Бахшҳо
27 июл 2015 09:11Тоҷикистон / Сиёсат

Тоҷикистон дар бораи Сулаймон Қаюмов ба Туркия маълумот пешниҳод кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи шахсияти Сулаймон Қаюмов, як шаҳрванди кишвар, ки дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад, ба Туркия маълмуот фиристодаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи шанбеи 25 июл гуфт, мақомоти Туркия дар робита ба Қаюмов дархости расмӣ ироа кард: ”Мо маълумотҳоро ҷамъоварӣ карда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Туркия пешниҳод кардем”.

Аммо ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, вобаста ба қатли худи Умаралӣ Қуватаов то ҳол аз ҷониби Туркия ягон дархосте нашудааст: “Вале мо аз рӯзи аввал исрор кардем, ки барои кушодани ҷиноят омода ҳастем, ки кумак расонем, агар чизе ки аз мо вобастагӣ дорад”.

Генерал Раҳимзода мегӯяд, нисбати Сулаймон Қаюмов тафтиш идома дошта, ҳоло ягон қарори муайян қабул нашудааст.

Сулаймон Қаюмов, ки ӯро сокини ноҳияи Восеи Тоҷикистон медонанд, дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гуруҳи 24” дар Туркия муттаҳам мешавад. Бино ба иттилои расонаҳои Туркия, Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ бо зану фарзандон шоми 5 марти соли равон ба хонаи Сулаймон Қаюмов, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, ба “Гуруҳи 24” пайвастааст, меҳмонӣ меравад: “Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос карда, ба хиёбон мебароянд, то беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан нафаре аз пушт ба сараш бо таппонча шиллик мекунад”.

Баъдан, расонаҳои туркӣ иттилоъ доданд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст.

Бар асоси иттилои расонаҳои Туркия, Сулаймон Қаюмов дар қасди заҳролуд кардан айбдор мешавад ва ҳоло дар боздошт аст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекард ва бо тахмини зиёд заҳрро ба хӯрок ӯ омехта кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)