Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 01:47

З.Саидов: Гӯиё барои президентшавӣ 2 миллион $ гирифтаам

23 июл 2015, 19:33

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон имрӯз, 23-юми июл зимни ироаи қисмати охирини суханронии ниҳоияш дар додгоҳ тамоми иттиҳомотро алайҳи худ сохтаю сиёсӣ хонда, аз додрас хост, ӯро сафед кунад.

Ҳозирини мурофиаи додгоҳӣ дар ихтиёри “Озодагон” матни суханронии ниҳоии Зайд Саидовро гузоштанд, ки дар он соҳибкори маҳкумшуда мегӯяд, раҳбарияти Оҷонсии зидди фасод дар рӯзҳои аввал зимни мулоқот бо ишора ба нияти таъсиси ҳизби “Тоҷикистони Нав” суол гузоштанд, ки “чӣ мо куҳна шудаем? Ҳарчанд мегуфтам, ки ин номи ҳизб аст ва мақсадамон масъалаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоист ва ғайра, аммо моҳияти мақсаду мароми бандаро дарк накарда, иттиҳомҳои гуногун мезаданд”.

Зайд Саидов бо зикри иттиҳомоти дигар, ки аллакай ба омма маълуманд инчунин изҳор дошт, ки мақомоти тафтишотӣ дар аввал барои додани тобиши сиёсӣ ба парванда ӯро айбдор кардаанд, ки гӯиё барои пешниҳоди номзадияш ба президентӣ аз шаҳрванди хориҷӣ 2 миллион доллар гирифтааст: “Тафтишот аз номи Коретский шаҳрванди Украина, ки ӯро ҳеҷ гоҳ надида будам, иттиҳомотро характери сиёсӣ додаанд, ки гӯё ман барои номзад шудан дар маъракаи интихоботи президентӣ иштирок кардан аввал 2 миллион доллар, баъдан 1 миллион доллари амрикоӣ гирифтам ва аз сабаби он ки манро ҳабс карданд Коретский ба Агентии давлатии молиявии мубориза бо коррупсия муроҷиат кардааст, ки пулашро гирад. Яъне мақомоти коррупсия бо ин амалашон ошкоро бо ин ҳама айбдоркуниҳо асоси сиёсӣ доданд”.

Зайд Саидов дар пайи зикри парвандаҳои таҷовуз ба номус ва иттиҳомоти дигар аз ҷалби миллиардери украинӣ-Фирташ ба харидории «Тоҷиказот», «Гулистон» ва «Абрешим» зикр кардааст, ки фарзандаш Хайрулло ҳамагӣ 5 дарсадии саҳмияҳои онҳоро дорад: “Ҳама он корхонаҳо «Тоҷик Азот», «Гулистон», «Абрешим» корношоям буданду ба сармоягузории бузург ниёз доштанд. Аз суханоне, ки пайваста ба ҷаноби Фирташу дигар сармоягузорон дар бораи миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва сабақи зиндагӣ гирифтанамон аз ҷангҳои шаҳрвандӣ мегуфтам, ки ҳеҷ гоҳ ба Шумову сармояатон газанде намерасад ва онро қонуну давлату Президенти кишвар кафолат медиҳанд, шарм медорам”.

