Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:38

Раиси Маркази қонунгузории назди президент: Қонун сатрпӯшию ришмониро манъ накардааст...

30 июл 2015, 16:19

Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузории кишвар барои пӯшидани сатру мондани риш ҳеч маҳдудияте ҷорӣ накардааст.

Раҳимзода ин нуктаро имрӯз, 30-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошта, таъкид намуд, ки ин ҷо масъалаи одобу ахлоқ ва фарҳангу муошират аст.

Ӯ таъкид намуд, ки сатр ба маънавияти мо ягон тааллуқ надорад ва модари 90-солаашро мисол овард, ки рӯймоли тоҷикӣ мебандад: “Як рӯймолро хушруй баста, мегӯяд, ин, ки бархе то чашмҳояшонро мебанд, хоси мо нест. Мегӯянд то револютсия фаранҷӣ доштем, ки он дар ҳама набуд. Баъзан дар як деҳа як фаранҷӣ будааст ва ҳамоне, ки туйу ягон маърака дошт, онро пӯшида мерафтааст”.

Раиси Маркази миллии қонунгузории назди президент илова намуд, ки дар хиёбонҳои мо ҳеч кас ба ришгузорию сатрпӯшии шаҳрвандон кордор нашудааст: “Аммо ин ҷо масъалаи амниятӣ аст. Мо шоҳиди онем, ки чӣ гуна дар Туркия, Сурия Ироқ ва дигар кишварҳо таркишҳои зиёдеро амалӣ мекунанд, афроди бегуноҳ мефавтанд. Бинобар ин дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳам омадааст, ки барои таъмини амният бояд эҳтиёткор бошем”.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ вақтҳои охир дар ҳар баромадаш аз бонувони кишвар даъват мекунад, ки аз бегонапарастӣ даст кашида, рӯй ба фарҳангӣ миллӣ биёранд. Аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми июл дар мулоқот бо аҳолии ноҳияи Дарвоз изҳор дошт, “Он қадар расму оинҳое дорем, ки баъзан ношукрон тарзи либоспӯшиву расму оинҳои моро доғдор карданӣ мешаванд, лекин ба орзуҳояшон намерасанд. Баъзан давалтҳо дур намеравем, собиқ Шӯравӣ як либос доранд. Занҳо ҳам як либос доранд, мард ҳам. Дар баъзан давлатҳои исломӣ, як либос, чатри сиёҳ, дигар чизи дигар нест”.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба занҳое, ки либоси миллӣ доштанд, афзуд, “мана модари тоҷик. Модари ман ҳам ҳамин тавр либос дошт. Ба синну сол нигоҳ карда либос мепӯшиданд, рӯймол бар сар мекарданд. Чаро бегонапарастӣ кунем? Чаро дигарон сару либоси моро намепӯшанд? Ҳеч гоҳ модарону хоҳарони муҳтарам рӯймоли сиёҳ ба сар накунед, ки Худо нишон надиҳад мотам меорад, сиёҳпӯшӣ мотам меорад. Ҳатто дар рӯзи мотам рӯймоли сиёҳ модарони мову Шумо ба сар намекарданд. Бисёр ин чиро нодида нагиред. Ҳар фарди муъмину мусалмоне, ки пеш аз ҳама иззату эҳтироми падару модари худро мекунад, хизмат ба падару волидайни худ мекунад, дуои неки падару модари худро мегирад, мартабааш аз ҳаҷҷи акбар, аз тоату ибодат, аз рӯзаву намоз болотар аст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • али

  • 30 июл 2015 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз сар шуд мо мусулмонем аммо сатр аз мо нест,мо мусулмонем аммо риш ба мо зарур нест .тавба хамин сатр на аз араб асту на аз эрон ин либоси мусулмонхои руи замин аст то ислом арабхо хам сатрпуш набуданд.яъне хукумат бо бахонаи ташфикоти либоси милли мубориза ба ислом дорад,ки гуфти русхо видно "не вооруженым глазом"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо мусалмон хастем ва сатру хичоб ин либоси исломист на либоси арабасту на гайра чаро нисбати мини юбкаю куртахои калтае ки барахна аст сухан намероне? Чаро монеъи сатру хичобу риш хастед? Ое мусулмоне ки риш дорад террорист аст? Аз либосу риш одамро гунахгор насозед, аз акидаву рафтораш уро чазо дихед.! Нафрату бадбинии халкро зиед накунед бас будагист лоияхои яхудихоро ки бар зидди Ислом аст пеш бурдан! Агар ки конуне нисбати ришу сатру хичоб набошад ба кормандони давлатиатон фахмондагузарони кунед ки ба ришу сату хичобдорон кордор, бо нафрат сухбат кардан ва далели хучат барои ришу сатру хичоб доштанро талаб карданро бас кунанд. Одамони бе гунохро ки риш доранд ба тухматхои амнитяти гунахгор кардан ро бас кунанд
Посух додан
  • тт

  • 30 июл 2015 17:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо окибаташро бахайр кунад
Посух додан
  • Абдуллох

  • 30 июл 2015 17:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Конун набошад пас чаро бо Хичоб е ин ки бо Риш паспорт гирифтанд намемонанд?
Посух додан
  • Точикистони нав

