрасон” зимни ироаи асосҳо барои боло бурдани ҳаққи роҳкиро изҳор доштааст, қисмҳои эҳтиётӣ қимат шудаанд ва мусофиркашҳо фарсуда шудаанду ниёз ба таъмир доранд.

Роҳкиро дар мусофиркашҳои Душанбе тобистони соли 2011 бо қарори шаҳрдорӣ 1,6 сомонӣ муайян шудааст, аммо ронандаҳо аксаран аз мусофирон 2 сомонӣ мегиранд.

Дар баробари ин ноиби раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ инчунин иттилоъ дод, ки аз моҳи сентябри соли равон нархи хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои давлатии таълимӣ то 10 дарсад боло хоҳад рафт: “Ин аллакай тасдиқ шудааст. Онҳо барои боло бурдани нарх муроҷиат карданд ва онро асоснок карданд. 65-70 фоизи хароҷоти муассисаҳои таълимиро музди меҳнати кормандон ташкил медиҳад, ки ба ин фонди иҷтимоӣ низ ворид мешавад. Инчунин хароҷоти коммуналӣ, сохтмонӣ ва ғайра доранд. Баъзе донишгоҳҳо то 30-40 фоиз боло бурдани нархҳоро пешниҳод мекунанд, аммо мо ҳамаи дархостҳояшонро қабул намекунем, онро кам мекунем. То 10 фоиз расондем”.


ВИДЕОҲОИ суҳбати Одиназодаро метавонед дар ин ҷо тамошо кунед
Мӯҳр
Хуршед
Хамин нихода бархам задан даркор! Ба худо ягон зарурати буданаш нест!!!
Ки мегуяд ба мардуми чи хизмати хамин ниход расидаас.

Агар Одиназода худаш як бор пули барк, об, тахсил ё рохкиро медод он вакт барои кимат кардан чонаш мебаромад аз кисаи халк кашида гирифтан осон аст метавони хама чизро кимат куни

Наход дар давлате ки об аз замин мебарояд ин кадар киммат бошад???
Нархи тахсила боло мекунед ки бачахо дохил шуда натавонанду ба мухочират раванд? шумохам бало

Шумо кадом муассисаҳои таълимиро дар назар доред, чаноби мухтарам? Давлати ё хусуси? Баъд, дар бозори тахсилот субъектхои зиёд фаъолият доранд. Ман нафахмидам, чаро онхо бояд нархномаи худро бо Хадамоти зиддиинхисори мувофика кунанд? Шояд, дар конунхо боз тагйирот шуду мо бехабар мондем-ми.

точик
Хамин хадамоти зиддиинхисори дар тамоми давраи фаъолияташ нархи ягон хизматрасонихоро кам ё пастар карда бошад. Барои мардуми точикистон чи хизмат мерасонда бошад.Аз тарафи вазоратхо ё кумитахо чи пешниходе ки мешавад барои баланд бардоштани хизматрасонихо бе ягон мамоният кабул карда мешавад.

ш Душанбе
ба мардум инкадар чурму зулм нанамоёд ...

Sorbonne
Кор факат нархнома тасдик кардан асту халос))))) нархи тахсил дар макотиби олии кишварамон аз нархи тахсил дар кишвархои хоричи боло рафтааст вале савод гирифта намешавад бо ин нархи гуфтаги

Бояд рохбарияти ин соха аз худи Хамин соха монондатшавад, на аз амволу сохторхои дигаре ки антимонополия ро намедонанд!!! ФАС дар Россия сохтори бакувваттарин АСТ.

Шахбоз
Безор каден . халка дар 1 мох 1000сомон медихен 2000сомон мегирен. айба намедонем. агар чунин рафтан гирад Точикистон чойгузини Сурия мешавад. Халк норози шид митинг мекнан. ээээ камта сартона кор фармонен халк нони хурдан надора. Ку маоша 30000сомон кнен бад нархора бардорен. кош замин кафаду золимон дароянд. Як бор кариб митинг кнан да чор тарафи шахр БТР монден. халка зурш омадесай. камта фикр кнен. хай ак шмо ба ЛЕКСУС МЕРС МЕГАРДЕН шкамотон при гушта бараи 6мохаай.

Мо аз соли 2011 инчониб аз мусофиркашои беинсоф 40 дирамии бакияро нагирифтаем. Дар ин муддат онхо гайриконуни кор карда аз хисоби мусофирхо хеле гунучин карданд. У кондукторхои бемаърифаташон, ки аз итгохи аввал то охир САХОВАТУ КОРВОН ё СИРКУ САДБАРГ гуфта сарамонро гич мекунад, бехисоб. Бовучуди сатхи пасти хизматрасонашон барои болоравии нархи рохкиро дархост кардаан!?. Инчо ягон нимкосаи дигар хам хаст. Шояд каси дигар мантфиати бештар мехохад....

Ба мардум чи маош медихед, ки боз нархгузорихоро осмони мекунед? Окибати нек надорад гумонам!

Рахматулло
дар хакикат хамин ниходе, ки хамеша фармони"боло"-ро ичро мекунад, лозим нест худи ин ниход дар пешниходи лоихахое ки ба нафъи мардум аст, кореро ба сомон расонида наметавонад. Чунин нафаронро дар забони точики" дахони амак" ном мебаранд.

fff
Ма хайрон мешам вакте, ки мефахмум чунин суханона аз тарафи хукуматдорон. Чаноби оли 15 фоиз баланд мекуна, дар баробари 15 фоиз баланд кардан 35 фоиз кимат мекунад пас чи зарурат доштаст баланд кардан маош?

Вой дод
Хуршед дуруст кайд карди, хамин хадамот ба ки лозим. Хол он ки дар давраи гузаштан ба "Иктисоди бозоргони" нархро бозор муайян мекунад. Соф одамои аз хаво галтидагира чамъ кардиян...

кучо хаки рохкироя баланд мебардоред.Хар як ронанда аз 100 то-200 сомон меёбанд дар як руз бо кучо мебардоред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)