Зайд Саидов дар мавриди сохтмони бинои «Душанбе-Плаза» изҳор доштааст, ки “новобаста аз мураккабии бино, маҳдудияти майдони сохтмон, мӯҳлати бисёр кӯтоҳи сохтмониву ороишӣ то ба ҳадди истифода бидуни ҳеҷ эрод ба фармоишгар супорида шуда, комиссияи корӣ, комиссияи давлатӣ, прокуратураи шаҳрӣ онро қабул намуда, ҳатто мӯҳлати истифодаи кафолатиашро гузаронидааст, шикояте аз ҷониби соҳибонаш набуду нест, вақте шартнома ва ҳама талаботҳо дар сатҳи хуб иҷро шудааст, чигуна маблағҳо аз они худ карда мешудааст? Кадом маблағ? Дар куҷо ва дар асоси кадом ҳуҷҷату нишондод? Баъдан банда сармоягузор ва Раиси Ассотсиатсия буда машварат медодам, ки дар ҳуҷҷатҳо дарҷ шудааст ширкат роҳбари оинномавӣ ва комилҳуқуқи худро дошт. Бо тамоми масъулият иброз медорам ва дар мурофиаи судӣ исбот кардам, ки ширкати мазкур аз сохтмони биноҳои давлатӣ «Душанбе- Плаза» ва мактабҳои сохташуда беш аз 7 млн. доллари амрикоӣ зарар дидааст. Зарари ширкатро дар ҳаҷми 27 миллион сомонӣ дар бинои «Душанбе - Плаза» худи Раиси шаҳри Душанбе дар иштироки худам ба Ҷаноби Президент расонида буд. Ҳатто 4,2 миллион сомонӣ норасоии маблағе, ки дар сохтмони мактаби 8 ташкилотҳои лоиҳакаш ва фармоишгар эътироф карда, худ лоиҳаи қарорро бо ҳама сохторҳо мувофиқа намуда буданд, баъди ҳабси банда он маблағро ба ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» пардохт накардаанд. Намояндаи фармоишгар такроран дар мурофиаи суд ва ҷамъбасти он иброз доштанд, ки фармоишгар маблағҳои ба мактаби №8 додаашро дар иҷрои кор банд ба банд бо санад қабул кардааст ва бандҳои шартнома пурра иҷро шудааст. Банда бошам дар зиндон будам. Боз ҳам айб эълон карданд, ки Саидов З.Ш. қариб як миллион сомонӣ маблағи буҷавиро дар мактаби №8 низ азонихуд кардааст. Куҷост қонун? Куҷост ақлу фаросату инсофи одамӣ?”

Дар ниҳоят Зайд Саидов дар хитоб ба додрас изҳор доштааст, “итминонам бар он аст, ки комилан бегуноҳиамро чӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва чӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар рафти мурофиаи судӣ исбот намудам. Боварӣ дорам, ки Шумо ҳамчун додраси касбӣ, соҳибихтиёри як шохаи ҳокимият ба ҳамаи амалҳои банда баҳои объективонаву беғаразонаи ҳуқуқӣ дода, бандаро бо ҳама лаҳзаҳои айбдоркунӣ бинобар набудани ҳодисаи ҷиноят дар амалҳоям сафед мекунед”.

Ба иттилои Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов раисикунандаи мурофиа баъди шунидани суханҳои зерҳимояаш барои қабули қарор вориди хонаи машваратӣ шуд ва дар назар аст, ки давоми 15 рӯзи оянда ҳукми Зайд Саидов эълон мешавад.

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон аз Додгоҳи Олӣ боз 25 соли дигари зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарари расонда ва мусодираи молу мулкро талаб кардааст.

Исҳоқ Табаров афзуд, айбдоркунанда аз парванда бо даъвои шаҳрванди Ветнамӣ дар мавриди “Тоҷикатлас” даст кашида, инчунин дар мавриди иттиҳоми пулшӯӣ низ хост, парванда аз қисми 4-и моддаи 262 ба сабуктар- қисми 2 бандубаст карда шавад.

Оқои Табаров афзуд, ки дар робита ба иттиҳомот зимни бунёди “Душанбе плаза” айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ дар маҷмуъ барои Зайд Саидов 25 соли зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарар ва мусодираи амволи барӯйхатгирифташударо талаб кард. Вакили дифоъ илова кард, ба амволи ба рӯйхатгирифташуда аз ҷумла мошинҳои фарзандони Зайд Саидов дохил мебошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар маҷмуъ бо роҳи қисман зам кардани ҷазо ба ҳукми қаблӣ додситонӣ барои Зайд Саидов 30 соли зиндон талаб кард. Зайд Саидов қаблан ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Muhojir

  • 23 июл 2015 19:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо Хифзат кунад бародар . Парвардигор кай мешуда бошад ки нафаси адолату хукукии Миллати Точик Таъмин шавад дар Ватан !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Просто ограбили человека. Сам виноват, что доверился не порядочным лицам...
Посух додан
  • цццц

  • 24 июл 2015 10:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зиндаги аз ман ту мегири касос,
Душманамро шод карди бад магир
Зиндаги, Зиндаги, зиндаги.
Посух додан
  • 99

  • 25 июл 2015 00:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарҳи дина ба хуни дил навиштаи маро чоп накардед!
Медонам, ки шумо ҳам тарсу ҳастед ва ин бори аввал нест, вале дониста бошед, ки мо бе сомонаи шумо ҳам метавонем ба гӯши кар азон гӯем!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!