  • 30 июл 2015 19:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Миллатхо атом бомба сохта истодаанду мо холо хам мустамликаи рус хастему барои гаразхои сиёсиамон миллати худро дар дунё сексвалист нишон медихему гайр аз руймолро ин тавр банд он тавр банд гуфтан дигар чизе аз дастамон намеояд! Магар нодуруст гуфтам мухтарам Рахимзода Махмад Забир?
Посух додан
  • Ахлок

  • 30 июл 2015 20:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачиб аст, ки хукми Худои ягона шудааст барои шумо бегона. Ин сатр на моли хоси Ирон аст ва на аз Афгонистон аст ва на аз Арабистон. Ин охир аз дини мубини Ислом аст. Пархез аст. Имон аст. Инсоф аст. Ислом давлат надорад. Мухимаш сархад надорад.
Посух додан
  • Muslim

  • 30 июл 2015 22:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст дуои неки Падару Модарро мегири аммо Намозу руза ин хукми Худост ин аз хама болост
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
асалому алайкум мо норозием азин конун чиба барои мини юпка конун набароварден магар онам милист онам азони монеску озодона мепушан мегардан кади шахру деходба духтари точика аз руссо фарк намекуни хамчунон мепушан тамоми чош метоба магар хаминаст мусалмони мо магар
пушоки милимост?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан ба Президент барои чунин суханхои хидояткунанда ва тарбияви! Бихишт зери пои модарон аст. Як сухбат бо ахли илму адаб баробар ба як ракъат намоз аст. Падару модар рози - Худо рози. Ин суханхо аз забони Паёмбари мо (С) садо додаанд. Барои хамин хам, ахли мусулмони точик, ба суханхои Сардори давлат бодиккат гуш дихед. Мо бояд аз сохтакори, догматизм, шаклпарасти ва таассуб дур шавем. Дини мубини Исломро на шаклан, балки мохиятан дарк кардан лозим...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пас барои чихел ононе ки либоси аврупои мепушанд касе ба бегонапарасти айбдор намекунад. Ё модари Синову Рудакиву Сомониву Хаем миниюбка мепушиданд. Барои чихел занхои точик дигар олимонро таваллуд намекунанд, сунеи бешарму хае гаштаанд. Сатр ин як нишонаи шарму хае аст. Шарм бошад пусти имон аст. Аз дастин занхои юбкапуш 10 хазор одамони ба касалихои спид дучор гашта фавтида истодаанд. Аммо инро касе намебинад.
Посух додан
  • точик

  • 31 июл 2015 07:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин эхтиеткори танхо нисбати риш ва сарт мебошаду халос чаро чаро ним барахнахо хатаре надонан
Посух додан
  • Freedom

  • 31 июл 2015 08:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо фикр мекунед, ки бо манъи сатру риш, ки онро бегонапарасти хондед, пеши рохи терроризмро гирифта метавонед? Террорист хох бо риш бошад, хох бе риш бошад кори худро мекунад.
Акнун шумо бо як модари худ тамоми гузаштагони точикро баробар накунед. Гузаштагони мо ба куча бароянд хатман бо фаранчи мебаромаданд. Шумо охир як бор бо бегонапарастии аврупоии либосхои нимбарахна хам мубориза баред баъд мо ба суханони шумо бовар кунем.
Сатру ришро манъ мекунед, аммо шахсони диндор мехоханд ришу сатр дошта бошанд. Шумо онхоро фишор меоваред баъд онхо мемонанд мераванд ба Сурия баъд хайратзада мешавед, ки чаро чавоно Сурия мераванд. Охир онхоро дар ватаи худашон озодона зиндаги кардан намонед пас онхо хам мераванд. Монед мусалмонхо озодона зиндаги кунанд пас хеч ки хеч гучо намеравад.
Посух додан
  • 1

  • 31 июл 2015 16:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба наздики якташ ба дехаамон омада муллоро раисро гам дода (аз кормандони хукумат) гуфта аст пагох сахар омада бо микрафон наузубилллох (Худоро нест) мегуи гуфта фармон медихад раис дар чавобаш мегуяд, ман ин суханро намегуям аз вазифаат безорам ин суханрохатто фикри гуфтанро хам намекунам мулло бошад ором, ва бо ариза аз вазифааш даст кашид
Посух додан
  • Точик

  • 2 август 2015 00:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Безорем аз сару либоси араби сусмору малаххур! Сарвари давлат дуруст мегуяд, вале шумо, ки аа афъюни араб сархушед ростии суханхои уро дарк карда наметавонед! Шохи сауди сохиби ба ном "Хонаи Худо" худи хозир бо 1000 нафар хизматгораш дар лаби бахри Миеназамини Фаронса кайфу сафо дорад. Шумо чокарони у аз арабу аз динаш чонибдори мекунед. Дини араб як афсонаи беасос аст.... аз инчил аз тавраот дуздида шудааст, ки онхо низ афсонаи яхуд мебошанд.... Озодагон озод бош... гуногунфикриро риоя намо...
Посух додан
  • сатор

  • 3 август 2015 22:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сафсата
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!